Муносибатҳои дуҷонибаи Осиёи  Миёна ва Жопун; фурсатҳо ва таҳдидҳо

Таҳлили хабарӣ

Муносибатҳои дуҷонибаи Осиёи  Миёна ва Жопун; фурсатҳо ва таҳдидҳо

Таҳлил

…Таҳаррукоти Жопун нишон медиҳад, ин кишвар ба сӯи тақвияти мавқеияти низомӣ-амниятии худ  ва рақобат дар минтақаи Осиёи Миёна дар чорчӯби бузургтар, дар қолаби системаи байналмилал ва низоми байналмилал қарор дорад ва Токио бар он аст, то дар рақобат ва касби манофеи бештар дар Осиёи Миёна бозанда набошад…

Жопун яке аз қудратҳои аслии иқтисодии ҷаҳон ва севвумин иқтисоди бузурги ҷаҳон аз назари тавлиди дохилӣ аст.

Аз он ҷо ки масоили иқтисодӣ дар шаклгирии роҳбурдҳои равобити хориҷии ин кишвар нақши муҳимме доштаанд, ин кишвар дар тӯли даҳаҳои гузашта нақши муҳимме дар арсаи сармоягузории хориҷӣ, бахусус дар кишварҳои дар ҳоли тавсиа, анҷом додааст, бо ин ҳол, дар сиёсати минтақаии Жопун, ҳам манофеи шахсӣ (асосан иқтисодӣ) ва ҳам пайравӣ аз сенориюҳои муштараки таҳмилшуда тавассути Вашингтон бо ҳам таркиб шудаанд.

Бо фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ, кишварҳои ҷадид дар Осиёи Миёна зуҳур карданд ва арсаҳои ҷадиде барои ширкатҳои хориҷӣ эҷод шуд. Тағйир дар сохтори низоми байналмилал ва низ вижагиҳои сиёсӣ-иқтисодии ин кишварҳо сабаб шуд, ки давлатмардони жопунӣ дар солҳои ахир дар сиёсатгузории хориҷии худ, бознигарӣ карда ва мабнои ҷидиде барои таъмини манофеи худ ва ҳатто шариконашон дар ин минтақа эҷод кунанд.

Бо таваҷҷуҳ ба он ки Жопун як қудрати иқтисодӣ аст, дар марҳалаи аввал, ба назар мерасад, талоши Токио барои афзоиши нуфуз дар кишварҳои Осиёи Миёна танҳо дар ҷиҳати касби манофеи иқтисодӣ хоҳад буд, аммо он чӣ мусаллам аст, дар тӯли даҳаҳои ахир, Токио ором-ором таваҷҷуҳи бештаре ба минтақа нишон додааст ва бо такя ба абзорҳое талош кардааст, то нуфузи худро дар минтақа боло бибарад.

Таҳаррукоти Жопун нишон медиҳад, ин кишвар ба сӯи тақвияти мавқеияти низомӣ-амниятии худ  ва рақобат дар минтақаи Осиёи Миёна дар чорчӯби бузургтар, дар қолаби системаи байналмилал ва низоми байналмилал қарор дорад ва Токио бар он аст, то дар рақобат ва касби манофеи бештар дар Осиёи Миёна бозанда набошад.

Дар буъди дигари ҳузури берунии Жопун дар Осиёи Миёна ва бастарсозӣ барои густариши равобити ҳамаҷониба бо кишварҳои ин минтақа, дар ҷиҳати манофеи Амрико арзёбӣ мегардад. Чанде пеш, як расонаи амрикоӣ дар матлабе ба рӯйкарди муносибе, ки давлати ин кишвар бояд барои баҳрагирӣ аз тақвияти қудрати низомии Жопун ба нафъи аҳдофи худ, метавонад дар пеш гирад, пардохт. Нашрияи амрикоии “Нешнол интрест” дар ибтидои матлаби худ бо ишора ба ин ки давлати Жопун дар авохири соли гузаштаи мелодӣ эълом кард, ки роҳбурди дифоии фаъолтареро нисбат ба гузашта пайгирӣ хоҳад кард, онро рухдоде донист, ки сароғози асри ҷадиде аз иттиҳоди миёни Амрико ва Жопун шудааст.

Аз нигоҳи Пентагон сармоягузориҳои Чин дар ҳавзаи низомӣ, тавоноии низомии Чин ва қобилиятҳои ин кишварро аз Осиё фаротар мебарад. Бинобар ин, дар нигоҳ ба Ховари Дур, муҳосираи ҳарчӣ бештари Чин ва эътилофсозӣ мадди назар аст ва Жопун бо қудрати иқтисодии бузург, гузинаи хубе барои маҳори Чин аст.

Дар воқеъ, Жопун монанди бисёре аз кишварҳои ғарбии дигар, пайрави сиёсатҳои Амрикост ва дар стротежии Амрико, дар нигоҳ ба Ховари Дур барои маҳори Чин мебошад. Бинобар ин тақвияти нисбии ҳузури Жопун дар шимоли ғарби Чин метавонад ба нафъи Амрико бошад.

Дар ҳамин хусус, чанде пеш, дар “Глобал таймз”, Чин дар ҳошияи нишасти сарони ниҳодҳои диплумотики Осиёи Миёна ва Жопун бо интишори матлабе муддаӣ шуд, Токио қасд дорад, ба Осиёи Миёна таслиҳот арза кунад. Лю Ҷёнг Ҷонг – муовини Муассисаи равобити байналмилалии муосир дар донишгоҳи Тесниг Ҳуо, дар мусоҳибае бо ин расона, яке аз далоили ҳаракати Жопун ба самти Осиёи Миёна, ҷое, ки мушорикати он дар гузашта нисбатан заиф будааст, бо қасди Токио барои табдил кардани ин минтақа ба харидори таслиҳоти содиоротии худ, муртабит донист.

Ҳамчунин қарор аст, илова бар арзаи таслиҳот, Жопун ба таомул бо аркони низомии кишварҳои Осиёи Миёна аз тариқи омӯзиши кадрҳои низомӣ мутамаркиз шавад.

Глобал таймз хотирнишон кард, нишаст бо кишварҳои Осиёи Миёна нишондиҳандаи ниёзи Жопун ба афзоиши нуфуз ва бахусус ҳузури низомии худ дар манотиқи уқёнуси Ором ва Уқёнуси Ҳинд ва фаротар аз он, дар талош барои маҳор кардани Чин ва Русия аст. Ин расонаи чинӣ бо таъкид навишт, ки ахиран Жопун се санад, аз ҷумла стротежии амнияти миллӣ, дастуруламали барномаи дифоъ ва барномаи миёнмуддати дифоиро тасвиб кард, ки дар он аз Чин ба унвони монеи роҳбурдӣ ном бурда шудааст.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳамалоти Исроил ба Ҷинин
Оё ҷанге миёни Эрон ва Исроил рух хоҳад дод?

Матолиби пурбоздид