Ё Раб, ту чунон кун, ки парешон нашавам…

Адаб

Ё Раб, ту чунон кун, ки парешон нашавам

Рубоиёти Абусаъиди Абулхайр

Ё Раб, ту чунон кун, ки парешон нашавам

Муҳтоҷи бародарону хешон нашавам

Бе миннати халқ маро рӯзӣ деҳ

То аз дари ту бар дари эшон нашавам.

Абусаъиди Абулхайр

***

Ё Раб, макун аз лутф парешон моро

Ҳарчанд ки ҳаст ҷурму исён моро

Зоти ту ғанӣ будаву мо муҳтоҷем

Муҳтоҷ ба ғайри худ магардон моро.

Абусаъиди Абулхайр

***

Ё Раб, зи карам даре ба рӯям бикушо

Роҳе, ки дар ӯ наҷот бошад, бинмо

Мустағниям аз ҳар ду ҷаҳон кун ба карам

Ҷуз ёди ту, чӣ ҳаст, бар аз дил моро.

***

Ё Раб, ба Муҳаммаду Алию Заҳро

Ё Раб, ба Ҳусейну Ҳасану Оли Або

К-аз лутф барор ҳоҷатам дар ду саро

Бе миннати халқ, ё Алиюл-Аъло

Абусаъиди Абулхайр

Қаламонлайн

Tags: , ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Путин: Ҳамаи масъулони давлатӣ бояд мошинҳои дохилӣ савор шаванд
Русия: Долларзудоӣ аз иқтисоди ҷаҳон дар ҳоли анҷом аст

Матолиби пурбоздид