Роҳпаймоиҳо ва эътирозҳо ба манзилаи партоби мушак ба “Исроил” аст

Таҳлили хабарӣ
Роҳпаймоиҳо ва эътирозҳо ба манзилаи партоби мушак ба “Исроил” аст
Дар ин соатҳо, роҳпаймоиҳо ва эътирозҳо ба манзилаи партоби мушак ба “Исроил” аст
Ёддоште аз Сайиюнуси Истаравшанӣ
Дар ин ёддошти лозим медонам, посухе ба эроди яке аз дӯстон бинависам, то ҷавобе бошад ба ҳамаи касоне, ки якчунин эроде дар зеҳнашон ҳаст. Ин дӯстам дар ҳошияи як наворе, ки аз роҳпаймоии имшаб монда будам, эроде гирифт ба ин шарҳ:
“Гӯё “Исроил” ин хел забонро мефаҳмад, охир домулло магар ғайр аз силоҳ забони дигареро магар “Исроил” мефаҳмад, ин гуна тазоҳурот айни он аст, ки як гӯспандро дар пеши гурги гушна мегузорӣ ва ба гург мегӯӣ гӯспандро нахӯр, фикр мекунед, гург ҳарфи шуморо гӯш мекунад? Гуфти худатон, гург ин ҳарфро “кашидагӣ” аст.
Ва аммо чанд ҷумла дар посух ба ин бародари азизам:
Ин роҳпаймоиҳо ва эътирозҳо лозиманд бародари азиз, хеле-хеле лозиманд. Феълан шояд ба гӯши аҳаде ин ҳарфҳо, ки мезанам намефорад, ҳама мунтазири амал ҳастанд, на ҳарфи хушку холӣ ва ё эътирозҳо. Вале бояд бидонед, ки набарди феълӣ, бисёр печида ва мураккаб аст, кори якрӯза ва якҳафтаӣ ва ҳатто якмоҳа нест, ки зуд натиҷа диҳад. Бале, қурбонӣ ҳаст, куштаҳо ҳаст, вайрониҳо ва харобиҳо ҳаст. Бале, инҳо ҳама ҳастанд. Вале набояд бо эҳсосот ва аҷала тасмим гирифт, бояд бо як барномаи бисёр дақиқ пеш рафт, ки чунин ҳам ҳаст алҳамду лиллоҳ, инро аз рӯи огоҳӣ ва иттилоъ мегӯям бародари азизам!
Ҳоло баргардем ба ин тазоҳурот ва роҳпаймоиҳо. Бибинед бародари азизам, дар шароити имрӯзи олам, афкори умумӣ ҳарфи аввалу охирро мезанад. Дуруст аст, ки сардамдорони Омрико ва ё кишварҳои урупоӣ ба истилоҳ, “кашидагӣ”, вале вақте бо афкори умумӣ мувоҷеҳ мешаванд ба ҳадде, ки аксарияти ҷаҳониён бо фаластиниҳо ва алайҳи исроилиҳо мешаванд, ҳамин “мекашидагиҳо” маҷбур мешаванд дар мавзеъгириҳои худ таҷдиди назар кунанд.
Шумо бибинед, дар аввали моҷаро бисёр андак буд кишварҳо ва афроде, ки бо фаластиниҳо бошанд ва балки афкори умумӣ ба хотири саҳнаҳои он маҷлиси мусиқӣ дар “Исроил” дар оғози моҷаро, алайҳи Ҳамос буд, вале ба тадриҷ вақте оламиён бо ҷиноятҳои Исроил рӯ ба рӯ шуданд ва диданд, ки бо чӣ дарандае рӯ ба рӯ ҳастанд, афкори умумӣ якдафъа баргашт. Ин баргаштанҳо ва таҷдиди назарҳо муҳимтарин сабабаш, тазоҳурот ва роҳпаймоиҳо аст бародари азизам!
Имрӯзҳо ва дар ин соатҳо, бояд ва воҷиб аст ин тазоҳурот ва роҳпаймоиҳо ба иловаи фаъолият дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ, инҳо воҷибанд бародари азиз, ба манзилаи партоби мушак ба самти режими одамкуш ва кӯдаккуши саҳюнистӣ ҳастанд.
Баъзе бародарҳо, ки эрод мегиранд, ки чаро фалон кишвар (масалан Эрон) амалан вориди майдон намешавад, ҷавобаш ин аст, ки ин кишвар мисли Ироқи даврони Саддом нест, ки бо иқдомоти нобихрадонааш ҷаҳонро алайҳи худ бишӯронад, шояд “Исроил” ҳаминро мехоҳад. Ба илова, фаластиниҳо кӯмак мехоҳанд, на дахолат, инро бояд хуб бифаҳмем. Ҳамон тавр ки ин кишвар дар хилоли 7 соли ҷанги Яман амал кард ва ҳаргиз иқдоми нобихрадона накард, дар инҷо низ ҳамон тавр хоҳад кард. Албатта инро бидонед, ки ҳамин ки кор ба ҷойе расид, ки бояд ворид шавад, ворид хоҳад шуд ва кучактарин шакке накунед. Феълан кор ба он ҷоҳо кашида нашудааст.
Инак, афкори умумӣ дар фарқ бо оғози моҷаро, сад дар сад дигар шуда. Агар дар ибтидои моҷаро 40 дарсад аз ҷаҳониён масалан бо фаластиниҳо буданд, ҳоло аммо 80 дарсади ҷаҳониён (на сардамдорон албатта балки мардум) бо Фаластин ва алайҳи “Исроил” ҳастанд.
Хулоса, ин моҷаро ба ин соддагӣ нест, бояд ҳавсала ба харҷ дод ва оқилона гом бардошт, кучактарин муҳосиба ва иқдом, ҳамаро хароб мекунад.
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Маҷмаи Умумии СММ пешнависи қатъномаи кишварҳои арабӣ дар мавриди Ғаззаро тасвиб кард
Ҳамлаи Исроил аз баҳр ба навори Ғазза

Матолиби пурбоздид