Мардуми Қазоқистон хостори таваққуфи содироти нафт ба Исроил шуданд

Мардуми Қазоқистон хостори таваққуфи содироти нафт ба Исроил шуданд

Ахбори минтақа

Аз 29-октябр, пуиши интернетӣ таҳти унвони “Таваққуфи содироти нафти Қазоқистон ба Исроил” аз сӯи шаҳрвандони ин кишвар оғоз шуд, ки дар камтар аз чаҳор рӯз, бисту шаш ҳазору шашсаду нуҳ (26609) нафар онро имзо карданд.

Дар бахше аз ин нома хитоб ба давлати Қазоқистон омадааст:

“Кишварҳои зиёде хостори оташбас ва ҳалли мусолиматомези ихтилофот дар Фаластин шуданд, аммо Исроил ҳамчунон ба ҳамалоти худ дар Ғазза идома додааст”.

Дар идома низ бо ишора ба ин ки Қазоқистон кишваре сулҳталаб буда ва бояд барои сулҳ дар Ховари Миёна мушорикат намояд, афзудаанд:

Содироти манобеи стротежик ҳамчун нафт ба Исроил, навъе ҳимоят аз онҳо буда ва шаҳрвандони Қазоқистон хостори таваққуфи содироти нафт ба Исроил ҳастанд.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Эъзоми нируҳои ҳофизи сулҳи Қазоқистон ба Баландиҳои Ҷулон (Сурия)
Паёми Ҳизбуллоҳ ба мардуми Ғазза ва Фаластин

Матолиби пурбоздид