Путин: Ҳамаи масъулони давлатӣ бояд мошинҳои дохилӣ савор шаванд
Ахбори байналмилал
Владимир Путин дар ҷаласае, ки бо раҳбарони саноати дохилӣ баргузор шуд, таъкид намудааст, ки ҳамаи масъулони давлатӣ бояд мошинҳои дохилӣ савор шаванд.
Раиси ҷумҳури Русия гуфт: Ман гуфтам, ки масъалаи хариди худравҳои хориҷӣ, бояд комилан канор гузошта шавад ва ҳамаи мақомоти ин кишвар бояд худравҳои дохилӣ савор шаванд.
Ширкатҳои худравсозии хориҷӣ дар солҳои гузашта ба фаъолияти худашон дар Русия поён додаанд.
Худравсозоне мисли Фулекс Воген, Мерседес Бенз ва Нисон баъд аз шурӯи ҳамлаи Русия ба Украина фаъолияташон дар Русияро муаллақ карданд.
Путин таъкид намудааст, ки ҳамаи масъулони мо хориқулодаанд, аммо бояд бидонанд, ки бояд талош кунем, ки брандҳои дохилӣ ва дигар маҳсулоти дохилӣ густариш пайдо кунанд.
Лада дар ҳоли ҳозир маъруфтарин ширкати мошинсозии Русия ба шумор меравад, аммо Путин маъмулан бо мошинҳои ширкати русияии Аурус (Aurus) рафтуомад мекунад.
Қаламонлайн