Нишонаҳо ҳокӣ аз шикасти Исроил аст

Таҳлили хабарӣ

Нишонаҳо ҳокӣ аз шикасти Исроил аст

Гузорише таҳлилӣ аз Дэвид Ҳерст дар Middle East Eye

Ишора: Дэвид Ҳерст (David Hirst), аз бунёнгузорон ва сардабири пойгоҳи Middle East Eye аст. Ӯ таҳлилгари масоили минтақаӣ аст. Ҳерст пештар дар рӯзномаи Guardian фаъолият мекард.

Инак, гузориши Дэвид Ҳерст:

Файсал ал-Холидӣ, писаре кучак дар ҳоле, ки барои рафтан ба мадраса омода мешуд, аз лаҳзаи вуруди сарбозони исроилӣ ба хонаи хонаводааш дар маҳаллаи Шайх Ризвони шаҳри Ғазза сӯҳбат мекард. Ӯ ба хабарнигори шабакаи телевизионии “Алъарабӣ” гуфт:

“Модарам бордор буд, замоне, ки мо ба мадраса мерафтем, онон (сарбозони исроилӣ) вориди утоқ шуданд ва сипас ба шиками модарам шиллик карданд. Ӯ ҳафт моҳ буд, ки бордор буд.”

Файсал дар идома ишора кард, ки падараш дар он замон хоб буд ва дар ҳамон рӯз ӯ низ тавассути исроилиҳо кушта шуд ва сарбозони исроилӣ ин корро муқобили чашмони он бачча дар роҳрави хона анҷом доданд.

Дунё наззорагар аст. Шояд ин сарбозон аз дастуроти хохом Элияҳу Молӣ, раиси як мадрасаи яҳудӣ дар Ёфо пайравӣ карда буданд, ки гуфта буд: “Дар ҷанги муқаддасе, ки мо дар он ширкат дорем, бояд бар асоси шариати худ, даст ба куштори душманони худ бизанем, чаро ки агар ин муҳим рух надиҳад, мо худ кушта мешавем.”

Ӯ гуфта буд, ин занони фаластинӣ ҳастанд, ки “теруристҳо”-ро ба дунё меоваранд. Ӯ афзуда буд: “Манзур ин аст, ки таърифи “ҳар руҳе зинда нахоҳад монд” дар китоби муқаддас бисёр равшан аст. Ё шумо ҳастед ё онон”. Пас, аз диди ӯ, назари Таврот дар мавриди лузуми куштани занону кӯдакон сареҳ аст. Яке аз ҳуззор аз он хохом пурсид, пас вазъият дар мавриди пирамардҳо чӣ гуна хоҳад буд.

Ӯ посух дод: “Ҳеч инсони бегуноҳе вуҷуд надорад. Дар мавриди фарди солхӯрдае, ки қодир ба ҳамли силоҳ аст низ ҳамин тавр мебошад. Таврот низ дар ин бора ба сароҳат посух додааст. Баровардҳои нерӯҳои амниятӣ нишон медиҳад, дар Ғазза байни 95 то 98 дар сад аз ҷамъияти он ҷо мехоҳанд моро нобуд кунанд. Ин яъне аксарияти он ҷо алайҳи мо ҳастанд. Дар мавриди баччаҳо ҳам ҳамин тавр аст. Агар ононро наҷот диҳед, бар хилофи Таврот амал кардаед. Саъй накунед аз Таврот пешӣ бигиред.”

Шояд ба ҳамин далел аст, ки сарбозони дигар ахиран ба ҳамқатори худ табрик гуфтанд, ки марде ғайримусаллаҳ ва солхӯрдаи мубтало ба мушкилоти шунавоӣ ва гуфторӣ, ки дастонашро дар утоқи хобаш боло гирифта буд, ба қатл расонд. Он сарбоз гуфт: ”Дарро боз кардем. Ба самти ман омад ва дастҳояшро такон медод.“ Ӯ дар идома афзуд: ”Ман ӯро бо чаҳор гулӯла куштам.” Яке аз ҳамқаторони ӯ дар наворе, ки дар мусоҳиба бо он сарбоз забт карда ва дар Твиттер мунташир шуда, пурсида буд: “Ӯ танҳо буд?” Ва сарбоз мегӯяд: “Ман намедонам. Мо вақт надоштем. Мумкин аст танҳо буда бошад. Мо вақт надоштем.” Ҳамқатораш мегӯяд: “Ва ту ӯро пойин овардӣ? Олӣ аст!” Ӯ дар посух мегӯяд, он мард силоҳе надошт ва канори тахт пинҳон шуда буд.

Ин наворҳо сарбозони исроилиро нишон медиҳанд, ки бо якдигар сӯҳбат мекунанд. Онон то ҳадди зиёде нисбат ба он чи ки бақияи ҷаҳон мумкин аст бо истинод ба он, исроилиҳоро таҳқир кунанд ва комилан аз таъсире, ки ин наворҳо бар афкори умумии саросари ҷаҳон мегузоранд, ноогоҳ ҳастанд. Бо ин вуҷуд, дунё наззорагар аст.

75 сол ҷаҳони ғарб бетафовут буд, аммо ин ҷанг ҳомиёни ғарбии Исроилро водор мекунад, то ваҳшати комили ҷиноётеро бибинанд, ки дар корзоре, ки панҷ моҳ пеш онро “одилона” тавсиф карданд таҳаққуқ ёфт. Ҳатто як мунтақиди мутараққии Исроил монанди сенотури омрикоӣ Берни Сандерс низ панҷ моҳ пеш гуфт, ки ҷанг алайҳи Ҳамос “одилона” буд. Мизони ваҳшоният ва шодмоние, ки сарбозони исроилӣ дар кушторҳои рӯзонаи худ нишон медиҳанд, гуруснагӣ додан ба мардуми Ғазза ва сипас партоби эъломияҳое ба забон арабӣ, ки ба фаластиниён мегӯанд ба ниёзмандон ғизо бидиҳанд, куштани 400 нафари дар интизори кӯмак, ҳамагӣ ин мавориди зулм ва ҷиноёти бисёр зиёде ҳастанд, ки вақте ин ҷанг тамом шавад, наметавон онҳоро ба зери фарш ҷорӯ кард ва аз канори он ба соддагӣ гузашт.

Исроил бо ҷанги ахир алайҳи Ғазза дар зумраи кишварҳои манҳус, саркаш ва шарур қарор гирифтааст. Акнун Исроил зишттарини зишттаринҳост. Бахшидан ғайримумкин аст, на қобили тавҷеҳ аст ва на метавон онро дар чорчӯб қарор дод. Кулли амалиёти Исроил дар Ғазза мисдоқи иртикоби ҷиноят аст. Саҳюнизми либерол ба як таноқуз дар истилоҳи худ табдил шудааст.

Бо чунин рафторе, Исроил на ба хонаи мардуми муҳосирашудае табдил шуда, ки ҳазорон сол дар саросари ҷаҳон таҳти озору азият қарор гирифта буданд, балки табдил ба қалъаи бартариталабии яҳуди вориси табиии бартариталабони сафедпӯст табдил шудааст. Ин амр бар рӯйи яҳудиёни саросари ҷаҳон, ки ин ҷиноёт ба ном ва гузаштаи муштараки онон анҷом мешавад, таъсире дигаргункунанда хоҳад дошт.

“Ба номи мо нест”

Ҷонатан Глейзер, коргардони бритониёии филми “Минтақаи мавриди алоқа” (The Zone of Interest), дар ҷараёни суханронии худ дар маросими дарёфти ҷоизаи Ускор гуфт: “Имрӯз, мо ба унвони инсонҳое ин ҷо истодаем, ки яҳудӣ буданашонро такзиб мекунанд.”

Ҳамон фарёди “Ба номи ман нест” аз сӯйи ҳазорон ҷавони яҳудӣ меояд, ки ҳар охири ҳафта дар Ландан барои таваққуфи ҷанг дар Ғазза роҳпаймоӣ мекунанд.

Эмили, як фаъоли яҳудии ҳамкор бо гурӯҳи Na’amod UK ахиран гуфта буд: “Аз ин ки ба ман мегӯянд, ба унвони як яҳудӣ чӣ эҳсосе дорам, хаста шудаам. Вақте ин роҳпаймоиҳо ба таври куллӣ мусоламатомез аст ва мардум нисбат ба мо рафтори бисёр хубе доранд, ин воқеан ноогоҳӣ аз ақоиди яҳудиёнро фориғ аз ақоиди гурӯҳи саҳюнистҳо нишон медиҳад. Ин раҳбарӣ дар хиёбон аст на дар порлумон. Раҳбарони сиёси мо харҳо ҳастанд.”

Исроил ва тавҷеҳкунандагонаш ҳақ доранд, ки аз он чи насли ҷадиде аз яҳудиёни омрикоӣ ва бритониёӣ ба онон мегӯянд битарсанд. Дар ҳоли ҳозир, одати иҷбории ҳимоят аз Исроил, талошҳои ғарбро барои тавзеҳи ин ки ба манзилаи як нерӯи ахлоқӣ ва як нерӯи хайр дар ҷаҳон аст барҳам мезанад.

Мухолифати донишгоҳии яҳудиён бо Исроил шадид ва пурсару садо аст. Наметавон онро дақиқан “ҳошияӣ” донист. Исроил акнун дар ҳоли аз даст додани садои ҷаҳонии яҳудиён аст.

Ихтилоф дарунии Исроил

Ду тан аз аъзои аршади кобинаи ҷанг ба таври аланӣ хостаҳои нахуствазирро зери по гузоштанд. Аввалин иқдоми эътирози умумӣ аз сӯйи Йоав Галант, вазири дифоъ анҷом шуд, ки эълом кард, танҳо дар сурате бо ироаи як пешнависи қонуни ҷадиди низомӣ мувофиқат хоҳад кард, ки ҳизби ваҳдати миллӣ ба раҳбарии Бани Гонтз дар мавриди наҳваи танзими муқаррароти муофияти донишҷӯёни Яшво аз хидмати иҷборӣ ба тавофуқ бирасад. Галант амалан ба Гонтз ҳаққи ветои қонунӣ дод, ки будҷаи давлат ба Яшво, ки донишҷӯёни он аз хидмати сарбозӣ худдорӣ мекунанд, ба он бастагӣ дорад. Бидуни чунин қонуне аҳзоби ҳаридӣ аз давлати эътилофӣ хориҷ шуда ва боиси фурӯпошии он давлат хоҳанд шуд.

Иқдоми дуввум аз сӯйи Гонтз анҷом шуд, ки боздидҳои ғайримуҷоз аз Иёлоти Муттаҳида ва Бритониё дошт, ки дар ҷараёни он Натонёҳу ба сафоратхонаҳои худ дастур дод, то бо ӯ дар ҷараёни сафарҳояш ҳамкорӣ накунанд. Бо ин вуҷуд, заъфи сиёсии Натонёҳу ба ҳадде аст, ки на Гонтз ва на Галантро наметавон ихроҷ кард.

Севвумин зарба ба Натонёҳу дар чанд ҳафтаи ахир, баёнияи ахири Исҳоқ Юсуф – хохом сефордӣ буд, ки гуфта буд, агар давлат хидмати низомии иҷбориро дар мавриди ҳаридиҳо иҷро кунад, онон ба таври дастаҷамъӣ Исроилро тарк хоҳанд кард. Изҳороти Юсуф аз сӯйи сармақолаи рӯзномаи исроилии Jerusalem Post маҳкум шуд. Дар он сармақола омада буд, изҳороти ӯ тавҳине ба сарбозоне аст, ки ҷони худро ба хатар меандозанд.

Натонёҳу қудрати камтаре дар дохили Исроил дорад. Тавозуни қуво байни Исроил ва Ҳамос низ ончунон ки дар нигоҳи нахуст ба назар мерасад возеҳ нест. Шохаи сиёсии Ҳамос ба Бейрут ва Дуҳа нақли макон карда ва метавонанд ба ҳаёташон идома диҳанд. Яке дигар аз нишонаҳои эътимоди онон ба тавоноии худ дар шакл додан ба ояндаи Фаластин ва раҳбарии он феҳристи номи зиндониёне аст, ки дар изои гаравгонҳои боқимондаи исроилӣ озод мешаванд. Охирин феҳрист шомили Марвон Барғусӣ, раҳбари Фатҳ аст.

Аз дигар афроде, ки дар феҳрист аз онон ёд шуда метавон ба Аҳмад Саодот, дабири кулли ҷабҳаи халқ барои озодии Фаластин, Абдуллоҳ Барғусӣ, аз раҳбарони шохаи низомии Ҳамос ва Иброҳим Ҳамид, аз раҳбарони интифозаи дуввум ишора кард. Агар ҳар як аз ин афрод озод шаванд, таъсири он тағйири истротежики раҳбарии Фаластин дар ҳамаи гурӯҳҳо аз миллигаро то секулор ва исломгароро шоҳид хоҳем буд.

Барои фаластиниён ин як эҳёи сиёсии бузург хоҳад буд. Ин ҳамчунин ба маънои поёни қатъии Ташкилоти худгардони Фаластин аст, ки бо Исроил барои идомаи ишғолгарӣ ҳамкорӣ кардааст. Барои Исроил озодии ин афрод фурсате воқеӣ барои музокира ба манзури поён додан ба даргирӣ хоҳад буд. Аммо танҳо афроде монанди Эми Аялон, раиси собиқи Шинбет ин имтиёзро дарёфт мекунанд. Дар иваз, охирин ибтикори кобинаи ҷанг он аст, ки яке дигар аз аъзои Ташкилоти худгардон ба номи Моҷид Фараҷро ба унвони масъули идораи Ғазза мансуб кунад. Маъмурияти Фараҷ пеш аз оғоз маҳкум аст. Оқилона аст, ки ӯ чунин ҷоми заҳреро рад кунад. Заъфи Натонёҳу таъсири амиқе бар нухбагони сиёсии ғарбӣ, ки аз Исроил ҳимоят карда ва ононро мусаллаҳ карданд намуданд хоҳад дошт.

Ихтилофи назари Ҷо Бойден, раисиҷумҳури Омрико бо Натонёҳу акнун ошкор ва дар маърази диди умум аст. Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, ки панҷ моҳ пеш бо садои баланд гуфт: “Исроил ҳаққи дифоъ аз худро дорад!”, акнун мегӯяд, Исроил наметавонад 30 000 фаластинии дигарро ба номи дифоъ аз худ ба қатл бирасонад. Агар Бойден бо авоқиби нишон додани равшантарин чароғи сабз ба Исроил рӯбарӯ шавад, ин авоқиб дар ваҳлаи нахуст интихобот хоҳад буд. Тими Бойден аз густурдагии раъйи ғайримутаъаҳҳид шок шудааст. Садҳо ҳазор раъйдиҳанда дар саросари Иёлоти Муттаҳида ба ҳеч номзаде дар интихоботи муқаддамотии демукротҳо дар рӯзи сешанбеи бузург раъй надоданд, зеро ҷунбише, ки аз раъйдиҳандагон мехоҳад раъй додан “ғайримутаъаҳҳид” дар эътироз ба мудирияти Бойден дар ҷанги Ғаззаро амалиётӣ кунад суръат мегирад.

Ин мумкин аст барои ӯ дар интихобот ҳазина ба ҳамроҳ дошта бошад. Табрики моҳи Рамазони имсоли Бойден ба таври хосс гарм буд, аммо аз сӯйи омрикоиҳои арабтабор бо истиқбол мувоҷеҳ нашуд. Онон хоҳони тағйири сиёсати давлати Омрико ҳастанд. Бойден ҳанӯз сирфан аз оташбаси муваққат ва на доимӣ ҳимоят мекунад. Ӯ таҳдидеро дар мавриди таваққуфи ироаи таслеҳот аз сӯйи Омрико ба Исроил матраҳ накардааст. Бо ин вуҷуд, тағйире амдӣ дар лаҳн сурат гирифтааст.

Чак Шумер, раҳбари аксарияти сено, олитарин соҳибмансаби яҳудӣ дар Иёлоти Муттаҳида, рӯзи панҷшанбе ба Исроил ҳушдор дод, ки дар сурати табдил шудан ба як режими саркаш наметавонад зинда бимонад. Шумер Натонёҳуро муттаҳам кард, ки бақои сиёсиро болотар аз манофеъи миллии Исроил қарор дода ва гуфт, ки Натонёҳу “беш аз ҳадд моил ба таҳаммули талафоти ғайринизомиён дар Ғазза буда; амре, ки ҳимоят аз Исроилро дар саросари ҷаҳон ба пойинтарин ҳадди таърихӣ мерасонад.”

Аз даст додани афкори умумӣ дар ғарб, идомаи парвандаи муртабит бо иртикоби наслзудоӣ дар девони байналмилалии додгустарӣ, фарсоиши иҷмоъи назари яҳудиён ва асабӣ будани ҳомиёни Исроил, тамоми ин аносир ҳокӣ аз шикасти истротежики Исроил ҳастанд. Ҳатто агар ҷанг акнун мутаваққиф шавад, баҳое, ки Исроил пардохт карда, беш аз он чизе аст, ки эҳтимолан панҷ моҳ пеш муҳосиба мекард. Бо ин вуҷуд, Исроил ҳанӯз ин мавзӯъро дарк накардааст, эҳтимолан дар оянда дарк хоҳад кард.

Middle East Eye

Қаламонлайн

Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Хуш биё, Наврӯзи ман
Партоби мушакҳои Ҳизбуллоҳи Лубнон ба як шаҳраки исроилӣ

Матолиби пурбоздид