Худо аз ангезаҳои мо огоҳ аст…

Таҳлили хабарӣ

Худо аз ангезаҳои мо огоҳ аст…

Ёддошти имрӯз

Насибулло Умаров

Дифоъ аз Ҳақ ва тарафдорӣ аз мазлум бояд холис барои Худо бошад, яъне фақат барои эҳёи Ҳақ ва фақат барои имотаи Ботил, сурат гирад.
Вақте ин дифоъ ва тарафдорӣ бо ангезаҳои нохолиси мазҳабӣ, қавмӣ, ҳизбӣ, сиёсӣ ва… олуда шавад, асаре нахоҳад дошт.
Имрӯз аз ҳар ҷиҳате, ки садои зиддисаҳюнистӣ баланд шавад ва даъват ба фарёдрасии Фаластини мазлум ба гӯш расад, новобаста аз дину мазҳабу қавму ҳизбу забону ва… бояд истиқбол ва мавриди ташвиқ қарор гирад.
Бархе дӯстон истиқбол намекунанд, ки ҳеч, балки фавран забони ғайбату тӯҳмату ифтироро боз мекунанд ва албатта Худо аз ангезаи ҳар ду тараф огоҳ асту худи Ӯ дар ин дунёву охират баҳақ қазоват хоҳад кард.
Пас, фазои маҷозӣ – фазои ҳақиқӣ ва воқеист… гумон наравад, ки чун маҷозӣ аст, фаромӯш хоҳад шуд!…
Доктор Насибулло Умаров
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Вазири ҷанги “Исроил”: Кушта шудани сарбозон зарбаи сахт ва дарднокест
Ҳикояти писари мағрур

Матолиби пурбоздид