Ваҳдат дар баёни Сайидҷамолуддини Асадободӣ
Ба муносибати ҳафтаи Ваҳдат
Ин муслеҳи бузург, ки ҳадафи аслиаш ваҳдат ва иттиҳоди муслимин ва истеъморситезӣ буд, пас аз солҳо фаъолият бо тарҳи мубориза бо истеъмору истибдод ва талош дар эҳёи ислом ва иззати муслимин, таҳаввул ва инқилоби азимеро халқ кард.
Сайидҷамол бо вуҷуди густариши ҳамаҷонибаи истеъмори ғарбӣ дар сарзаминҳои исломӣ воқеъгароёна ва бо андешаи пӯё тавонист дар таҳаввулоти милали исломӣ ва бедории исломӣ нақши чашмгире дошта бошад.
Ӯ дар маҷаллаи Урватул-вусқо овардааст: “Агар мусалмоне ҳозир набошад сухани ҳаққи бародари динии худро бишнавад, чун ҳаммазҳаби ӯ нест ва ҳатто аз ӯ, беш аз душмани аслӣ ва муштарак бигурезад ва душманӣ бо вайро дар дил гирад, ислом бо чунин таассубе ба шиддат мухолифат кардааст”.
Сомонаи Қаламонлайн