Ҷузъиёти тавофуқ миёни Исроил ва Ҳамос

Ҷузъиёти тавофуқ миёни Исроил ва Ҳамос
Ахбори байналмилал
Ба гузориши France24, бар асоси тавофуқ миёни Исроил ва Ҳамос, ҳудуди 300 фаластинӣ аз зиндонҳои Исроил озод мешаванд, ки дар миёни онҳо занону кӯдакон ҳам вуҷуд дорад.
Бар асоси ин гузориш, тавофуқ ҳамчунин шомили як оташбаси 5-рӯза аст, ки шомили оташбас дар замин ва маҳдудиятҳое барои амалиёти ҳавоии Исроил бар фарози ҷануби Ғазза аст. Дар иваз, байни 50 то 100 зиндонӣ, ки тавассути Ҳамос ва Ҷиҳоди Исломӣ нигаҳдорӣ мешаванд, озод хоҳанд шуд. Ин афрод шомили ғайринизомиёни исроилӣ ва асирони миллиятҳои дигар мешаванд, аммо афсарони низомии исроилиро шомил намешавад.
Бар асоси ин гузориш, Кохи сафед дар ин робита гуфт, музокирот дар марҳилаи “поёни бозӣ” аст, аммо аз ироаи ҷузъиёти бештар худдорӣ кард, чун мӯътақид аст ин мавзӯъ метавонад натиҷаи муваффақиятомезро ба хатар биандозад.
Исмоил Ҳаниа, раиси дафтари сиёсии Ҳамос низ эълом кард, тавофуқ наздиктар шудааст.
Иззат Арришқ, яке аз мақомоти Ҳамос ба Алҷазира гуфт, ки ҷузъиёти оташбас то он ҷо, ки мо медонем, дар сурати ниҳоӣ шудан тавассути Қатар эълом хоҳад шуд. Ин мақоми Ҳамос афзуд: “Музокироти ҷорӣ барои оташбасе аст, ки “чанд рӯз” тӯл мекашад ва шомили тартиботи вуруди кӯмакҳо ба Ғазза ва тавофуқ бар сари мубодалаи гаравгонҳои гирифташуда тавассути Ҳамос бо афроди зиндонӣ тавассути Исроил аст.
Расонаҳои исроилӣ ҳам аз чароғи сабзи ин режим ба тавофуқ бо Ҳамос хабар додаанд. Ин расонаҳо мегӯяанд, Исроил бо озодии асирони фаластинии зери синни қонунӣ мувофиқат кардааст. Ин расонаҳо мегӯянд, яке аз хостаҳои Ҳамос он аст, ки дар тӯли чанд рӯзи оташбас ҳеч ҳавопаймои исроилӣ аъамм аз низомӣ ё назоратӣ бар фарози Ғазза набошад, ки Исроил ба далели адами тавоноии назорат бар нерӯҳои заминии худ дар Ғазза ин мавзӯъро рад кардааст.
Лозим ба зикр аст, ки Исроил яке аз маъдуд режимҳои ҷаҳон аст, ки кӯдаконро дар зиндонҳои худ нигаҳ медорад ва онҳоро дар додгоҳҳои низомӣ муҳокама мекунад.
France24
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Буҳрони ҳувият
Исроил шурути Ҳамосро пазируфт

Матолиби пурбоздид