Мақомоти CIA (ЦРУ) низ аз Фаластин ҳимоят ва аз Исроил интиқод карданд
Ахбори байналмилал
Шабакаи хабарии NBC News гузориш дод: пас аз он ки яке аз мақомоти аршади Созмони иттилооти марказии Омрико (CIA) тасвире дар ҳимоят аз Фаластинро дар Фейсбук мунташир кард, ин созмон ба коркунонаш ҳушдор дод, аз ирсоли паёмҳои сиёсӣ дар ин расонаи иҷтимоӣ худдорӣ кунанд.
NBC News ба нақл аз як мақоми омрикоӣ унвон кард: ин паёми ҳушдоромез, ки аз тариқи паёми электронӣ барои аъзои CIA ирсол шуда, “сирфан ба манзури ёдоварии сиёсати кунунӣ” аст.
Ин ҳушдори CIA аз тариқи паёми дохилӣ барои аъзои ин созмон ирсол шуда ва дар вокуниш ба интишори аксе аз фарде, ки парчами Фаластин дар даст дошт ва гоҳ дар интиқод аз режими саҳюнистӣ аз он истифода мешавад, тавассути дастёри муовини бахши таҳлили ин созмон дар сафҳаи Фейсбукаш будааст.
Рӯзномаи Financial Times барои аввалин бор хабари марбут ба интишори ин тасвир дар Фейсбуки мақоми аршади CIA-ро мунташир кард ва навишт: интишори тасвире комилан сиёсӣ дар шабакаи иҷтимоии умумӣ иқдоме бисёр нодир аз сӯйи як мақоми иттилоотӣ аст ва дар буҳбуҳаи танишҳо дар дохили давлати Омрико дар бораи фишори бештар бар Ҷо Бойден, раисиҷумҳур бар режими саҳюнистӣ барои поён додан ба ҷанги Ғазза мунташир шудааст.
NBC News навишт: паёми расонаи иҷтимоии ин мақоми CIA ва тавсияи дохилӣ ба коркунонаш барои парҳез аз изҳори назароти сиёсӣ, дар буҳбуҳаи ихтилофот дар давлати Омрико дар бораи мудирияти ҷанги Исроил ва Ҳамос дар Ғазза матраҳ шудааст. Садҳо нафар аз коркунони давлат дар номае саркушода ба Бойден, хостори оташбас барои ҳифозат аз ғайринизомиёни фаластинӣ шуданд.
Ба илова, даҳҳо нафар аз аъзои Вазорати хориҷаи Омрико дар як коноли дохилии маҳрамона, рӯйкарди Кохи сафедро дар бораи мудирияти ин ҷанг зери суол бурдаанд ва садҳо нафар аз коркунони Созмони тавсиа байналмилалии Омрико аз номаи интиқодомез аз давлати Омрико ҳимоят кардаанд.
Рӯзнома Financial Times аз эъломи номи ин мақоми CIA худдорӣ намуд, аммо хотирнишон кард, ки вай дар паёми дигаре акси селфӣ аз худро бо барчасби “Фаластинро озод кунед!” мунташир кард.