“Илми динӣ, ҷаҳони ҳастиро беҳтар тавзеҳ медиҳад” – II

“Илми динӣ, ҷаҳони ҳастиро беҳтар тавзеҳ медиҳад”

Бахши дуввум

Гуфтугӯи бисёр ҷаззоб ва хондании сойти Асри Эрон бо дуктур Маҳдии Гулшанӣ; як физикдони ҷаҳонӣ

Ишора:

Дуктур Маҳдии Гулшанӣ, физикдони барҷаста ва устоди Донишгоҳи санъатии Шариф аст ва дар сатҳи ҷаҳон ба унвони назарияпардози илми физик шинохта мешавад.

Оқои Гулшанӣ дар ин гуфтугӯ, дар бораи маънои “илми динӣ” ва имкони таҳаққуқи он ва низ самароташ тавзеҳ медиҳад.

Ҳарфи ман ин буд, ки илм ба сирфи “додаҳо” пешрафт намекунад; мо дар илм бо “таъмим” сару кор дорем. Таъмим мӯҷиб мешавад мо озмоишҳои ҷадиде бикунем ва уфуқҳои тозае пеши рӯямон гушуда шавад. Пас таъмим муфид аст, вале дар мақоми таъмим аст, ки мо бояд мавзеъи динӣ ё зидди динӣ ё лоадригароёна иттихоз кунем.

– Мавориде, ки донишманд ночор аст додаҳои илмиро тафсири мӯъминона ё мулҳидона кунад, зиёданд ё кам?

– Теъдодашон кам аст. Масалан, шумо бо лазер доред кор мекунед ва ҳеч вақт ҳам ба ин марҳила намерасед. Пас мушкил куҷост? Мушкил шурӯъи олам аст. Ин ноҳия барои башар аҳаммият дорад ва башар ба таври табиӣ мехоҳад аз он сар дарбиёварад ҳатто агар машғули кор бо лазер дар озмоишгоҳ бошад.

Кор бо лазер, динӣ ва ғайри динӣ надорад. Донишманд чизҳоеро ба ҳам васл мекунад, то нур тавлид кунад. Ин кор машмули сифоти динӣ ва ғайри динӣ намешавад. Аммо ҳамин донишманде, ки бо лазер кор мекунад, дар мақоми як инсон, мехоҳад ҷавоби ин суолро бидонад, ки олам чӣ гуна шурӯъ шуд. Башар наметавонад суолоте аз ин дастро нодида бигирад.

– Дар воқеъ шумо мефрмоед масъалаи динӣ ё ғайри динӣ будани илм, беш аз ҳадд бузург шудааст, чаро ки донишмандон ба таври куллӣ даргири додаҳое ҳастанд, ки рабти чандоне ба куфру дин надоранд.

– Масъалаи кӯчаке нест, чун ки башар билфитра мехоҳад бидонад ҳастӣ, яъне як каҳкашон ё як харгӯш, аз куҷо шакл гирифтааст.

– Бале, вале ин алоқаи фитрии башар чӣ рабти мустақиме ба илми зистшиносӣ ё пизишкӣ дорад?

– Ба пизишкӣ рабте надорад, вале ба зистшиносӣ рабт дорад. Оқои Дарвин меояд озмоишҳое рӯи ҷонварон анҷом медиҳад ва мегӯяд, ин насли фалон ҳайвон аз насли қаблӣ омада ва чунину чунон шуда, ки насли феълии харгӯшҳо дар вазъияти имрӯзини худ қарор доранд. Аммо Дарвин ба ҳамин ҳадд иктифо намекунад, ки. Ӯ мегӯяд, тамоми ин ҳаводис ба сурати шонсӣ иттифоқ афтодааст. Яъне шонс бар олам ҳоким аст, на иродаи Худо. Пазириши ин муддао бисёр душвор аст.

Донишмандон дар озмоишҳои худашон, ки таваққуф намекунанд. Аксарияти қариб ба иттифоқи зистшиносон, баъд аз озмоишҳояшон натиҷагирӣ мекунанд, ки олам худзост. Ин рӯйкард маҳсули худи теории такомул нест. Теории такомул финафсиҳи (ба худии худ) ишколе надорад. Ин ки шумо бигӯед ин насл аз он насл омадааст, эроде надорад. Мушкил ин аст, ки зистшиносон ҷаҳиш мекунанд.

Ин эроде аст, ки бархе аз физикдононе, ки чандон ҳам диндор нестанд, ба зистшиносон ворид мекунанд. Яъне аз ҳавзаи зистшиносӣ таклифи оламро муайян мекунанд. Ричард Докинз, ки ин тавр илҳодӣ китоб менависад, дар посух ба ин суол, ки муҳимтарин суоли илмиаш чист, мегӯяд: намедонам шуъур чист.

Идома дорад…

Қаламонлайн

Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

“Илми динӣ, ҷаҳони ҳастиро беҳтар тавзеҳ медиҳад” – III
Таҳдиди Чин

Матолиби пурбоздид