Эҳсоси танҳоӣ

Адаб

Эҳсоси танҳоӣ

Зафари Суфӣ

Ё ба дарду ранҷи мазлум ҳеч касро кор нест,
Ё матои раҳму шафқат андар ин бозор нест.
Мекунам эҳсоси танҳоӣ ба ҳар як анҷуман,
Гар касе ғамдорро он ҷо касе ғамхор нест.
Сахткӯшам, меситонам ризқи худ аз чанги шер,
Дасту по хуншор бошад, дидаам хунбор нест.
Миннати касро кашидан нанг дар оини мо,
Чоплус дар чашми мо ҷуз нокасу беор нест.
Баски аз банди тааллуқҳо яке ворастаам,
Дар дилам ҷое барои ҳасрату озор нест.
Он, ки манро аз ҳама ранҷида меномад, яқин
Ё бувад девона ё аз ҷаҳли худ ҳушёр нест.
Ман дар ин ҷо солҳо гулбонги огоҳӣ задам,
Хоби ғафлат бениҳоят, ҷамъият бедор нест.
Нози ман аз порсиву ҷойгоҳу вусъаташ,
Фахри инҳо ҷуз ҳамин мероси истеъмор нест.
Он яке мегуфт, ки эрониҳо бегонаанд,
Баски дар гӯйиши онҳо куртаву эзор нест.
Ҷуръати Ҳаллоҷ бояд, ки равӣ то зери дор,
Варна аз мастӣ «Аналҳақ» гуфтанат душвор нест.
Ихтиёрӣ нест ғурбат, бештар иҷборӣ аст,
Ҳеч фарди оқиле аз мулки худ безор нест.
Зиндагӣ зебост гар рӯҳу танат дар банд не,
Рағбате дар қалби як муҳтоҷ бар гулзор нест.
Сарзамин обод хоҳад буду мардум бениёз
Гар раисаш дузду ноинсофу бадкирдор нест.
Зафари Суфӣ
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Баҳои биҳишт дар баёни Паёмбари Акрам(с)
Оё дар давраи дуввуми Мирзиёев таҳаввул дар сиёсатҳои дохиливу хориҷии ин кишвар идома хоҳад дошт?

Матолиби пурбоздид