Фишори Apple, Disney ва IBM ба Илон Маск ба хотири мавозеи зидди исроилӣ

Фишори Apple, Disney ва IBM ба Илон Маск ба хотири мавозеи зидди исроилӣ
Ахбори байналмилал
Guardian
Ширкатҳои бузурги омрикоӣ монанди Apple, Disney ва IBM, ба далели мавзеъи Илон Маск муқобили Исроил, таблиғоти худ дар Х (Твиттери собиқ)-ро ба ҳолати таълиқ дароварданд. Ҳамчунин ширкати Lionsgate низ эълом карда, ки таблиғот дар Х-ро ба ҳолати таълиқ даровардааст.
Ба гузориши Guardian, пас аз ин ки Маск аз як ёддоште, ки бар хилофи майли исроилиҳост, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳимоят кард, Apple тамоми таблиғот дар Х-ро мутаваққиф кардааст.
Лозим ба зикр аст, ки Илон Маск, мудири ширкати SpaceX ва X, чанд рӯз пеш твиттҳое мунташир кард, ки бо вокунишҳои тунде рӯбарӯ шуд.
Маск аз “Иттиҳодияи зидди ифтиро” интиқод кард. “Иттиҳодияи зидди ифтиро” таҳти раҳбарии яҳудиён барои мубориза бо он чи онҳо “табъиз дар мавриди худ” медонанд, дар Иёлоти Муттаҳида фаъолият мекунад. Сипас Маск мустақиман гуфт, ки “Иттиҳодияи зидди ифтиро”, ки исроилӣ аст ва низ ақаллиятҳо паёмҳо ва дидгоҳҳое зидди сафедпӯстон мунташир мекунанд.
Ҷонотон Гринблатт, мудири “Иттиҳодияи зидди ифтиро”, дар посух ба твитти Маск, дар Х навишт: “Замоне, ки мухолифат бо Исроил дар ҳоли афзоиш аст ва дар саросари ҷаҳон мавҷ мезанад, истифода аз нуфузи худ барои эътибор бахшидан ва тарвиҷи он, бидуни шак хатарнок аст.”
Маск дар твиттҳои баъдӣ афзуд: “Ман амиқан аз паёмҳои “Иттиҳодияи зидди ифтиро”, ки амалан нажодпарастии зидди сафедпӯст ё нажодпарастии зидди осиёӣ ё нажодпарастӣ аз ҳар навъеро анҷом медиҳанд, озурдахотир ҳастам ва ҳолам аз онҳо баҳам мехӯрад.”
Акнун ин рафтор бар манофеъи тиҷории Илон Маск таъсир гузошта ва бисёре аз таблиғкунандагон монанди IBM ва Disney низ майле ба таблиғ дар расонаи иҷтимоии Маск, Х, надоранд ва таблиғоти худро мутаваққиф кардаанд.
Яке аз сухангӯёни IBM гуфт: “Таҳаммули IBM барои суханони табъизомезро надорад ва мо билофосила тамоми таблиғот дар Х-ро ба ҳолати таълиқ даровардаем, дар ҳоле, ки ин вазъияти ғайриқобили қабулро баррасӣ мекунем”.
Қаламонлайн
Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Раиси ҷумҳури Колумбия: “Натонёҳу девона аст”
Шод зиндагӣ кунед

Матолиби пурбоздид