Атеист кист?
Гоҳе, лозим аст атеизм (илҳод) барои афроде, ки фикр мекунанд “атеист” ҳастанд, вале ба лавозими он пойбанд нестанд табйин гардад, то бидонанд қаламрави он кадом аст.
Атеизм яъне як мактаб ва як ҷаҳонбинӣ, ки воқеият ва “ҳастӣ” дар назари вай, маҳдуд ба модда аст ва чизе ба номи моварои модда вуҷуд надорад ва моварои модда пеши вай хобу хаёле беш нест. Аз ин рӯ, як атеист, ҳар гуна мактаберо, ки мӯътақид ба моварои модда бошад мункир аст; хоҳ он мактаб як дин бошад (мисли ислом, масеҳият, яҳудият, зартуштӣ ва ғайра…) ва хоҳ як ҷаҳонбинии ғайридинӣ бошад (мисли ойини Будо, ки бо ин ки ба Худое мӯътақид нест, аммо ақида ба моварои модда дорад ва барои дунёи моддӣ як руҳ қоил аст).
Ва ба сухани дигар, атеист яъне касе мисли Моркс ва пайравони воқеиии мактаби вай, ки ҳамаи динҳоро дар як дег меандозанд ва мегӯянд: “Дин афюни тӯда аст!” Барои як атеист, ҳамаи адён – ба ин ҷиҳат, ки дар эътиқод ба моварои модда муштарак ҳастанд – мусовӣ ва баробар аст, ӯ ҳамаи онҳоро “афюн” мешуморад. На ин ки барои зери суол бурдани як дини хосс, ба дини дигаре паноҳ оварад ва ба он овезон шавад. Зеро дин, ҳамаи динҳо, дар назари вай дорои ҳукми воҳид ҳастанд.
Ва ба таъбири Қуръони Карим, атеист яъне касе, ки мӯътақид аст:
وَقَالُوا مَا هِيَ إِلَّا حَيَاتُنَا الدُّنْيَا نَمُوتُ وَنَحْيَا وَمَا يُهْلِكُنَا إِلَّا الدَّهْرُ
“Ва гуфтанд: ғайр аз зиндагонии дунёи мо, чизи дигаре нест; мемирем ва зинда мешавем ва моро ҷуз даҳр (табиат) ҳалок намекунад…” (Сураи Ҷосия, ояти 24)
Аммо афроде, ки аз як тараф иддаои атеист будан карда ва аз тарафи дигар, барои зери суол бурдани як дини хосс (масалан ислом), ба ойинҳои дигар мисли ойини Зартушт ва ё Будо ва ё ҳар дине дигар паноҳ меоваранд ва аҳёнан аз худ адои зартуштӣ будан дармеоваранд (аммо дар воқеъ барои ойини Зартушт кучактарин эътиқоде надоранд), инҳо атеист нестанд, инҳо ҳар чи бошанд, вале атеист нестанд. Зеро атеисти воқеӣ ҳаргиз ва абадан на ба як дине хосс мӯътақид аст ва на мардумро ба дине даъват мекунад.
Ва ба ҳамин далел аст, ки вақте як атеист баҳс меорояд, ӯ як баҳси мабноӣ матраҳ мекунад, на як баҳси ҳошияӣ. Яъне, ӯ мабно ва асоси ҳамаи адёнро, ки вуҷуди офаридгор аст пеш мекашад ва вуҷуди Худоро ба чолиш мекашад, на ин ки масалан бигӯяд: фалон ҷойи ислом айб дорад, ё фалон ояти қуръонӣ бо воқеият намесозад, ё фалон сура ва қиссаи қуръонӣ баргирифта аз китобҳои адёни дигар аст ва ғайра аз ин қабил мабоҳиси ҳошияӣ.
Бинобар ин, ин гуна афрод дар воқеъ исломситез ҳастанд, на атеист. Яъне, мушкили онҳо бо ислом аст, на чизе дигар. Вагарна, агар ту атеист будӣ, чӣ тафовуте байни ойини ислом ва масеҳият ва ё байни ойини ислом ва зартуштӣ – ба лиҳози эътиқод ба моварои модда ва табиат – бароят дошт? Ҳар ду мӯътақид ба моварои модда ҳастанд, ва қоъидатан ту бояд бо ҳар ду мушкил дошта бошӣ.