Сармоягузории Амрико дар саноати ҳамлу нақли Қазоқистон
Ахбори минтақа
Мудири ширкати амрикоии Wabtec, дар ҷараёни сафари сарони Осиёи Марказӣ ба Ню-Йорк, бо Тоқаев – раиси ҷумҳури Қазоқистон ба гуфтугӯ нишаст.
Дар ин гуфтугӯ, ёддошти қарордоди сармоягузории миллиард долларии ин ширкат дар саноати ҳамлу нақли (транспорт) Қазоқистон, ки шомили интиқоли фанноварӣ, эҷоди як маркази муҳандисӣ ва эҳдоси хатти тавлиди локомотив дар Қазоқистон аст, ба имзо расид.
Тоқаев изҳор дошт, ки ин иқдом ба тавсиаи масири ҳамлу нақли байналмилалии Транс-Хазар кумак мекунад ва мабное барои пружаҳои зерсохтӣ хоҳад буд.
Қаламонлайн