Холид Машъал ба кишварҳои ғарбӣ: “Ба фикри минтақа баъд аз Исроил бошед!”

Холид Машъал хитоб ба кишварҳои ғарбӣ: “Ба фикри минтақа баъд аз Исроил бошед!”
Аlalam
Раиси Ҳамос дар хориҷ аз марзҳои Фаластини ишғолӣ гуфт, бархе сиёсатмадорони ғарбӣ дар бораи авзоъи Ғазза баъд аз Ҳамос сӯҳбат мекунанд, ки бояд вақти худро талаф накунанд, чаро ки чанд соли оянда дар бораи авзоъи минтақа баъд аз Исроил ба баҳсу гуфтугӯ хоҳанд нишаст.
Ба гузориши Алъолам, Холид Машъал, раиси дафтари сиёсии ҷунбиши муқовамати исломии Фаластин (Ҳамос) дар хориҷ аз марзҳои Фаластин, шомгоҳи ҷумъа, дар изҳороте, ба ташреҳи дастовардҳои муқовамат тайи ҳафтаҳои ахир пардохт.
Холид Машъал дар бахше аз изҳороти худ гуфт: “Баъд аз 49 рӯз таҷовузи теруристии саҳюнистҳо ва алорағми шаҳодати бархе аз размандагон ва аъзои аршад, ҳоли муқовамат хуб аст. Тунелҳои мо, муҳиммот ва таслеҳоти мо ҳама солим ҳастанд ва мо ҳамчунон қодир ба шиллики мушак ва ҳамла ба тонкҳои душман ҳастем”.
Машъал идома дод: “Размандагони далери мо тонкҳоеро, ки миллионҳо (доллар) арзиш доранд ва муҷаҳҳаз ба ҷадидтарин текнулужӣ ҳастанд, бо бомбҳои кучак мазҳакаи худ карданд ва буздилони дохили ин тонкҳоро аз по дароваранд”.
Ӯ ҳамчунин ишора кард: “Бархе аз сиёсатмадорони ғарбӣ дар бораи Ғаззаи баъд аз Ҳамос баҳс мекунанд. Ман ба онҳо мегӯям, вақти худро талаф накунед, тайи чанд сол иншоаллоҳ бояд авзоъи минтақа баъд аз Исроилро мавриди баррасӣ қарор диҳед”.
Холид Машъал ҳамчунин таъкид кард: “Ҳузури нерӯҳои байналмилалӣ ё арабӣ барои идораи Ғаззаро рад мекунем ва қаҳрамонони мо бахусус нерӯҳои пирӯзи гурдонҳои Қассом ин нақшаҳоро лагадмол хоҳанд кард”.
Ин изҳороти Холид Машъал баъд аз тавофуқи оташбаси муваққат дар навори Ғазза баён шудааст. Режими Исроил баъд аз 49 рӯзи ҳамлаи мудовим ба навори Ғазза ва вайронии бисёре аз таъсисоти ғайринизомӣ, дар натиҷа бесамар будани ҳамалот ва адами таҳаққуқи аҳдофи мавриди назар, бо оташбаси муваққат дар навори Ғазза мувофиқат кард.
Ин оташбас субҳи ҷумъа вориди фози иҷроӣ шуд ва ба дунболи он 13 асири исроилӣ таҳвили нерӯҳои Салиби сурх шуданд ва ба сарзаминҳои ишғолӣ бозгаштанд.
Аlalam
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Гуфтугӯи амниятии Ҳирот, бо мизбонии Тоҷикистон
Корбурди вожаи илм

Матолиби пурбоздид