Сарзамини Бадахшон – ҳамсояи Чин

Таҳлили хабарӣ

Сарзамини Бадахшон – ҳамсояи Чин

Таҳлил

… Агар ихтилол ва ҷудоӣ дар байни мо – тоҷикистониён сурат гирад, ин эҳтимол ҳаст, ки кишвари Чин ба ҳар баҳонае вориди амал шавад ва хоки Бадахшон ё ҳатто Тоҷикистонро аз худ кунад…

Кишвари Чин яке аз кишварҳои абарқудрати ҷаҳон аст, ки аз лиҳози иқтисодӣ ва сиёсӣ дар рутбаи болое қарор дорад. Дар чанд даҳсолаи ахир, Чин дар паи сиёсати манфиатталабонае монанди дигар давлатҳову кишварҳои бузург аст, ки батавонад императории худро роҳ биандозад ва ба сурати хеле эҳтиёткорона хоҳони баргардондани даврони бошукӯҳи гузаштаи худ аст.

Ба гуфтаи коршиносон харитае, ки имрӯза дар китобҳои дарсии мактабҳои чинӣ қарор дорад, бо хатти сурх марзҳои имрӯзии Чин ва бо хатти бунафш марзи ормонӣ ё даврони бошукӯҳи гузаштаи онҳо нишон дода шудааст.

Ҳамон тавре ки дар он харита мушоҳида мешавад, хоки Бадахшони Тоҷикистон, Қирғизистон, Муғулистон ва қисматҳое аз Русияро Чин барои нуфуз ва тасоҳуби худ ба сурати хеле эҳтиёткорона пайгирӣ мекунад.

Ба илова, тибқи бархе аз гузоришот, харитаҳое аз кишвари Чин мунташир шудааст, ки гӯё Қирғизистон ва Тоҷикистон ҷузъе аз кишвари Чин ба ҳисоб оварда шуда ва гӯё кишваре ба номи Тоҷикистон дар харита (нақша) нест.

Шояд то кунун Чин бо ҳеч як аз кишварҳои мадди назар, бахусус Тоҷикистон бар сари ин марзҳо ё дигар равобит ба мушкил барнахӯрда ва робитаи баде бо ин минтақаҳо надоштааст, аммо ҳамин харита дар китобҳои дарсӣ ва дигар нақшаву харитаҳои ғайрирасмие, ки аз Чин ба ҷаҳон нишон дода шудааст, худаш як нидои нохушояндро медиҳад. Ин масъала башиддат хоки Бадахшони Тоҷикистонро таҳдид мекунад. Дар чанд сол пеш, мавриди тикка-тикка соҳиб шудани хоки Бадахшонро аз тарафи Чин шоҳид будем, ки Тоҷикистон дар соли 2011 ба хотири қарзҳои калон ва баҳонаҳои торихии марзӣ, қисмате аз хоки Бадахшонро дар ихтиёри Чин гузошт ва на танҳо гузошт, ки балки давлати Тоҷикистон аз ин кори иштибоҳи худ дифоъ низ ба амал овард ва онро “пирӯзии дипломатияи тоҷик” унвон кард.

Пас аз ин рухдод ва далелҳои мухталифе ҳамчун тафовути мазҳабӣ, забонӣ бо дигар нуқоти Тоҷикистон, дар ҳамин чанд соли ахир, бархе мардуми Бадахшон ба хотири адами дастрасиҳо ва расидагии ғайриқобили қабул, норизоятиҳо ва нигоҳи нодуруст ба минтақа аз тарафи давлати марказии Тоҷикистон, тарзи тафаккури ҷудоиталабӣ ва ҷудогароии худ нисбат ба тоҷикҳо ва Тоҷикистонро гирифтаанд ва худро тоҷик намедонанд. Ҳамин мавзӯъ сабаб шудааст, ки мардуми Бадахшон ба фикри ҳукумат ё системаи идораии давлатии худ бишаванд.

Онҳо пайваста кӯшиш доранд, ки худро ҷудо бишморанд ва аз ҳукумати марказӣ дастур нагиранд, аммо ғофил аз ин ки ин корҳо, на танҳо ба нафъи Бадахшон, балки бар зарари ин минтақа ва бар зарари кулли Тоҷикистон хоҳад буд.

Агар ихтилол ва ҷудоӣ дар Тоҷикистон сурат гирад, ин эҳтимол ҳаст, ки кишвари Чин ба ҳар баҳонае вориди амал шавад ва хоки Бадахшон ё ҳатто Тоҷикистонро аз худ кунад.

Ба ҳар ҳол, мардуми Бадахшони Помир бояд ҳушёр бошанд, ки ин ҷудоиҳо ва парокандагиҳо оқибати хубе барои мо мардуми Тоҷикистон нахоҳад дошт ва ҳамин ҷудоӣ ва тафриқаҳо монеи пешрафт ва якдастии мо мешавад.

Аз далоили заъфи мардуми Тоҷикистон набуди иттиҳоду ҳамбастагӣ ва вуҷуди тафриқа аст, дар ҳоле ки мо ҳама аз як реша ва як нажод ҳастем ва бояд дар талош бошем ба хотири бозиҳои сиёсии дигарон аз ҳам ҷудо нашавем ва бозичаи манофеи душманон ва бегонагони манфиатҷӯ нашавем, то битавонем сарнавишти хуберо барои халқи худ рақам бизанем.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Мовароуннаҳр – II
Ақлгароӣ ё тақлид?

Матолиби пурбоздид