Имзои санади ҳамкории низомии Тоҷикистон ва Белорус

Имзои санади ҳамкории низомии Тоҷикистон ва Белорус

Ахбори минтақа

Тарҳи ҳамкории низомии Тоҷикистон ва Белорус дар соли 2023 ба имзо расид.

Ин санад, бо имзои вазири дифои Тоҷикистон, Шералӣ Мирзо ва ҳамтои белорусиаш, Виктор Хренин ба расмият даромад.

Ба гузориши Ховар, дар сафари вазири дифои Тоҷикистон, ба кишвари Белорус, ки дар рӯзҳои 3-4 январ баргузор шуд, тарҳи ҳамкории низомӣ, байни ду кишвар, барои соли 2023 тасвиб гардидааст.

Лозим ба ёдоварист, ки моҳи октябри соли 2022, раиси ҷумҳури Белорус, Александ Лукашенко ба Тоҷикистон сафари расмӣ дошт, ки дар он, зимни мулоқот, бо президенти мамлакат, Эмомалӣ Раҳмон, мавзӯи тавсиаи ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ғайра мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифта буд.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Баргузории консерти хонандаи маъруфи тоҷик дар Исроил, ё оддисозии равобит
Дипломати тоҷик: Эрон аввалин кишварест, ки истиқлоли моро ба расмият шинохт

Матолиби пурбоздид