Инсон ва озодихоҳӣ
Бахши панҷум
Моддигароёне ҳастанд, ки ҳозиранд дар роҳи озодӣ ҷон бибозанд, чаро?
Қабл аз баёни дидгоҳи ҳукамои исломӣ дар бораи ахлоқ ва “боядҳо ва набоядҳо”, лозим аст ба ду ишкол посух бидиҳам.
Яке аз он ду ишкол ин аст: дар ҷаҳон андак набуданд ва нестанд моддигароёне, ки озодӣ барояшон муҳим аст ва метавон гуфт, ки барои озодӣ қадосат қоиланд ва ҳозиранд дар роҳи ба даст овардани он кушта шаванд. Магар Че Гевара як материалист набуд? Бале, буд. Оё мо дар ҷаҳони муосир касеро озодихоҳтар ва фидоитар аз ӯ дар ин роҳ пайдо мекунем? Пас, бо таваҷҷӯҳ ба ин, оё ин иддао, ки баъид аст як материалист ва моддигаро озодихоҳ бошад, иддаое холӣ нест? Оё вуҷуди амсоли Че Гевара ва монанди ӯ дар тӯли таърих ва ҳатто дар имрӯз, ин иддаоро аз эътибор намеандозад?
Посух ин аст: ин воқеият на фақат иддаои моро аз эътибор соқит намекунад, балки баръакс муаййид яъне таъйидкунандаи он аст. Чаро? Ҳоло арз хоҳам кард.
Тавзеҳ ин ки: асли иддао – ки фалосифае чун Иммануил Кант низ бар ин боваранд – ин буд: озодихоҳӣ, ки аз ҷумлаи “боядҳо” аст (яъне “бояд озодихоҳ” буд), реша дар фитрати одамӣ дорад, яъне ин фитрат ва виҷдон ва замири инсон аст, ки ба ӯ фармон медиҳад, ки чунин бошад. Инсон чунон офарида шуда. Ин падидаи фитрӣ ҳаргиз ва абадан аз инсон ҷудошуданӣ нест, агарчӣ шояд касоне аз инсонҳо ёфт шаванд, ки мункири он дар замири инсон гарданд ва барои ӯ фитрате қоил нашаванд.
فِطْرَتَ اللَّهِ الَّتِي فَطَرَ النَّاسَ عَلَيْهَا لَا تَبْدِيلَ لِخَلْقِ اللَّهِ ذَلِكَ الدِّينُ الْقَيِّمُ وَلَكِنَّ أَكْثَرَ النَّاسِ لَا يَعْلَمُونَ
“Ин фитрате аст, ки Худованд инсонҳоро бар он офарида. Дигаргунӣ ва тағйир дар офариниши Худо нест. Ин аст ойини муҳкам ва устувор, вале аксари мардум намедонанд.” (Рум/30)
Бале, моддигароён аз ҷумла файласуфе мисли Бертран Рассел (чунон ки дар қисмати пешин бо назари ӯ ошно шудем) ва ё фалосифаи материализми диалектик, барои “боядҳои” виҷдонӣ решаи фитрӣ қоил нестанд ва ҳарфи амсоли Кантро пуч мешуморанд. Агар аз Рассел бипурсед, ки чаро мани инсон озодихоҳ бошам, қатъан хоҳад гуфт, ки дар озодихоҳӣ (ва ҳамчунин соири “боядҳои” ахлоқӣ) фоида ва манфиати шахсии ту нуҳуфтааст, агар ту тааммул кунӣ, хоҳӣ дид, ки фоида ва суди ту дар ин аст, ки озодихоҳ бошӣ ва дар ин роҳ кӯшиш кунӣ, дар ғайри ин сурат, зиён хоҳӣ кард. Ӯ чунин хоҳад гуфт.
Хуб, то инҷо – бар фарз – бо Рассел мувофиқ шавем, вале чӣ гуна ин воқеиятро тавҷеҳ хоҳад кард, ки инсон ба дараҷае озодихоҳ ва озодидӯст аст, ки ҳозир аст дар роҳи расидан ба он кушта шавад ва ҳол он, ки дар кушта шудан дар роҳи озодӣ, бино ба тафсири худи онҳо на танҳо ҳеч фоида ва манфиате ба шахси инсон оид намешавад, ки ин кор ба зарару зиёни ӯст?
Як материалист, ки мӯътақид аст, инсон бо мурдан ҳечу пуч мешавад, оё дар кушта шудан манфиат ва суди шахсӣ мебинад? Албатта, нагӯед, ин манфиат ва судро барои ояндагон мехоҳад? Яъне ақлаш (ва тезҳушиаш ба қавли Рассел) ба ӯ мегӯяд, ки кушта шудани ӯ ба манфиати ояндагон аст. Ҷавобаш равшан аст, зеро манфиати ояндагон манфиати ояндагон аст, на манфиати шахсии ӯ.
Ба ҳамин хотир гуфтем, ки як материалист ва моддигарои воқеӣ, агар содиқ бошад ба ҳеч ваҷҳ ин корро яъне кушта шуданро раво намедонад, чаро ки дар ин кор зиёну зарари ӯст, на фоидаи ӯ.
Сухани амсоли Рассел дар воқеъ инкори озодхоҳӣ ба унвони арзиш аст, чун озодихоҳиро дар суд ва манфиат пиёда карда. Пас, аввалин эроде, ки ба оқои Рассел ворид аст ин аст, ки ахлоқе, ки ӯ пешниҳод мекунад, фоқиди арзиш ва қадосат аст ва чизе мофавқи манфиат нест, балки худи манфиат аст. В тоза, ин бар хилофи шиорҳое аст, ки худи Рассел дода буд. Яке аз касоне, ки шиорҳояшон бар зидди фалсафаашон мебошад, оқои Бертран Рассел аст. Ӯ худашро дар дунё ба инсондӯстӣ ва инсонхоҳӣ маъруф карда буд ва ҳол он ки аслан фалсафааш бар зидди он аст; фалсафааш фалсафаи манфиатхоҳӣ аст. Пас тамоми арзишҳои сулҳдӯстии Рассел ба шахси худаш бармегардад.
Аммо ин ки дида мешавад, касе мисли Че Гевара, бо ин ки худро материалист медонад, вале ба қадре озодӣ барояш боарзиш аст, ки ҳозир аст дар роҳи он худро ба куштан бидиҳад, ба ин далел аст, ки озодихоҳӣ (ва ҳамчунин соири “боядҳо ва набоядҳои” ахлоқӣ) реша дар фитрат ва виҷдони ӯ дорад, виҷдонаш ба ӯ дастур медиҳад, ки ту барои озодӣ арҷ неҳ ҳатто агар бо куштан бошад. Ин афрод, бо ин ки “боядҳои” виҷдониро ба лиҳози назарӣ ба гунае тафсир мекунанд, ки бо воқеият намехонад, вале дар воқеъ ва дар амал, фармонбардор ва мутеъи дастуроти виҷдонӣ аз ҷумла дастури виҷдон ва фитрати худ мабнӣ бар озодихоҳ будан ҳастанд; гӯӣ ин ки худашон мутаваҷҷеҳ нестанд, ки ин корашон созгор бо фалсафаи онҳо нест. Ва ба сухани дигар, онҳо амалан мисли динбоварон ва ё Иммануил Кант (ки дуруст мегуфт) ҳастанд, вале ба лиҳози назарӣ ва теурӣ ва дар забон чизе дигар мегӯянд.
Дар поён, як бори дигар ояти зерро мегузорам, то бо диққат ва тааммул ба он нигоҳ кунед:
فَأَقِمْ وَجْهَكَ لِلدِّينِ حَنِيفًا فِطْرَتَ اللَّهِ الَّتِي فَطَرَ النَّاسَ عَلَيْهَا لَا تَبْدِيلَ لِخَلْقِ اللَّهِ ذَلِكَ الدِّينُ الْقَيِّمُ وَلَكِنَّ أَكْثَرَ النَّاسِ لَا يَعْلَمُونَ
“Рӯи худро мутаваҷҷеҳи ойини холиси парвардигор кун; ин фитрате аст, ки Худованд инсонҳоро бар он офарида. Дигаргунӣ ва тағйир дар офариниши Худо нест. Ин аст ойини муҳкам ва устувор, вале аксари мардум намедонанд.” (Рум/30)
Идома дорад…
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Қаламонлайн