Истилои сарзамини мо ва паёмадҳои он
Сайфуллоҳ Муллоҷон (доктори улуми торих)
Бахши дуввум
Истило ё иттиҳоди ихтиёрӣ? Империяи Русия чӣ гуна ба Осиёи Миёна омад ва пайомади он чӣ буд?
Паёмадҳои ишғоли сарзамини мо
Муҳимтарин паёмади ин истило он буд, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ истиқлоли худро аз даст доданд, ки болотар аз ин мусибате нест. Осиёи Миёна аз ҳаққи барқарории равобити мустақилонаи хориҷӣ бо кишварҳои мусулмону ғайримусулмон маҳрум гардид.
Паёмади дигар он буд, ки хоҷагони нав, яъне русҳо дар тариқи идораи мулкҳои тасарруфшуда, ҳар гуна ки салоҳ медиданд, ҳамон тавр амал мекарданд. Аз ҷумла, барои он ки иттиҳоди қазоқҳо ба вуҷуд наояд, онҳоро ба ду минтақаи Сибир ва Оренбург вобаста карда, тақсимоти анъанавии қавмиро барҳам заданд. Қавмҳое, ки ҳаётӣ кӯчӣ асоси ҳастии онҳоро ташкил медод, мувофиқи қонуни соли 1824 наметавонистанд аз ҳудуди муайяншуда ва бидуни иҷозати маъмурони рус ба кори худ идома диҳанд. Хонии Хӯқанд нахуст истило шуда, сипас бар асари як кӯшиши номуваффақи раҳоӣ бераҳмона кӯбида шуд ва соли 1876 куллан барҳам хӯрд.
Тарзи идораи Осиёи Миёна нисбат ба худи Русия фарқ мекард ва низоми дохилии ин кишвар на ба вазорати дохилӣ, балки ба вазорати ҳарбӣ тобеъ буд. Ба таври дигар, ҳамеша як режими фавқулодда ҷорӣ буд. Дертар агентии сиёсии Рус дар Бухоро таъсис ёфт, ки ҳар панҷ сол статуси он тағйир ёфта, дахолаташ дар умури хориҷиву дохилии аморат бештар мешуд. Дертар дар дохили аморати Бухоро политсияи русӣ ташкил шуд. Агар дар ибтидо харҷи он муштарак бошад, тадриҷан тамоми хароҷоти онро Бухоро мепардохт. Як муҳаққиқи тоҷик дар пажӯҳиши худ менависад, ки “Бо таъсиси раёсати политсия худсарӣ ва дахолати мутлақияти подшоҳиро ба ҳаёти мардуми Бухоро ҳадду канор набуд.”
Яке аз паёмадҳои дигари истилои сарзамини мо он буд, ки мисли истилоҳои қаблӣ, аз ҷумла истилои юнону арабу муғул муҳоҷиршавии русҳо ба Осиёи Миёна оғоз гардид. Аз таърих медонем, ки юнониҳову арабҳову муғулҳо дар шаҳрҳои мо ҷой гирифта, беҳтарин заминҳоу сарчашмаи обро барои худ маҳфуз медоштанд. Ин ҳолатро пас аз истилои рус низ мушоҳида мекунем. Дар долонҳои ҳукумати Русия аз ҷониби баъзе аз мақомоти давлатии ин кишвар (ба монанди Александр Кривошеин) садоҳое шунида мешуданд, ки мо бояд Осиёи Миёнаро дар давоми 50 сол як сарзамини комилан руснишин гардонему тадриҷан онро ҳазм кунем ва бо муҳоҷирати саросарӣ русҳо аксарият дар минтақаи Осиёи Миёна гарданд. Бо ин ҳадаф корвони муҳоҷирони рус аз гӯшаву канори Русия ба Осиёи Миёна сарозер шуд. Дар Бухоро, Бухорои Нав, Патта Ҳисор, Тирмиз, Сарой (Панҷи имрӯза), Форёб нахуст гарнизонҳо ва сипас маҳаллаҳои русшнишин пайдо шудан гирифт, ки ба дунболи он комендантҳои низомӣ барои ҳимояи ин мардум таъсис ёфт. Бо зиёд шудани шаҳрвандони рус, пайдо шудани деҳаҳою маҳаллаҳои руснишин, муносибатҳои тиҷоратӣ, хидматгузорӣ, баҳсу даъвоҳои гуногун байни сокинони маҳаллӣ ва муҳоҷирони рус як ҳодисаи муқаррарӣ гардид.
Дар вақтҳои охир, – мегӯяд устод Айнӣ, – дар таҳти дарвозаи Бухоро, дар майдони вокзал идораи политсияи рус кушода шуда буд, ки дар дохили Бухоро ба ҳар коре мухтор ва қодир буд. Маъмурони ҳукумати Бухоро ва фуқарои Бухоро ба ҷуз итоат ба фармонҳои ин идора, чораи дигаре надоштанд. Хусусан, баъди он ки ба сардории ин идора, Вилман ном шахс таъйин шуд, амният аз шаҳр тамоман барҳам хӯрд. Ӯ ба баҳонаи ҷустуҷӯи яроқ ба ҳар хонае зада даромада, ҳар киро, ки хоҳад, беобрӯ карда метавонист. Як тӯда одамон авбош ва беномусро барои хуфягӣ (воқеанависӣ) ба атрофи худ ҷамъ карда буд, ки онҳо шабу рӯз маст буда, кушоду ошкор ҳар фасодеро карда, аз ҳар касе хоҳанд, ришва гирифта, ба духтару писарони дилхоҳашон таарруз мекарданд”. Баъдҳо чунин идораҳои политсия дар дигар шаҳрҳои аморат низ кушода шуданд.
Мардуме, ки аз бедоду ситами маъмурони рус ба дод омада, дар замин гӯши шунавое барои додхоҳӣ намеёфт, даст бар осмон бардошта, раҳоиро аз парвардигор тақозо мекард. Тазоҳуроти мардуми бекигарии Шеробод дар соли 1916 хусусият ва ҷанбаи зиддирусӣ дошт. Ин тазоҳурот, асосан дар заминаи фаъолияти ширкати “Айваҷ”, ки ба соҳибкорони рус Глушков ва Конев тааллуқ доштанд, сар зада буд, зеро онҳо ғайриқонунӣ заминҳои аҳолии маҳаллиро соҳиб шуданд. Баъзан вақт дахолату тааддӣ чунон зиёд мешуд, ки худи маъмурони рус вориди амал шуда, заминҳои мардумро аз дасти русҳо кашида гирифта ба соҳибонаш бармегардонданд, то он ки мавҷи зидди русӣ кишварро фаро нагирад. Дар ибтидои соли 1917 худи генерал-губернатори Туркистон А.Н. Куропаткин бо ҳамроҳии роҳбари Агентии сиёсӣ А.Я. Миллер ба Айваҷ омада, қазияро ба фоидаи мардуми маҳаллӣ ҳаллу фасл карданд.
Дар дохили кишвар нерӯҳои политсионӣ, гумоштаҳои сиёсии пинҳонӣ аз болои руҳия ва афкори мардум назорати қатъӣ мебурданд. Тафаккури дигарандешӣ ва ислоҳотхоҳӣ дар Осиёи Миёна пас аз истилои русҳо зери таъсири афкори инқилобиёни рус падид омаду реша давонд, аммо маъмурони давлати рус алайҳи тамоми ҳаракатҳои ислоҳотхоҳӣ муборизаи беамон мебурданд. Аз осори Айнӣ ва дигар равшанфикрони ин давра чунин бармеояд, ки ҳукуматдорони рус ҷонибдори маъмурони иртиҷоӣ ва рӯҳониёни мутаасиб будаанд. Нуктаи дигар ин буд, ки ҳар куҷо тухми фитнаву низоъҳои дохилӣ сабз мешуд, ҳукуматдрони рус ин фурсатро ғанимат мешумурданду онро парвариш медоданд. Низои суннӣ ва шиаи Бухоро дар соли 1910 шоҳиди чунин дахолату фитнапарварии маъмурони рус дар минтақа аст, ки дар китоби “Таърихи инқилоби фикрии Бухоро”-и Айнӣ дарҷ шудааст.
Идома дорад…
Қаламонлайн