Зуфархон Ҷавҳарӣ
Ба қалами Акрамхон Зиёдуллоҳ
Шоири тавоно, донишманди фозилу комил, Зуфархон Ҷавҳарӣ аз шуарои маъруфи сарзамини тоҷик буда ва ба қавли устоди сухан, профессор Сайфуллоев ҳалқаи пайванди адабиёти қабл аз инқилоб ва муосири тоҷикро такмил намудааст.
Зуфархон Ҷавҳарӣ дар соли 1860 мелодӣ дар гузари Намозгоҳи шаҳри Истаравшан, дар хонаводае ба дунё омадааст, ки насл андар насл шоиру адиб будаанд. Ӯ пас аз ҳафтсолагӣ дар мактабхона таҳсил намуда то даҳсолагиаш рӯшансаводӣ ҳосил намудааст. Сипас ба дарсхонӣ шурӯъ намуд, дар тӯли ҳашт сол улуми забон ва ҳикматро дар ҳузури падари худ омӯхтааст. Баъд аз фавти падар, сафари Бухоро пеш мегирад ва дар мадрасаҳои ин шаҳри қадима таҳсили илм мекунад. То синни 25-солагӣ забони арабӣ, туркӣ, фунуни мантиқ ва фалсафа, адабиёт ва дигар улумро омӯхтааст. Баъд аз хатми мадраса ба зодгоҳи худ муроҷиат намуда то охири умр (16-феврали 1945) дар ҳамон ҷо зиндагӣ мекунад.
Падари Ҷавҳарӣ Сайидмаҳмудхони Назмӣ (1826-1890) низ аз шоирони шинохта ва соҳибдевони замони худ буда, дар ҳудуди кунунии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон машҳур буд.
Осори Зуфархон Ҷавҳарӣ бештар аз ғазалиёт, қасоид ва мухаммасот иборат буда ва дар маҳофили аҳли адаби Истаравшану Хуҷанд, Самарқанду Бухоро ва Ҳӯқанд сазовори таҳсину офарини бузургони он даврон будааст.
Устод Садриддин Айнӣ дар мавриди осори Зуфархон Ҷавҳарӣ менависад: “Аз шеърҳои Ҷавҳарӣ сарсарӣ гузаштан дуруст нест, мумо илайҳ шеърро бағоят устодона менигорад. Зотан Ҷавҳарӣ ба тарзи қадим аз устодони адаби ин давра аст…” (Садриддин Айнӣ, Намунаи адабиёти тоҷик, Москва, соли 1926)
Маҳфили шуарои Хуҷандро, ки дар он Тошхоҷа Асирӣ, Қозӣ Мавлавихон, Содирхони Ҳофиз ва Абдуллоҳ Файёз ҳамсӯҳбатони доимӣ буданд, ҳузури Зуфархон Ҷавҳарӣ гармтар мекард. Агар аҳли маҳфил муддате натавонанд ба дидори ҳамдигар бирасанд, бо ҳам мукотиба менамуданд.
Бар асоси руқаоте, ки дар байни мероси адабии шоир ҳастанд, муқаррар шудааст, ки ӯ бо адибони тоҷик ва ӯзбек Боқии Ришдонӣ, Тамҳиди Самарқандӣ, Ҳишмати Бухороӣ, Абдуллохоҷа Таҳсини Бухороӣ, Киромии Истаравшанӣ, Абдулҳафизи Зоминӣ мутахаллис ба Ҳафиз, Мӯҳйии Ҳӯқандӣ, Васлии Истаравшанӣ, Муқимӣ ва дигарон мукотиба доштааст.
Ҳамчунин, шарҳи ҳоли Ҷавҳарӣ ва номаҳои манзуме, ки дар байни осори шоир мавҷуд аст, таъйид менамояд, ки ӯ бо саромади маорифпарварон, шоир ва мутафаккири забардасти тоҷик Аҳмади Дониш, шоири тараққипарвар Тошхоҷа Асирӣ ва дигар бузургони аҳли адаб равобити дӯстӣ ва рафту омад доштаст.
Дар ин бора менависанд: “Байни Тошхоҷа Асирӣ ва Ҷавҳарӣ муоширате чанд воқеъ аст. Он чи шуарои муосири Ҷавҳарӣ, ки ба ҳар кадоми онҳо муошират воқеъ шудааст, бисёр мебошад. Баъзе аз онҳо ба теъдод мераванд ба Аҳмадмахдуми Калла дар Бухоро, ба манзараи Гулобод, чанд мартаба дар манзили худи Аҳмадмахдум низ сӯҳбатҳо намуда, дар Хуҷанд бо Асирии мазкур, ки шоири сухангӯ ва фозил буд, асароти бисёр дорад, аммо девони мудавван аз ӯ намондааст. Дар бештари назму насраш муқаллиди Бедил аст. Таърихи вафоташ аз қалами Ҷавҳарӣ “Баромад аз чароғи анҷуман дуд” таҳрир ёфтааст”.
Эҷодиёти шоир аз синини понздаҳсолагӣ шурӯъ шудааст ва дар эҷодиёти ӯ, таъсири адабии шоирони гузашта, махсусан, Мирзо Абдулқодири Бедил ба вузуҳ рӯшан буда, ба ҳадде ки худи шоир дар шарҳи ҳолаш нақл мекунад:
“Аз айёми хурдсолӣ, яъне понздаҳсолагӣ ба хондану гуфтани ашъор аз ғазалиёти тоҷикӣ ва туркию арабӣ ва маснавиёти мутанаввеа ва рисоланависию тахмисот бар ғазалиёти Бедил, Соиб ва Ҳофизи Шерозӣ…” ва дигарон машғул буда ва сабку равиши гузаштагонро бо камоли диққат омӯхтааст.
Профессор Атахон Сайфуллоев, ки бештарин таҳқиқотро дар осори Ҷавҳарӣ дошта ва хадамоти зиёде дар ин маврид намудааст, мегӯяд: “Махсусан, таъсири Мирзо Абдулқодири Бедил бар эҷодиёти Зуфархон Ҷавҳарӣ қобили таваҷҷӯҳ аст. Аммо ӯ мисли баъзе аз шуаро, Бедилро кӯр-кӯрона пайравӣ нанамудааст. Ҳамон тавре ки Садриддин Айнӣ низ дар “Намунаи адабиёти Тоҷик” (Москва, соли 1956, саҳифаи 254) навиштааст: “Ҷавҳарӣ муқаллиди Бедил аст, аммо дар тақлид он қадр сохтакорӣ ва такаллуф ба кор набурдааст, лизо аз ин тақлид ба фасоҳати табиии забон латмае ворид нашудааст”. Ӯ эҷодиёти Бедилро ҳаматарафа омӯхта, пеш аз ҳама аз мундариҷаи осори ӯ пайравӣ намудааст. Аз ҳаминҷост, ки ҳам дар шакл ва ҳам дар мазмуни осори Ҷавҳарӣ сабки баён ва оҳанги бедилӣ ҳис мешавад”.
Ҳарчанд Зуфархон Ҷавҳарӣ қариб бо тамоми сабкҳои адабӣ асар эҷод намудааст, аммо ғазал дар эҷодиёти ӯ мақоми хоссе дорад.
Зуфархон Ҷавҳарӣ мероси гаронбаҳое аз худ боқӣ гузоштааст, вале то ба имрӯз онҳо ба таври комил ҷамъоварӣ ва чопу нашр нашудааст. Ду асари муҳимми шоир, ки ба зевари чоп ороста гардида ва ба дасти хонандагони тоҷик расидааст, иборатанд аз “Асарҳои мунтахаб”, шомили 104 ғазал, чаҳор рубоӣ, ҳашт мухаммас ва чаҳор достон, ва дигар, “Девони Ҷавҳарӣ” шомили 161 ғазал, 17 рубоӣ, 14 мухаммас, 8 байт, 9 қасида, 27 номаи манзум, 2 марсия, 4 достон ва амсоли инҳо мебошад.
Умед аст дар оянда куллиёти осори ин олим ва шоири тавонои тоҷик ба замимаи зиндагиномаи муфассал, мунташир гардида ва ба дасти дӯстдорони илму адаб ва тамоми форсизабонон дар ҷаҳон расида ва мавриди мутолиаву таҳқиқи бештар қарор бигирад.
* * *
Дар зайл чанд намуна аз ғазалиёти шоирро барои азизон ба унвони намунаи эҷодиёти эшон меоварем.
То тавонӣ роҳати ҷони дили ранҷур шав
Захмҳои синаҳоро марҳами кофур шав
Бар сияҳрӯзон ғами сомони хуршедӣ намой
Шоми ҳиҷрони асиронро чароғи нур шав
Бенавоёнро навобахшӣ кун аз лутфу карам
Дастгири оҷизон бошу асои кӯр шав
Ҷон ба ҷони мустамандони ҳазин пайванд соз
Ҳар ки ӯ дарде надорад аз васоқаш дур шав
Дар руфӯӣ чоки дилҳо камтар аз сӯзан мабош
Бахяандӯзи катони ошиқи маҳҷур шав
Бошадат то чун насими субҳ осори нафас
Дар кушоди ғунчаи дилҳои номасрур шав
Саъйи худро Ҷавҳарӣ масруфи кор халқ дор
Аз футувват дил ба даст ору зи ҳақ маъҷур шав.
* * *
Сари кӯи ту гаштан ёдам омад, нола гардидам
Шарар болид оҳам, маркази ҷаввола гардидам
Шаб аз шавқи тамошои ҷамоли оразат яксар
Пари товус гул кардам, чароғи лола гардидам
Ба даври моҳи рӯят ҷаъди мушкин халқа зад, ман ҳам
Зи дил як доғи ҳасрат бар хаёлаш ҳола гардидам
Чу дар кунҷи адам шавқи ту оташ зад қарорамро
Дамидам аз лаби сӯзи дилу табхола гардидам
Гар аз ман дил гирифтӣ, гоҳ бинвозам бад-он ёде
Ки фориғ аз ғами он ёри чандинсола гардидам
Ғубори нестӣ маҳмилкаши субҳи камолам шуд
Саводи Ҳинд будам, сарҳади Бангола гардидам
Бурудатҳои зоҳид Ҷавҳарӣ бин, к-аз дами сардаш
Гудозе доштам чун шабнами гул, жола гардидам.
* * *
Қадаҳ дар даст омад маст, шӯхи боданӯши ман
Ба истиқболи нозаш рафт аз сар ақлу ҳуши ман
Ба ёди наргиси майгунаш азбас нолаоҳангам
Садо гул мекунад мастона аз сози хурӯши ман
Чунон вомондаам дар зери бори фикри абрӯяш
Ки бошад осмоне ҳамчу моҳи нав ба дӯши ман
Зи бас аз сурма мижгони сиёҳаш дорад истиғно
Садои нолае аз Тӯр меояд ба гӯши ман
Ба ҷуз дар базми май рози дилам равшан намегардад
Биё то қулқули мино кунад шарҳи суруши ман
Зи файзи маънии ҷамъияте дорам, ки вогаштан
Надорад Ҷавҳарӣ, чун ғунча лабҳои хамӯши ман.
* * *
Ҳарфҳои имтиҳонӣ бо мани мафтун мазан
Оташи дилро зи шӯхӣ домани афсун мазан
Наштари ғам бар раги ҷони мани маҳзун мазан
Аҳли дилро чинии хотир бувад аз ҳад латиф
Пеши онон, эй сухангӯ, ҳарфи номавзун мазан
Гар ҳарифи маънии нозук наӣ, хомӯш бош
Яъне санги фаҳми каҷ бар шишаи мазмун мазан
То нагардад аз ҳуҷуми ишқ шаҳри сина танг
Аз ҳавас беҳуда сар бар кӯҳу бар ҳомун мазан
Барканад ишқи маҷоз охир зи беху бун туро
Аз ҳалоки худ чу марҷон панҷа дар ин хун мазан
Шӯҳрат офат дар камин дорад, макун изҳори ҳол
Бо ливои карру фар ту хайма дар берун мазан
Ҷуз мазаллат нақди вақти худ набинӣ оқибат
Ҳалқаи боби тамаъ аз ҳирси нафси дун мазан
Хушк мегардад зи савдо мағзи фитрат дар сарат
Захме аз табъи ҳавоӣ бар раги қонун мазан
Эй гул, аз рашкаш чу дил хун кардаӣ дар ғунчагӣ
Лофи ҳамрангӣ кунун бо он лаби майгун мазан
Чун зи лаълу холи ӯ лабрези кайфият шудам
Ҷавҳарӣ, дигар ба ман дам аз маю афюн мазан.
* * *
Хоназоди ақлу фаҳму чокари ҳушем мо,
Аҳли донишро ғуломи ҳалқабаргӯшем мо.
Гар сухан набвад чароғи маҷлиси ёдоварӣ,
Баъди хомӯшӣ зи хотирҳо фаромӯшем мо.
Баски аз фанни сухан бартар набошад санъате,
З-ин сабаб дар ин ҳунар пайваста мекӯшем мо.
Ҳар куҷо шуд шоҳиди маънии рангин ҷилвагар,
Сарбасар чун сод чашми ҳайратоғӯшем мо.
Андар он маҷлис, ки дар гардиш бувад ҷоми сухан,
Софи маънӣ чун маи гулранг менӯшем мо.
Нашъае дар шоирӣ дорем бе ранҷи хумор,
Дар хуми ин фан ба ранги бода меҷӯшем мо.
Назми аз нозирон хоҳад ҳамин инсофу бас,
В-арна худ кай аз тамаъ занбелбардӯшем мо.
Ранги маънӣ, бӯи мазмун дар сухан гул кардаем,
Андар ин гулшан бад-ин тасвир манқушем мо.
Ҷавҳарӣ, дил бе сурӯше нест дар ин базмгоҳ,
Гарчи худ чун акс дар оина хомӯшем мо.
Қаламонлайн