Паёми муҳимми Қолибоф ба муносибати 30-умин рӯзи ҷанг: “Мардони мо мунтазири вуруди заминии сарбозони омрикоӣ ҳастанд”

Паёми муҳимми Қолибоф ба муносибати 30-умин рӯзи ҷанг: “Мардони мо мунтазири вуруди заминии сарбозони омрикоӣ ҳастанд”

 “Ба шумо итминон медиҳам, ки ба лутфи илоҳӣ ҷуз бо пирӯзӣ аз ин ҷанг хориҷ намешавем, ки нишонаҳои ин фатҳ дар ҳоли ошкор шудан аст”

Ахбори байналмилал

Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон дар паёме гуфт:

“Дар аён, паёми музокира ва гуфтугӯ мефиристад ва дар пинҳон барои ҳамлаи заминӣ нақша мекашад, ғофил аз ин ки мардони мо мунтазири вуруди заминии сарбозони омрикоӣ ҳастанд, то оташ ба ҷони онҳо биандозанд.”

Ба гузориши хабаргузории Форс, Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон, дар паёме ба мардуми Эрон ба муносибати 30-умин рӯзи дифои миллии эрониён гуфт:

“Дар ин 30 шаб, Эрон будед ва бо фарёди “На созиш, на таслим, набард бо Оморико!” – ба мушакҳо қудрат додед. Миллати Эрон дар “Шабҳои иттиҳоди муқаддас” бо раҳбари азизамон ҳазрати Оятуллоҳ Сайидмуҷтабо Хоманаии азиз байъат кард.

Дар ин 30 шаб канори ҳам истодед. Бо ҳам будед. Эрон будед. Ифтихор будед. Дар ин 30 шаб канори ҳам дар азои раҳбари шаҳидамон гиристед, муқобили душмани малъун фарёди “Ҳайҳот минназ-зилла!” – садо додед. Бо фарёди “На созиш, на таслим, набард бо Омрико!” – ба мушакҳо қудрат додед ва чи басо худ монанди мушак бар пайкари хасм фуруд омадед.

Дар шабҳи қадр аз Худованд талаби раҳмат ва ғуфрон ва наср кардед ва бо таслим шудан муқобили қудрати лоязоли илоҳӣ, тавони сар хам накардан муқобили қудратҳои моддӣ пайдо кардед.

Дар ин шабҳои муқаддас, ки ба ёди раҳбари шаҳидамон метавон номи “Шабҳои иттиҳоди муқаддас” бар он ниҳод, бо раҳбари азизамон Оятуллоҳ Сайидмуҷтабо Хоманаӣ байъат кардед ва чи байъати пуршӯр ва бо убуҳҳате! Андӯҳи бузургатон аз ғами шаҳодати Оқоро табдил ба хашм алайҳи душман ва лаббайк ба ноиби Имоми Замон (а) кардед.

Барои сардорони бузург, фармондеҳони рашид ва мазлумони Миноб ва муҷоҳидони гумноме, ки дасти бартар ба Эрон доданд, гиристед. Пуштвонаи размандагони ҷон бар кафи худ дар тамоми ҷабҳаҳо шудед.

Миллати бузурги Эрон!

Шумо ҷону руҳи Эрон будед он ҳангом, ки “Эй Эрон!”-и Маҳмуд Каримиро хондед. Он замон, ки “Бизан, ки хуб мезанӣ!”-и Маҳдии Расулиро фарёд задед. Бо навои ҳамосии “Аллоҳу Акбар”-и Ҳусайни Тоҳирӣ ҳамроҳ шудед ва садои иқтидори Эрон дар Рӯзи Қудс будед ва бо “Ҳасбияллоҳ”-и Мӯҳсини Човушӣ қудрати таваккули худро баён кардед.

Шумо ба ростӣ миллати Имом Ҳусайн (а) ҳастед, ки ғами якдигарро мехӯред, дар ёрӣ ба якдигар андаке таъаллул намекунед, камии худро бо дигарӣ шарик мешавед ва аз ҳеч караме дареғ намекунед. Он раҳбари ошуроиро чунин миллати Имом Ҳусайнӣ равост!

Душман гумон кард, ки ҷомеа пас аз ҷанг тикка-тикка хоҳад шуд ва муқобили ҳам хоҳад истод, аммо миллати бузурги Эрон як пайкар бо 90 миллион ҷон буд ва бар хилофи ангораи душман, муттаҳидтар аз ҳамеша канори ҳам монд. Ин ваъдаи бо шукӯҳ ва амиқ буд, ки лукнатҳо дар дифоъ аз Эрон бардошта шуд ва тавтиаи душман ба худаш бозгашт.

Имрӯз ҳунарманд ва варзишкор ва разманда ва коргар ва муаллим ҳама яксадо Эронро садо мезананд ва руҳи ҷамъии худро ба рухи душмани ҷинояткор мекашонанд. Мардуми бузурги Эрон бо салоиқи мухталиф ба хубӣ якдигарро пайдо карданд ва дифоъи миллиро шакл доданд. Ба ин миллати бузург таъзим мекунам.

Акнун ҷанги Рамазон дар ҳассостарини лаҳазот аст. Душмане, ки иддао мекард, нерӯи ҳавоӣ ва дарёӣ ва мушакии моро нобуд кардааст, тарҳи фурӯпошии Ҷумҳурии Исломиро дошт, ҳоло ҳадафи худро боз шудани тангаи Ҳурмуз қарор додааст. Боз кардани тангае, ки қабл аз ҷанги Рамазон боз буд, табдил ба орзуи амалиётии Тромп шудааст.

Тромп дар ҳамроҳии кишварҳои урупоӣ нотавон аст. Бозори энержӣ аз контрол хориҷ шудааст ва таварруми маводди ғизоӣ наздик аст. Мазоҳири убуҳҳати омрикоӣ аз F-35 то нови ҳайопаймобар ва пойгоҳҳои минтақаии Омрико латмаҳои бузург дидааст. Исобатҳо ба режим, муассир ва дақиқ ва бунёнафкан будааст.

Ҳизбуллоҳи Лубнон, ки мудом ба халъи силоҳ таҳдид мешуд, имрӯз бахше муҳим ва муассире аз Муқовимат аст ва режими манҳусро гирифтор кардааст. Муқовимати Ироқ диловарона меҷангад ва душманро шигифтзада кардааст. Ансоруллоҳи Яман бо вурудаш нафаси тозае ба Ҷабҳаи Муқовимат дода ва омодааст, то шигифтонаҳои диданиро рақам бизанад.

Ин иззат ва бузургии Ҷабҳаи Муқовимат муқобили мустакбирони олам аст. Тромп дар ҷаҳон ба роҳ андохтани ҷанги беҳадаф муттаҳам шуда ва посухе барои афкори умумиаш надорад. Шарри оғози ҷанг ба оғозкунандааш бозгаштааст.

Душман дар аён, паёми музокира ва гуфтугӯ мефиристад ва дар пинҳон, барои ҳамлаи заминӣ нақша мекашад, ғофил аз он ки мардони мо мунтазири вуруди заминии сарбозони омрикоӣ ҳастанд, то оташ ба ҷони онҳо биандозанд ва шарикони минтақаиашонро барои абад танбеҳ кунанд. Шилликҳои мо идома дорад. Мушакҳои мо барқароранд. Азму имони мо фузунӣ гирифта. Бар заъфҳои душман огоҳем ва ба вузуҳ осори руъбу ваҳшатро дар лашкари душман мушоҳида мекунем.

Ин рӯзҳо дар бораи музокира, ҳарфҳо ва суханҳои мутафовите аз мақомоти душман шунида мешавад. Омрико ба баёни орзуҳояш мепардозад ва он чиро дар ҷанг ба даст пайдо накардааст, ба унвони феҳристи 15-моддаӣ эълон мекунад ва дари диплумосӣ меҷӯяд.

То замоне, ки омрикоиҳо ба дунболи таслими Эрон бошанд, посухи фарзандони шумо ба ин орзуҳои омрикоӣ мушаххас аст: Ҳайҳот минназ-зилла!

Мо дар як ҷанги ҷаҳонии бузург қарор дорем ва бояд то расидан ба қулла худро барои масири пурпечу хам ва сахте, ки пеши рӯ дорем, муҳайё кунем, вале бо пуштибонӣ ва ҳимояти ҳамаи шумо, зайли ҳидоятҳои валийи амрамон ва зери сояи иноятҳои мустақими ҳазрати Валийи Аср, яқин дорем, ки метавонем Омрикоро танбеҳ ва пушмаймон кунем, ки дигар ҳаваси ҳамла ба Эрон накунад ва ҳуқуқи ҳаққаи худамонро бо иқтидор ба даст оварем.

Лаҳзае дар иродаи сарбозон ва ходимони худ тардид накунед, ки аз кӯҳ устувортар, аз оташ сӯзонандатар ва аз соъиқа тарсноктар барои душман ҳастанд. Мисдоқи фармоши Амири мӯъмининон: дандонҳоро баҳам мефишоранд, ҷумҷумҳояшонро ба Худо месупоранд, пой муҳкам бар замин доранд ва ҳатто агар кӯҳҳо аз ҷой канда шаванд, собит ва устуворанд.

Ба шумо итминон медиҳам, ки ба лутфи илоҳӣ ҷуз бо пирӯзӣ аз ин ҷанг хориҷ намешавем, ки нишонаҳои ин фатҳ дар ҳоли ошкор шудан аст. Ҷангеро, ки ошуроӣ оғоз кардем, ҷуз бо фатҳ бо поён намебарем ва иҷоза намедиҳем бидуни тасбити иқтидори Эрон, душманон аз ҷанг хориҷ шаванд. Ин ҷангро табдил ба ибрате бузуруг барои ҳар мутаҷовизе хоҳем кард, ба фазли Худованди Мутаъол.

Дар поён аз Шумо бузургворон мехоҳам, ки хиёбонро раҳо накунед. Мушак, хиёбон ва танга, гулӯи душманро фишурдааст ҳамон гуна, ки сарбозони шумо мушак ва тангаи Ҳурмузро раҳо намекунанд, Шумо ҳам тангаи хиёбонро раҳо накунед. Ваҳдат ва инсоҷомро ҳифз кунед. Ба ваъдаи илоҳӣ мутмаин бошед ва фарзандони худ дар ҷабҳаҳои мухталифи набардро фаромӯш накунед ва барои саломатии онҳо дуо кунед.

Ҳама тобеъи валийи фақеҳи ҳушёр ва огоҳ ва муттақӣ ҳазрати Оятуллоҳ Сайидмуҷтабо Хоманаии азиз бошем. Ҳар шаб дар миъодгоҳи худ Аллоҳу Акбар бигӯед. Шукронаи ин муқовимати ҷононаро баҷо оваред ва барои сарбозон ва размандагони худ дуо кунед. Худованд ҳофизи Эрони Исломӣ бошад.

وَ أُخْرَى‏ تُحِبُّونَهَا نَصْرٌ مِّنَ اللَّهِ وَفَتْحٌ قَرِيبٌ وَبَشِّرِ الْمُؤْمِنِينَ

farsnews.ir

Қаламонлайн 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Мухолифати Амрико ба қатъномаи тиҷорати барда
Нобудии комили ҳавопаймои амрикоӣ

Матолиби пурбоздид