Роҳати ҷони дили ранҷур шав…

Адаб
Роҳати ҷони дили ранҷур шав…
Адабиёт
Қитъае зебо аз Зуфархон Ҷавҳарӣ
То тавонӣ роҳати ҷони дили ранҷур шав,
Захмҳои синаҳоро марҳами кофур шав.
Бар сияҳрўзони ғам сомони хуршеде намой,
Шоми ҳиҷрони асиронро чароғи нур шав.
Бенавоёнро навобахшӣ кун аз лутфу карам,
Дастгири оҷизон бошу асои кўр шав.
Дар руфўи чоки дилҳо камтар аз сўзан мабош,
Бахяандўзи катони ошиқи маҳҷур шав.
Бошадат то чун насими субҳ осори нафас
Дар кушоди ғунчаи дилҳои номасрур шав
Саъйи худро Ҷавҳарӣ масруфи кори халқ дор
Аз футувват дил ба даст ору зи ҳақ маъҷур шав!
[Зуфархон Ҷавҳарӣ]
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Сайидҳасан Насруллоҳ кишварҳои арабӣ ва исломиро ба қатъи равобити дипломатик бо Шветсия фаро хонд
Ҷумлае аз Анри Корбен дар бораи Қуръон

Матолиби пурбоздид