Подоши хушҳол кардани фарзанди духтар

Подоши хушҳол кардани фарзанди духтар

Имом Ғаззолӣ дар китоби “Эҳё” ҳадиси зеринро аз Анас (р) ривоят мекунад:
قال أنس رضي الله عنه: قال رسول الله صلّى الله عليه وسلم: من حمل طرفة من السوق إلى عياله فكأنما حمل إليهم صدقة حتى يضعها فيهم وليبدأ بالإناث دون الذكور فإنه من فرح أنثى فكأنما بكى من خشية الله ومن بكى من خشية الله حرم الله بدنه على النار
Паёмбари Худо (с) фармояд:
“Ҳар ки чизе аз бозор бихарад ва ба хона биёварад, гӯӣ садақае ба онҳо оварда ва назди онҳо гузошта (яъне коре, ки мекунад, аҷру подоши он мисли аҷру подоши садақа додан аст.) Пас (ҳар гоҳ чунин кард), аввал ба духтарону бонувон бидиҳад, на писарону мардони хона; зеро ҳар ки духтарро хушҳол кунад ва ба дилаш суруру шодмонӣ дохил намояд, (чунон аҷру савоб дорад, ки) гӯё аз тарси Худо гиря кардааст. Ва ҳар ки аз тарси Худо гиря кунад, Худованд бадани ӯро бар оташи дӯзах ҳаром хоҳад гардонад”.
(Эҳёу улум-ид-дин, 2/53)
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ту ин озодиро дорӣ…
Фосила гирифтани Молдова аз Русия

Матолиби пурбоздид