Инсофу қонун мебояду бас

Таҳлили хабарӣ

Инсофу қонун мебояду бас

Салим Аюбзод

Чанде аз шиносу ношиносон аз ман пурсиданд, назарам ба китоби Абдухалил Холиқзода “Ҳаводиси рӯзгори ман” чист. Гуфтанд, медонем, ки “аз устод Абдуқодири Рустам ҳимоят мекунед, вале оё чизе нагуфтан дар бораи худи китоб ва муаллифаш ба маънои ҳимоят аз амалкарди мақомот аст?”

На ҳамчун рӯзноманигор ё корманди расонае, балки ҳамчун як нависанда ва фарди ҷомеа ҳоло фикри комилан шахсии худро мегӯям, вале пеш аз ҳама мехоҳам таъкид кунам, ки боздошту ҳабси нависандаи бузурги тоҷик Абдуқодири Рустам як иштибоҳи бисёр вазнинест, ки на танҳо омилони онро дар таърих рӯсиёҳ мегардонад, балки ба эътибори миллату давлату кишвар дар сатҳи ҷаҳонӣ зарба мезанад. Устод Абдуқодири Рустам бояд ба зудтарин фурсат озод карда ва аз ӯву аҳли байт ва хонандагонаш барои ин амали хато ва ноҷо бахшиш пурсида шавад. Ба ҳар ҳол ман умедворам, ҳамин тавр мешавад, агар давлатмардони кишвар хоҳанд аз бадномӣ ва беобрӯйӣ парҳез кунанд.

Умри инсон ду рӯз аст ва насазад, ки номи баду сапрастиро ба фарзанду набераву аберагону наслҳои баъдии худ мерос гузорем. Ҳар рӯзу ҳар шаб ё дақиқтараш ҳар соати умри як нависанда барои як миллат ҳадяи бебаҳои Худованд аст, ки метавонад арзишҳои фарҳангию ҳунарии мондагорро барои ин миллат ба армуғон оварад ва Тоҷикистон адибоне чун Абдуқодири Рустам бешумор надорад, ки ба чунин ганҷҳо беэътиноӣ кунад.

Ҳатто агар мақомот бар инанд, ки аз Абдуқодири Рустам хатое гузаштааст, ҳарчанд ман бовар дорам, аслан чунин чизе нашудааст, метавонанд, аз ӯ забонхат гиранд, ки кишварро тарк намекунад ё нисбаташ ҳабси хонагӣ эълон кунанд, чун як марди беозор, орому қонунсолорест ва озод буданаш ба касе ё ҷомеа хатареро пеш намеорад. Агар дар ин кишвар заррае эҳтироми қонун мавҷуд аст, мақомот бояд далел пеш оранд, ки чаро боистӣ ӯро дар кунҷи зиндон нигоҳ дошт? Оё барои “хато”-и эҳтимолие дар китоби зери назараш? “Хато”-е, ки собит нашудааст ва собит ҳам нахоҳад шуд? Ҳабси ӯ ба он монанд аст, ки аввал боздошташ кунем, баъд гуноҳнома пайдо хоҳад шуд. Як намоиши нерӯ ва паём ба ҳамагон аст, ки мо ҳеч чиро муқаддас намешуморем. Ҳеч яке аз хидматҳои Абдуқодири Рустамро дар рушди худшиносии миллӣ, таҳқиқи адабиёт, даъват ба маърифату пешрафт ва ҳамон ваҳдатеро, ки шиор кардаем, ба назар намегирем.

Ҳабси ӯ амалан зидди сиёсатҳои раҳбари Тоҷикистон аст, ки айни ин чизҳоро барои давлат ва ҷомеа барномарезӣ мекунад ва сари ҳар фурсат ёдовар мешавад. Бовар дорам, аскари адибонамон аз ин воқеа шадидан нороҳатанд, вале дар кишвар, аз ҷумла бо ҳамин ҳабс, фазое сохта шудааст, ки онҳо наметавонанд, дарди дили худро ошкоро баён доранд.

Магар Абдуқодири Рустам набуд, ки ҳанӯз дар замони Шӯравӣ силсилаи “Дарси хештаншиносӣ”-ро мунташир ва бори аввал муҳимтарин тадқиқоти марбут ба тоҷиконро дастраси ом кард? Магар ӯ набуд, ки ҳамчун масъули нашриёт ҷонфишонӣ кард, то китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба шакли зарурӣ ба чоп расад ва имрӯз бо ин китоб ифтихор мекунем? Магар ӯ набуд, ки заҳри ғурбат дар комаш “Тоҷикон”-и фаромӯшшудаи Шишовро дар мулки қазоқ ба нашр расонд? Ҳарфгардони дурусти “Зайну-л-ахбор”-и Гардезӣ ва машҳуртарин гузориши ҷуғрофии “Ҳудуд-ул-олам” ва ҳам комилтарину дурусттарин девони Падари шеъри форсӣ Абуабдуллоҳи Рӯдакиро кӣ ба нашр расонд? Ва ҳамаи инро оё ҳадаф бедорӣ, ваҳдат ва рушди миллати тоҷик набуд. Магар ӯ ба танҳоӣ кори як институти академиро анҷом надод? Пас чӣ ҷоиза гирифт? Академик? Номзади илм? Аълочии фарҳанг? На! Кунҷи зиндон! Оё ин ҳақиқат ва адолат аст?

Ҳоло дар бораи “хато”. Барои навиштани таърихи тоҷикон дар қарни бистум, ки кораш ҳоло ҳам давом дорад, даҳҳои рисолаву тадқиқоти марбут ба мавзуъро хондам. Агар номи муаллифонро ин ҷо биёрам чанд банд мешавад. Чӣ чизҳое он ҷо дар бораи миллати тоҷик ва зодагони маҳалҳои гуногуни он гуфта нашудааст! Чизҳое, ки Абдухалил Холиқзода меорад, дар назди он ҳама мисли бозиҳои кӯдаконаанд. Вақте инро гуфтам, як ҳамсуҳбатам овард, ки онҳо хориҷиёнанд ва ҳарчӣ хоҳанд гуфта метавонанд ва сухани онҳо ҷиддӣ гирифта намешавад, ҳол он ки неку бади як миллат бештар ба чашми як бегона намудор мешавад, то як худӣ.

Вале, бигзор. Аз хориҷиён нақли қавле намеорам. Чун ҳеч тировари фейсбукӣ ё ҳеч додситоне ба онҳо диққат намедиҳад. Охир Энгелгардт аз Суғд нест ё Ҷон Вуд аз Хатлон, ки мо ба онҳо ҳамла кунем. Пас ман аз нахустин президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон, созандаи давлати муосири тоҷикон, устоди ҳамаи мо Садриддин Айнӣ чанд намуна меорам:

“Дар Фарғона мардикорҳои заводҳои пахта ҳам ба эътибори аксарият аз тоҷикони Қаротегин аст. Дар Самарқанд ҳам қаровулон ва саройбонон ҳама тоҷиканд, инчунин хидматгори хонаи яҳудони Самарқанд ҳам бисёрӣ тоҷик аст. Ҳаммол, мардикор, қаровул ва саройбонҳои тоҷик хеле одамони амин ба шумор мераванд. Зотан то одам амину рост набошад, хидмати қаровулӣ ва саройбониро карда наметавонад. Аз аҳолии куҳистон танҳо аҳолии Мастчоҳ қадаре танпарвари хидматгурез ҳастанд. Бинобар ин фақирони мастчоҳӣ дар Бухоро ва сойири шаҳрҳои Туркистон он қадар тан ба кор надода, пешаи пасти гадоиро ба худ касб қарор додаанд.”

“Тоҷикони кӯҳистон мисли сойири кӯҳистониҳо қадре дурушт ва зудхашманд, Дар ватани худ ба андаке сабаб, ё ки бесабаб миёнаи худ ғавғо мебардоранд. Инчунин ғавғо миёнаи фалғарӣ ва мастчоҳӣ ва миёнаи дарвозӣ ва вохиёӣ кам нест.”

“Дуруштии табиати худро нисбат ба дигарон ҳар вақт зоҳир карда меистанд.”

“Дар миёнаи ӯзбакони қишлоқ расми “йесир” ҳаст. Масалан, касе мемирад, занаш бева мемонад, агар мутаваффо бародар ё ки бародарзода дорад, бе рухсати ин шахсон зани бевамонда шавҳар карда наметавонад. Агар ақрабои мутаваффо толиби зан аст, аввалан худаш мегирад, агар толиби зан нест, ба касе ки рухсат дод, шавҳар мекунад. Ин расми шум дар миёни тоҷикони Фалғар ҳам ҳаст.”

“Тоҷикон зиёда фақир ва пасмондаанд.”

“Фақиртарини ватандорони Туркистон қавми тоҷик аст. Мазлумтарини қавми тоҷик бечорагон, коргарон ва деҳқонон аст.”

“Дар пас мондани тоҷикон аз дигар қавмҳои Туркистон, албатта, сабаб бисёр аст. Сабаби калон камсаъйии худи тоҷикон аст.”

Иқтибосҳое, ки овардам, танҳо аз ду матлаби Садриддин Айнӣ ҳастанд, инҳоро аз “Қавми тоҷик ва рӯзнома” ва “Тоҷикони кӯҳистон” гирифтам, ки яке 25 август ва дигаре 21 сентябру 5 октябри соли 1924 чоп шудаанд. Порчаҳои зиёди дигареро ҳам аз “Ёддоштҳо”, “Ҷаллодони Бухоро”, “Ғуломон”, “Дохунда” овардан мумкин буд, вале ба ҷуз аз “Ёддоштҳо” бақия осори бадеиянд, аммо мақолаҳо дар пурмоҷаротарин давраи таърихи тоҷикон мунташир шудаанд. Ва касе ҳам на он замон ва на баъдҳо, махсусан дар соли 1937, ки зидди Айнӣ ҳамлаҳои шадиде роҳандозӣ шуд, то ӯро нобуд кунанд, на шӯру вавала бардошту на онҳоро дастак кард, то Айнӣ ба зиндон кашонда шавад. Чаро? Оё туҳматгарон ва ҳомиёни қонун он замон оқилтару боинсофтар ва дур аз маҳалгароӣ буданд? Ё дар сари кор шахсони пухтае нишаста буданд, ки масъалаҳоро дақиқу рӯшан дарк мекарданд? Шояд барои он ки дар ҳамон давраҳои душвор ҳам қонун болотар аз хашму алами шахсӣ буд? Ба ҳар тартиб суол ин аст, ки агар ҳоло устод Садриддин Айнӣ зинда мебуд, низ боздошт ва зиндонӣ мешуд?

Баъзе порчаҳо дар очеркҳои Нависандаи Халқии Тоҷикистон Раҳим Ҷалил низ ҳастанд, ки дареғ, ба онҳо дастрасӣ надорам, то ин ҷо биёварам. Ахиран чанд порча аз нависандагони имрӯзиро дар “Садои Шарқ” дидам, ки таҳқиру таҳвине доштанд, ки коғаз аз бардоштани онҳо сурх мешуд. Пас, оё воқеан Абдухалил Холиқзода ба қонуншикание роҳ додааст? Чаро ҳамлаварон бо далелҳое зидди ӯ китоб нашр намекунанд, балки бояд додситонӣ ӯро ба зиндон кашонад? Оё ин амалкард қонунӣ, бетарафона ва беғаразона аст?

Мо мегӯем, осори устод Айнӣ бароямон мадад кард, аз бисёр одатҳои шуми худ раҳоӣ ёбем. Ҳарчанд одати зерро ҳоло дар мисоли муҳоҷирони тоҷики муқими Русия дида метавонем:

“Аз тоҷикон баъзе ашхос ҳастанд, ки 10 сол-11 сол дар шаҳрҳои обод кор карда, як бор ба дидани аҳлу аёли худ ба ватан мераванд.”

Инро ҳам бояд афзуд, ки устод Айнӣ бисёрии ин нукотро на аз таҷрибаи шахси худ рӯйи когаз овардааст:

“Ҳар чӣ навиштам, аз забони фалғариёни саройбон шунида навиштам. Мумкин аст, ки баъзеи ин маълумот мухолифи воқеъ аст. Маазолик ба дараҷаи маълумоти ибтидоӣ қабул карда мешавад. Дар оянда шояд, ба таваҷҷӯҳи ҳукумат ва тафтишоти зоти соҳибилмон маълумоти муфассали мувофиқи воқеъ дар рӯзномаи “Овози тоҷик” ҷилвагар шавад. Аз ҳамин рӯз эътиборан аҳли вуқуфро лозим аст, ки ба навиштани аҳволи кӯҳистон рӯзномаи тоҷики фақирро ғанӣ намоянд”.

Ба фарқ аз Айнӣ, муаллифи “Ҳаводиси рӯзгори ман” асосан чизҳоеро навиштааст, ки худ шоҳид будааст ва ҳамеша, дар пайи ҳар нуктаи манфӣ софдилона изҳор доштааст, ки хостори ислоҳу пешрафт ва орзуманди шукуфоии кишвару мардуми худ аст.

Натиҷа ин аст, ки Абдухалил Холиқзода васияти устод Айниро иҷро кардаву аз роҳи ӯ рафтааст, яъне талош кардааст, воқеияти аҳволи кӯҳистонро рӯйи сафҳа орад. Дар баробари ифтихороте, ки ҳоло ҳама ҷоро пур кардаанд ва шиорҳое, ки вайронаҳои пушти худро мепӯшонанд, хостааст, тавозунеро ба миён орад, ки оре, фахр мекунем, аммо мушкилоте ҳам дорем, ки бе таваҷҷуҳ ба онҳо пеш рафта наметавонем.

Аслан ифтихори як миллат бояд аз чӣ маншаъ гирад? Аз ҳоли зори садҳо ҳазор муҳоҷираш дар мулки бегона ё рушду шукуфоии иқтисодаш? Пас аз садҳо сол аз имрӯзу имсоли худ чӣ мояи ифтихор хоҳад дошт? Бо рушди мафкура ва осори адабӣ ё зиндонӣ кардани нависандагону дигарандешон?

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Баргҳое аз торих
Банда ва озод

Матолиби пурбоздид