Даҳ нуктаи ангезишӣ аз Бройон Трейси

Даҳ нуктаи ангезишӣ аз Бройон Трейси

Ҷумлаҳои ангезишӣ

  1. Боарзиштарин дороии мо, тавоноии касби даромад аст, на он пуле, ки ба даст меоварем. Тавоноӣ аз даст намеравад, аммо пулу сарват мумкин аст, борҳо аз даст биравад.
  2. Муваффақият монанди нардбон аст ва маҳоратҳои мо – пояҳои онро месозад, агар пояҳо комил набошад, мо наметавоем аз нардбон боло биравем.
  3. Потенсиали инсон он қадар зиёд аст, ки метавон сад зиндагии ҳамзамон дошта бошад. Мо метавонем ҳар чизеро биомӯзем ва дар ҳар коре мутахассис шавем.
  4. Омӯзиш калиди муваффақият аст, вале чун сахт ва вақтгир аст ва бештарин инсонҳо танбаланд, касе барои ёдгирӣ аҳамият қоил нест.
  5. Имрӯза на танҳо бояд ҳушмандона кор кард, балки бояд ҳушмандона ва сахт кор кард то ба сарват ва муваффақият ноил шуд.
  6. Аҳамияти калимот дар зинагӣ бисёр муҳим аст. Калимоти хуб, тафаккуроти беҳтареро эҷод мекунанд.
  7. Афроди муваффақ бар роҳи ҳалҳо тамаркуз мекунанд, аммо афроди мутавассит ба фарде, ки мушкилро эҷод кардааст, фикр мекунанд.
  8. Кайфияти (чигунагии) зиндагӣ ва ҳадафи аслии мо, бастагӣ ба эҳсосамон аз худ (каромати нафс) дорад.
  9. Ҳадаф доштан бо ҳадаф гузоштан мутафовит аст. Навиштани аҳдоф аз аҳамияти фавқулодае бархурдор аст. Афроде, ки аҳдофи мактуб (ҳадафҳои навишташуда) доранд, даҳ баробари дигарон муваффақтаранд.
  10. Барандагон касоне ҳастанд, ки дар дарозмуддат фикр мекунанд, афроди мутавассит кутоҳмуддат ва сатҳӣ меандешанд.

Бройон Трейси

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Парҳез аз бадгумонӣ
Foxnews: “Русия аз Эрон чигунагии давр задани таҳримҳоро ёд мегирад”

Матолиби пурбоздид