Дабири кулли СММ: “Оташ задани Қуръони Карим дар Суэд (Шветсия)-ро маҳкум мекунам!”

Дабири кулли СММ: “Оташ задани Қуръони Карим дар Суэд (Шветсия)-ро маҳкум мекунам”
Дабири кулли СММ дар посух ба номаи Оятуллоҳ Систонӣ: “Оташ задани Қуръони Карим дар Суэд (Шветсия)-ро маҳкум мекунам”
Ахбори ҷаҳони ислом
Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, тайи тамоси телефонӣ бо Фуод Ҳусайн, муовини нахуствазир ва вазири умури хориҷаи Ироқ дар бораи оташ задани нусхае аз Қуръони Карим дар Суэд гуфтугӯ кард.
Ба гузориши сайти Shafaqna, Гутерриш тайи ин тамоси телефонӣ бо Фуод Ҳусайн дар бораи иҳонати як фарди ироқии муқими Суэд гуфтугӯ кард ва вазири умури хориҷаи Ироқ дар ин бора изҳор дошт: “Ин иқдомот мӯҷиби буруз ва густариши мушкилоти мутааддид миёни кишварҳои ҷаҳони ислом ва Урупо мешавад, ин иқдомот ҳамчунин ба навбаи худ боиси тағзияи падидаи исломҳаросӣ, афкори ифротӣ ва террористӣ ва коштани базри ҳиқду кина ва хушунат дар умуми кишварҳои ҷаҳон мешавад.”
Раиси дастгоҳи дипломосии Ироқ ҳамчунин бар лузуми ҳамкории байналмилалӣ барои мубориза бо ин андешаҳо таъкид кард; андешаҳое, ки мунҷар ба тавҳин ба муқаддасот, намодҳо ва оташ задани кутуби осмонӣ аз ҷумла Қуръони Карим мешавад.
Аз сӯйи дигар, дабири кулли Созмони Милал бо баёни ин ки ин рухдод ва вокунишҳои Ироқ ва ҷаҳони исломро пайгирӣ кардам, изҳор дошт: “Ин иқдом муҳинро маҳкум ва тақбеҳ мекунем.”
Гутерриш бо таъкид бар лузуми ҳамкорӣ барои муқобила бо падидаи исломҳаросӣ, тасреҳ кард: “Паёми ҳазрати Оятуллоҳи узмо Систониро дарёфт кардам ва аз талошҳои эшон камоли ташаккурро дорам ва ба зудӣ номае дар ҷавоби эшон хоҳам навишт.”
Дар поён, Фуод Ҳусайн аз дабири кулли Созмони Милал бобати эҳтимоми шоён ба паёми Оятуллоҳи узмо Систонӣ ташаккур кард ва изҳор дошт: “Ҳама бояд барои таҳаққуқи амният, сулҳ ва ҳамзистии мусоламатомез ва мубориза бо андешаҳои ифротӣ талош ва ҳамкорӣ кунанд.”
Лозим ба зикр аст, ки рӯзи гузашта Оятуллоҳ Систонӣ номае ба Гутерриш дабири кулли Созмони Милал дар бораи ҳаттокӣ ба Қуръон дар Суэд (Шветсия) ирсол карда буд, ки ба ин шарҳ аст:
Бисмиллоҳир Раҳонир Раҳим
Ҷаноби оқои Антонио Гутерриш, дабири кулли мӯҳтарами Созмони Милали Муттаҳид!
Бо салом ва эҳтиром!
Расонаҳо гузориш доданд, ки фарде дар Суэд бо ҳадафи иҳонат ба дини ҳанифи ислом, ба нусхае аз Қуръони Карим таъарруз карда ва яке аз авроқи онро сӯзондааст.
Назири чунин рафтори нописанде дар солҳои ахир борҳо дар кишварҳои мухталиф рух додааст, аммо мавзӯъи қобили таваҷҷӯҳ ин аст, ки ин бор бо иҷозаи расмии полиси Суэд ва таҳти баҳонаи озодии баён рух додааст.
Дар сурате, ки мусалламан эҳтиром ба озодии баён ба ҳеч ваҷҳ судури иҷозаи чунин рафтори шармовареро, ки намуди таъаррузи ошкор ба муқаддасоти беш аз ду миллиард мусалмон дар ҷаҳон аст ва ба эҷоди фазое мусоид барои тарвиҷи афкори ифротӣ ва иқдомоти иштибоҳ мунҷар мешавад, тавҷеҳ намекунад.
Марҷаъияти олии динӣ зимни маҳкум кардани ин иқдом, аз Созмони Милал мехоҳад иқдомоти муассире ба манзури ҷилавгирӣ аз такрори амсоли чунин ҳаводисе иттихоз кунад ва кишварҳоро ба бознигарӣ дар қавонине водор кунад, ки иҷозаи вуқӯъи чунин иқдомотеро медиҳад.
Марҷаъияти олии динӣ ҳамчунин ба тасбити арзишҳои ҳамзистии мусолиматомез байни пайравони адёни мухталиф ва рӯйкардҳои фикрии мубтанӣ бар риояти ҳуқуқ ва эҳтироми мутақобил байни ҳама даъват менамояд.
Наҷафи Ашраф
Оятуллоҳ Систонӣ
29/06/2023
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Тарки гуноҳ ва афзоиши рӯзӣ
Ислом ва рушди ҷисмӣ

Матолиби пурбоздид