Вақте бо маорифи исломӣ ошно нестӣ…

Таҳлили хабарӣ

 

Вақте бо маорифи исломӣ ошно нестӣ…

Ёддошти Сайидюнус Истаравшанӣ

Вақте бо маорифи исломӣ дақиқ ошно нестӣ, беҳтар он аст, ки чизе нагӯӣ 

Ҳикояти Артур Де Гобино

Ҳамин алъон ёддоште дидам аз яке азизон, ки боз мисли ҳамеша дар бораи маорифи исломӣ чаранд гуфтааст. Банда чанд бор бо киноя ва ҳатто яке ду бор бо сароҳат, ба ӯ гуфта будам, ки модоме, ки аз маорифи исломӣ, чанду чуни ислом ва омӯзаҳои он нек огоҳ нестӣ, лутф бикун чаранд нагӯй, ки худатро шарманда кардаӣ. Масъалаи сарнавишт ва қазо ва қадар, ки мегӯӣ, ки гӯӣ бархе аз бузургони ислом аз пардохтан ба он манъ кардаанд, ин масъала ба ин соддагӣ, ки мегӯӣ ва ҳатто дигарон ҳам гуфтаанд нест. Дар маҷмӯъ ва дар кулл, ислом на танҳо аз вуруд ба он манъ накарда, ки ба гунае таъриф карда ва таҳлил намуда, ки собиқа надорад ва ду се сол пеш дар ёддоште ба тафсил дар бораи он сӯҳбат карда будам.

Бале, мо ривоёти манъ ҳам дорем, ба ин маъно, ки Паёмбар (с) аз вуруд ба он водӣ манъ кардаанд (ки хоҳам гуфт чаро), вале оё ин ривоёт танҳо ривоёт дар ин замина аст? Оё мо дигар ҳеч оят ва ривояте аз он ҳазрат (с) ва соири бузургони ислом дар тавзеҳу ташреҳи он надорем? Агар касе гуфт, надорем, пас ӯ огоҳ набудааст. Мо ба қадре оёт ва ривоёт дар ин замина дорем, ки алъон маҷоли баёни яко-яки онҳо нест.

Ва аммо чаро ривоёти манъ дорем?

Ҷавоб ин аст: аз сиёқи он ривоёт ва кистии мухотаб, комилан ҳувайдост, ки чаро ҳазраташ он мухотаб (шунаванда)-ро манъ мекунанд. Барои ин ки мухотаб зарфияти фаҳми онро надорад. Ин дуруст мисли онро мемонад, ки шумо як донишомӯзи килоси аввалро аз пардохтан ба масоили мураккаби масалан математикӣ, ки одатан дар килоси даҳум мехонанд манъ кунед. Ин манъи шумо, умумӣ ва ба унвони як қонун ва қоидаи куллӣ нест, балки манъ барои як мухотаби махсус аст.

Ҳоло як аъробӣ, ки ҳеч саводе надорад ва аз саҳро омада пеши ҳазрати Паёмбар (с) ва бихоҳад бо фалсафаи қазо ва қадар дар ислом ошно шавад, хуб, дар ин сурат, оё ҳазраташ (с) чӣ кор кунад? Оё ҷуз манъи ӯ аз ин масъала, ки ту зарфияти фаҳми онро надорӣ?!

Бинобар ин, хоҳиш мешавад, аз ин ба баъд ё дар бораи маорифи исломӣ ҳарфе назанед ва ё лоақал аз огоҳон аввал бипурсед, ки моҷаро чист, баъд изҳори назар фармоед.

Албатта, ин чаранд гуфтанҳо, бо камоли таассуф, ҳатто аз сӯйи бештари фалосифа ва донишмандони бузурги ғарбӣ, ки дар бораи ислом изҳори назар кардаанд қобили мушоҳида аст. Тараф иддао дорад бо маорифи ислом ошност, аммо як ҳарфҳое мезанад, ки воқеан хандаовар аст.

Як матлаб ёдам омад аз як файласуфи бузурги фаронсавӣ ба номи Ҷузеф Артур де Гобино (Joseph Arthur de Gobineau). Ӯ як файласуф ва ба истилоҳ, шарқшиноси маъруф аст, навиштаҳое дар ин замина дорад. Иддао дорад Эронро хеле хуб мешиносад ва дар бораи Эронзамин ва ислом ва фарҳанги эронӣ китобҳое навишта. Хулоса, ин донишманд дар замони Носируддиншоҳ, яке аз подшоҳони қочорӣ, намояндаи Фаронса дар Эрон буд ва баъд китобе навишта ба номи “Се сол дар Эрон”, ки ба форсӣ ҳам тарҷума шуда. Дар ҷойе аз ин китобаш менависад: “Аз аҷоиби эрониҳо ин аст, ки вақте дар маҷолис ба ҳамдигар мерасанд, ягона чизе, ки аз якдигар мепурсанд, аҳволи бинии якдигар аст; мегӯянд: оё бинии шумо чоқ аст? Мисли ин ки дар миёни аъзои баданашон ғайр аз бинӣ чизи дигаре мавзӯият надорад…”

Де Гобино хаёл карда, дар забони форсӣ вақте мегӯянд, фалон кас димоғаш чоқ аст, воқеан мақсуд ин аст, ки ҳамин узв яъне бинӣ, бузург ва чоқ яъне фарбеҳ шудааст, бандаи Худо намедонад, ки ин киноя аст. Дар форсӣ ва дар баъзе аз манотиқи Тоҷикистони худамон низ, вақте мегӯянд, фалон кас димоғаш чоқ аст, яъне сарватманд аст.

Ин ҳам, изҳори назар дар натиҷаи адами фаҳми дақиқи масъала. Ин як мисол аст. Мутаассифона бештари изҳори назарҳои донишмандони ғарбӣ дар бораи маорифи исломӣ аз ҳамин қабил аст, яъне аз қабили “чоқии бинӣ”.

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Қазо ва қадари илоҳӣ ба баёне содда
Раъюл-явм: Номаи Синвор ҳикоят аз омодагии комил барои набард дорад

Матолиби пурбоздид