Ҳушдори Эрон ба Омрико: “Баҳри Сурх минтақаи мост” 

Ҳушдори Эрон ба Омрико: “Баҳри Сурх минтақаи мост” 
“Касе наметавонад дар он размоиши низомӣ анҷом диҳад”
Ахбори байналмилал

Fararu

Вазири дифоъ ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Ҷ И Эрон, ба талоши Омрико барои эҷоди нерӯи дарёии байналмилалӣ дар баҳри Сурх вокуниш нишон дод ва гуфт: “Қатъан касе наметавонад дар минтақае, ки тасаллут дорем, размоиш баргузор кунад.”
Ба гузориши Фарорӯ, Амир Муҳаммадризо Оштиёнӣ, дар вокуниш ба талоши Омрико барои эҷоди як нерӯи дарёии байналмилалӣ дар баҳри Сурх бо ҳузури 40 кишвар, изҳор кард: “Минтақа дигар фазои инро надорад, ки касе дар он беш аз ин тараддуд кунад. Инҳо (омрикоиҳо) ҳам қатъан чунин кореро намекунанд ва агар бихоҳанд чунин беақлӣ анҷом диҳанд, бо мушкилоти фавқулъодае мувоҷеҳ хоҳанд шуд.”
Вай ҳамчунин гуфт: “Ҳамаи кишварҳо дар ин минтақа ҳузур доранд, вале ин минтақа, минтақаи мост ва мо рӯйи он минтақае, ки тасаллут дорем, қатъан касе наметавонд размоиш баргузор кунад.”
Гуфтанист, як мақоми Вазорати дифоъи Омрико (Пентогун) ахиран фош кард, ки Омрико дар талош аст, то як нерӯи байналмилалӣ бо ҳузури 40 кишвар барои ҳифозат аз киштиронӣ дар баҳри Сурх ташкил диҳад. Ин мақоми омрикоӣ ба Sky News эълом кардааст, ки нерӯе, ки қарор аст ташкил шавад, минтақае ба вусъати се миллион мойл аз обҳои байналмилалиро зери назар хоҳад гирифт. Ин нерӯ шомили кишварҳои узви Фармондеҳии марказии Омрико (CENTCOM) мешавад.

Fararu

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Сойти артиши Исроил ҳак шуд
Haaretz: “Артиши Исроил 13 исроилиро кушт”

Матолиби пурбоздид