Худшиносӣ ва саодат – III

Худшиносӣ ва саодат – III

Бахши севвум ва ниҳоӣ

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Сухан дар бораи “худшиносӣ” буд ва ин ки “худ”-и инсон барои ӯ ҳанӯз маҷҳулу ношинохта аст ва намедонад, ӯ чист. Аммо бо ин вуҷуд, инсон ба гунае офарида шуда, ки он ҷавҳар (“худ”), бо камтарин таваҷҷӯҳ, барои ӯ макшуф мешавад…

Чаро дӯст доред барои дифоъ як амри муқаддас кушта шавед? Шумо, ки мӯътақидед, одам фақат ҳамин дунёро дорад ва охирате нест ва вақте мурд, дигар несту нобуд мешавад. Агар чунин боваре доред, пас чаро ҳозиред барои Ватан кушта шавед ва ҷон диҳед? Чаро?

Агар барои Ватан кушта шавед, магар ҳаёти дигаре ба шумо хоҳанд дод, ки дар он, ҷовидон хоҳед монд? Оё шумо дар ташхиси ин амри муқаддас (ки оё Ватан аст ё чизе дигар) иштибоҳ накардаед? Ва ба истилоҳ, дар ташхиси камол, иштибоҳ намекунед?…

Ва садҳо ва балки ҳазорон суоле ҳаст, ки ҷавобашон мисли равшании хуршед, барои инсон возеҳ аст ва инҷо фақат 6 суолро ба унвони намуна овардам ва ба зеҳнам омад. Барои ёфтани ҷавоби ин суолҳо фақат як таваҷҷӯҳ ва руҷӯъ ба замир ва пок кардани қалб аз зангорҳо кофист.

Ҷавоби ин суолҳо равшан ва возеҳанд. Ҷавоби онҳо “намедонам” нест. “Намедонам” он ҷост, ки вақте аз шумо як масъалаи воқеан маҷҳул ва ношинохтаеро бипурсанд ва шумо барои ин ки ба нодонӣ ва ҷаҳолат нисбататон надиҳанд, аз пеши худ чизе бибофед ва бигӯед. Аз афандӣ пурсиданд, либосат ба чӣ ранг аст? Ӯ, барои ин ки ба унвони як одами бофазилате шинохта шавад, дар ҷавоб гуфт: намедонам. Ҷавоб ба “намедонам” онҷо, ки бисёр равшан аст, ҳамоқат аст, на фазилат.

Баъзеҳо ҳастанд, ки бо як “намедонам”, худашонро роҳат кардаанд, мисли он шоир, ки:

Асрори азалро на ту дониву на ман,

В-ин ҳарфи муаммо на ту хониву на ман.

Ҳаст аз паси парда гуфтугӯйи ману ту,

Чун парда барафтад, на ту мониву на ман.

Ҷавоби ин суолҳо дар воқеъ дар худи онҳо нуҳуфта. Ва ҳамон тавр ки ҷавоби ин суол аз афандӣ, ки “либосат ба чӣ ранг аст?”, барои суолкунанда бисёр равшан аст, зеро ранги либоси ӯ ҷавоби онро медиҳад, ҳамин тавр посухи ин пурсиш, ки чаро дӯст дорем ба унвони инсони олим, огоҳ, бобасират ва хуб шинохта шавем низ бароямон бисёр возеҳ ва ҳувайдост.

Ҳамин ки “худ”-ро чунон меёбем, ки ба камолҳое чун илму қудрату ҳаёту ғайра (аз сифоти камолӣ) ороста бошем, на ин ки моро ба ҷаҳлу нодониву заъфу нотавонӣ нисбат диҳанд ва ҳамин ки дӯст дорем ҷовидона зинда бимонем ва несту нобуд нашавем, “худ”-и мо бо забони безабонӣ дод зада истодаем, ки: аз як олами дигарем, аз он ҷойем, ба он ҷо тааллуқ дорем ва ба қавли Муллои Румӣ:

Нақши ҷони хеш меҷустам басе,

Ҳеч менанмуд нақшам аз касе.

Гуфтам: охир ойина аз баҳри чист?

То бидонад ҳар касе, к-ӯ чисту кист?

Ойинай оҳан барои пӯстҳост,

Ойинай симои ҷон сангибаҳост…

Гуфтам: эй дил, ойинай куллӣ биҷӯ,

Рав ба дарё, кор барнояд ба ҷӯ.

З-ин талаб банда ба кӯйи ту расид,

Дард Марямро ба хурмобун кашид…

Ойинай куллӣ туро дидам абад,

Дидам андар чашми ту ман нақши х(в)ад.

Гуфтам: охир хешро ман ёфтам,

Дар ду чашмаш роҳи равшан ёфтам.

Пас, одам вақте “худ”-ашро шинохт, мутаваҷҷеҳ мешавад, ки ҷавҳари ӯ аз ҷойе дигар ва ба ин ҷаҳон тааллуқ надорад. Бале, бадани ӯ аз хок аст ва дар ин ҷиҳат байни ӯ ва байни соири мавҷудоти заминӣ – аз ҷамодоте мисли сангу кулӯх бигир то ҳайвоноте мисли моҳиву маймун – ҳеч фарқе вуҷуд надорад ва одамӣ модоме, ки дар рӯйи замин аст, маҳкуми қонунҳоест, ки бар соири махлуқоти заминӣ ҳукумат мекунад; ҷуз хӯрдану хобидан, дигар ҳеч дағдағае дар сар надошт; орзуи ҳаёти ҷовидона намекард, ҳозир набуд барои ҳадафҳои воло қурбон шавад, дӯст надошт ба сифоти камолӣ (мисли илму қудрату ҳаёт ва ғайра) ороста бошад, ҳозир набуд кушта шавад аммо обрӯяш нарезад ва хулоса мисли соири ҷамодоту ҳайвоноти заминӣ буд ва ҳеч фарқе бо онҳо надошт.

Вале ӯ “худ”-ро тофтае ҷудобофта ва мавҷуде бас воло ва бартар ва камолдӯсту камолхоҳ мебинад ва оромиши худро дар расидан ба камол меёбад. Аз ин ҷост, ки мебинед, инсон дар талошу кӯшиши доим аст, то ба чизҳое бирасад, ки онҳоро камол мепиндорад, вале ҳамин ки расид, мебинад ҳанӯз оромиш надорад; аташи камолхоҳии ӯ сероб нашуда. Билфарз агар ҳокими як мамлакат аст ва гумон мекард агар кишвари ҳамсояро тасоҳуб кунад, оромиш ба ӯ даст медиҳад, вале мебинем ҳамин ки онҷо мусаххари ӯ шуд, аммо ҳанӯз ором нест, балки инак мехоҳад бар кулли гетӣ тасаллут ёбад. Ва билфарз агар тамоми дунёро тасхир кард, боз ҳам ором намегирад; мехоҳад кураи Моҳ ва ё Миррихро тасхир кунад, гӯ ин ки оромиши ҳақиқии ӯ дар чизе дигар аст.

Пас, инсон ба дунболи як амри “мутлақ” аст, на маҳдуд. Ӯ илми мутлақро мехоҳад, на илми маҳдудро. Оромиши воқеии ӯ дар расидан ба қодири мутлақ аст, на қудрати маҳдуд. Гумон мекард, бо тасоҳуби кишвари ҳамсоя, аташи қудратхоҳии ӯ сероб мешавад ва ӯ ба оромиш мерасад. Аммо на. Сероб нашуд.

Ҳол, илми мутлақ, қудрати мутлақ, ҳаёти мутлақ (ки дар он маргу нобудӣ нест) куҷост, то инсон ба он бирасад ва оромиш ба ӯ даст бидиҳад?

Қуръони Карим чӣ қадр ин ҳақиқатро зебо баён мекунад; мефармояд:

أَلَا بِذِكْرِ اللَّهِ تَطْمَئِنُّ الْقُلُوبُ

“Огоҳ бошед, ки фақат ба ёди Худо дилҳо оромиш меёбанд!” (Сураи Раъд, ояти 28)

Ҳаёти мутлақ, илми мутлақ ва қудрати мутлақ дар воқеъ ин Худост, офаридгори инсон аст.

Зарурати “худшиносӣ” инҷо барои инсон маълум мешавад, зеро калиди Худошиносӣ худшиносӣ аст. Пас, беҷиҳат нагуфта будаанд, ки:

مَنْ عَرَفَ نَفْسَهُ فَقَدْ عَرَفَ رَبَّهُ

“Ҳар кас “худ”-ашро шиносад, Худояшро шинохтааст.”

Ва бо ин ки ин ҷумла ба унвони ҳадиси ҳазрати Паёмбар (с) маъруф аст, вале бино ба эътиқоди бештари ҳадиспажӯҳон, ҳадис нест, балки як гуфтори ҳикматомез аст, ки қабл аз ислом ҳам буда, Суқрот ҳам онро гуфтааст, дар Ҳинд ҳам хелеҳо онро гуфтаанд.

Аммо ин ба он маъно нест, ки дар маорифи исломӣ чунин чизе вуҷуд надорад. На, ҳаст ва балки беҳтар аз он гуфта шудааст. Тавзеҳ ин ки: дар ҷумлаи фавқ (“Ҳар кас “худ”-ашро шиносад, Худояшро шинохтааст”), ду маърифат (шинохт) вуҷуд дорад: яке, маърифати “худ”, дигаре, маърифати Худо. Яъне аввал “худ”-атро бишнос, то баъд аз он мунтақил бишавӣ ба маърифати Худо.

Аммо аз назари ислом, барои Худошиносӣ ниёзе ба ду маърифат (шинохт) надорем; як маърифат (шинохт) кофист. Чӣ хел? Ояте дар Қуръон (Сураи Аъроф, ояти 172) ҳаст маъруф ба “ояти Зар”; мефармояд:

وَإِذْ أَخَذَ رَبُّكَ مِن بَنِي آدَمَ مِن ظُهُورِهِمْ ذُرِّيَّتَهُمْ وَأَشْهَدَهُمْ عَلَى أَنفُسِهِمْ أَلَسْتُ بِرَبِّكُمْ قَالُواْ بَلَى شَهِدْنَا أَن تَقُولُواْ يَوْمَ الْقِيَامَةِ إِنَّا كُنَّا عَنْ هَذَا غَافِلِينَ

“Ва ҳангоме, ки Парвардигорат аз пушти фарзандони Одам зуррияи ононро баргирифт ва эшонро бар худашон гувоҳ сохт, ки оё ман Парвардигори шумо нестам? Гуфтанд: Бале, гувоҳӣ додем. То мабодо рӯзи қиёмат бигӯед, мо аз ин ғофил будем”. (Сураи Аъроф, ояти 172)

Мегӯяд, замонеро ёд кун, ки Худованд худи башарро ба худашон гувоҳ (шоҳид) сохт:

أَشْهَدَهُمْ عَلَى أَنفُسِهِمْ أَلَسْتُ بِرَبِّكُمْ

Яъне худашонро ба худашон нишон дод. Ва ҳамин ки башар худашро дид, Худо гуфт: оё ман Парвардигори шумо нестам? Гуфтанд: бале.

Қуръон намегӯяд, Худо худашро ба башар нишон дод ва баъд гуфт, оё ман Парвардигори шумо нестам? Балки мегӯяд, башарро ба худи башар нишон дод ва гуфт: оё ман Парвардигори шумо нестам?

Ҳеч кас ба ин зебоӣ ва ҷаззобият, ки дар ин ояти рамзомези Қуръон омадааст баён накарда ба ин ки “башарро ба башар нишон дод ва гуфт, худатро бибин! Ҳамин ки худашро дид, Худо фармуд: манро хуб мебинӣ?” Аз назари ислом, “худшиносӣ” ва “Худошиносӣ” бо якдигар омехтааст. Мегӯяд, ту худатро бибинӣ, манро дидаӣ, худатро бишносӣ, маро шинохтаӣ. Яъне ин қадр ин ду маърифат ба ҳам наздиканд, ки агар инро бибинӣ, онро ҳам дидаӣ.

Хулоса, дигарон дуто маърифат дар канори ҳам қарор додаанд, вале Қуръони Карим ба як таъбир мегӯяд, ҳамон маърифати нафс кофист. Агар маърифати нафс бошад, маърифати Худо ҳам ҳаст. Ин қадр маърифати нафс бо маърифати Худо якест! Мисли нигоҳ кардан ба ойина аст. Дар айни ин ки ойина ғайр аз сурате аст, ки дар он аст, аммо агар ойинаро бибинӣ, наметавонӣ суратро даруни он набинӣ.

Дар ояти дигаре мефармояд:

وَلَا تَكُونُوا كَالَّذِينَ نَسُوا اللَّهَ فَأَنسَاهُمْ أَنفُسَهُمْ أُوْلَئِكَ هُمُ الْفَاسِقُونَ

“Ва ҳамонанди касоне мабошед, ки Худоро фаромӯш карданд, пас ӯ ононро дучори худфаромӯшӣ кард, онон ҳамон нофармононанд”. (Сураи Ҳашр, ояти 19)

Чаро натиҷаи фаромӯш кардани Худо, худфаромӯшӣ аст? Чӣ таносубе байни Худофаромӯшӣ бо худфаромӯшӣ аст? Чаро нагуфт, агар Худоро фаромӯш кардед, Худо ҳам шуморо фаромӯш мекунад, то байни он ду таносуб бошад?

Сирраш он аст, ки фаромӯшии худ баробар аст бо фаромӯшии Худо; зеро шинохти худ баробар аст бо шинохти Худо. Чунин нест, ки вақте инсон Худоро фаромӯш намояд, Худо ҳам коре мекунад, ки баъд аз он инсон худашро фаромӯш кунад. Ин як фармони қарордодӣ нест, балки як қонуни ҳастист. Яъне вақте аввалӣ омад, дуввумӣ ҳам ба таври худкор омадааст. Ҳамон гуна ки вақте инсон худашро шинохт, худ ба худ Худоро ҳам шинохт, яъне як илм бо ду маълум ва як шинохт бо ду шиносо, на ду шинохт ва ду илм. Ин ду оят сароҳатан ба мо мерасонад, ки маърифати Худо ва Худошиносӣ, як амри фитрист, ки инсон ҳангоми хилқат бо он ошно шудааст. Ҳамин ки инсон худро шинохт, Худоро ҳам шинохт. Агар худшиносӣ як амри фитрист, пас Худошиносӣ ҳам як амри фитрист:

فَأَقِمْ وَجْهَكَ لِلدِّينِ حَنِيفًا فِطْرَةَ اللَّهِ الَّتِي فَطَرَ النَّاسَ عَلَيْهَا لَا تَبْدِيلَ لِخَلْقِ اللَّهِ ذَلِكَ الدِّينُ الْقَيِّمُ وَلَكِنَّ أَكْثَرَ النَّاسِ لَا يَعْلَمُونَ

“Пас рӯйи худро бо гароиши тамом ба ҳақ, ба сӯи ин дин кун; бо ҳамон сириште, ки Худо мардумро бар он сириштааст. Офариниши Худо тағйирпазир нест. Ин аст ҳамон дини пойдор, вале бештари мардум намедонанд”. (Сураи Рум, ояти 30)

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Шӯхи боданӯш
Ормонҳои сиёсӣ

Матолиби пурбоздид