Ҳамла ба Масҷидулақсо
Ахбори байналмилал
Parstoday: Масҷидулақсо ба унвони намоди аслии ҳувияти исломӣ – фаластинии шаҳри Байтулмуқаддас, ҳамвора ҳадафи иқдомоти вайронгаронаи Исроил қарор доштааст.
Ба гузориши пойгоҳи хабарии Ал-Аҳд, шумори зиёде аз шаҳракнишинони саҳюнист бори дигар ва дар иқдоми таҳрикомезу мутаҷовизона, рӯзи панҷшанбе бо ҳимояти неруҳои амниятӣ ва артишии режими саҳюнистии Исроил, ба Масҷидулақсо юриш бурданд.
Дар ин гузориш омадааст саҳюнистҳои ишғолгар дар ин иқдоми худ одобу русуми динӣ ва мазҳабии мавсум ба “одоби талмудӣ” анҷом доданд, то мунҷар ба таҳрику барафрухта шудани хашми мардуми Фаластин гардид.
Шаҳракнишинони саҳюнист ҳар аз гоҳе ба саркардагӣ ва таҳрики мақомоти тундрави режими Тел-Авив ба масҷиди Ал-Ақсо юриш мебаранд ва талош доранд, ки вазъияти ин макони муқаддасро тағйир диҳанд
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн