Судури визои электорникии Арабистони Саъудӣ барои шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Миёна

Судури визои электорникии Арабистони Саъудӣ барои шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Миёна

Ахбори минтақа

Арабистони Саъудӣ омодагии инро дорад, ки барои шавҳрандони кишварҳои Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон визои электроник содир кунад.

Бар асоси гузориши бахши иттилоотии Вазорати хориҷаи Арабистон, ин кишвар дар назар дорад, барои шаҳрвандони Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, Гурҷистон, Молдова, Албания ва Африқои Ҷанубӣ ин хадамотро дар ихтиёр гузорад.

Шаҳрвандони ин кишварҳо метавонанд визои электрониро ё дар кишвари худ ва ё пас аз вуруд ба яке аз фурудгоҳҳои Саъудӣ дарёфт кунанд.

Вазири гардишгарӣ ва туризми Арабистони Саъудӣ, Аҳмад Алхатиб таъкид намудааст, бо густариши дастрасӣ ба визои электронӣ ба ҳашт кишвари ҷадид, Арабистон бо боз кардани дарҳои худ ба рӯи ҷаҳон ва ироаи таҷрибаи сафари осон ва содатар барои ҳамаи боздидкунандагон ба ин кишвар, қадами дигаре ба пеш бархоҳад дошт.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Решадор шудани баҳси парвандаи ҷиноятии писари раиси ҷумҳур Бойден
Узбекистон ба кишваре муносиб барои гардишгарӣ ва туризми хориҷӣ табдил шудааст

Матолиби пурбоздид