Сергей Лавров: Кишварҳо аз Амрико ноумед шудаанд
Ахбори минтақа
Сергей Лавров-вазири хориҷаи Русия бо таъкид бар ин ки Маскав аз қавоиди таҳмилии Амрико пайравӣ намекунад, ҳушдор дод, ки Ғарб қасд дорад ҷабҳаи дувум ва сеюмро алайҳи Русия боз кунад.
Лавров дар ҷараёни боздид аз пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон гуфт: Ғарб ҳамеша ба дунболи роҳҳои бештар ба манзури эҷоди музоҳимат барои Русия ва боз кардани ҷабҳаи дувум ва сеюм алайҳи мост.
Вай афзуд, илова бар Қафқози ҷанубӣ, Осиёи Марказӣ ҷабҳаи эҳтимолии дигар алайҳи Русия аст.
Вазири хориҷаи Русия таъкид кард: Мо аз барномаҳои Ғарб огоҳ ҳастем, аммо тардиде нест, ки ин тарҳҳо ба воқеият нахоҳанд пайваст.
вай дар идома гуфт: Ғарб қасд дорад Украинаву Русияро аз ҳам ҷудо кунад, аммо ин тарҳ маҳкум ба шикаст аст.
Вазири хориҷаи Русия хотирнишон кард, ки Аврупо тасмим гирифтааст дар масири ҷанг бо Русия қадам бигузорад ва ба аҳдофи худ бирасад.
Лавров бо ишора ба ҳимояти таслиҳотии Ғарб аз Украина гуфт: Онҳо бо ҷиддият барои ирсоли ҷангандаҳои Ф – 16 ба Украина ва барои ташдиди ҷанг омода мешаванд.
Лавров дар бахши дигаре аз суханони худ бо баёни ин ки Русия мусаммам аст ҳаргиз аз қавоиди таҳмилии Вашингтон пайравӣ накунад» – изофа кард: Муддатҳост, ки Амрико пайваста дар ҳоли аз даст додани нақши худ аст ва кишварҳои бештаре аз Амрико дар ҳоли ноумед шудан ҳастанд.
Сомонаи Қаламонлайн