Кудаки боадаб кадом аст?

Адаб

Кудаки боадаб кадом аст?

Кадом хусусиятҳо нишонаи кудаки боадаб аст?

1 – Кӯдаки боадаб мавқеиятҳо ва шароити гуногунро зуд мепазирад ва бо масоили нохушоянд ва нокомиҳо канор меояд, пархошгарӣ, беадабӣ ва бетобӣ намекунад.

2 – Як кӯдаки боадаб маҳдудиятҳоро ба сурати мантиқӣ қабул мекунад ва қоидаву қонунҳои хонавода, боғчаи бачаҳо ва ё мактабро риоят мекунад.

3 – Дар корҳои гурӯҳӣ ва бозиҳои гурӯҳӣ ҳамроҳӣ мекунад.

4 – Бо ҳамсинну солҳои худ зуд рафиқу дӯст мешавад. Ба мушкилоти дигарон аҳамият медиҳад ва ба дӯстонаш кумак мекунад.

Ҳоло ки хусусиёт ва меъёрҳои бачаи боадабро шинохтем, чӣ кор кунем, ки фарзандамон ба ин ахлоқи хуб ороста шавад?

Аввалан рафторҳо ва гуфторҳои мо сармашқи фарзандонамон аст ва бинобар ин, бояд рафтору гуфтори дурустро пеши фарзандон риоят кунем.

Масъалаи баъдӣ ин аст, ки фарзандамон бояд ҳадду марзҳоро бишносад то аз ҳадди худаш нагузарад. Маҳдудиятҳоро бояд ба кӯдакамон ба шакли муҳтарамона омӯзиш диҳем.

Масъалаи севвум ин ки бояд талош кунем, фарзандамон мантиқӣ бошад, ба ин маъно, ки ба воқеаҳои зиндагӣ ба унвони як масъала ва пешомади табиӣ нигоҳ кунад. Аз тарафе ҳам мо ба унвони падару модар пархошгарӣ ва баддаҳанию рафторҳои номуносиби фарзандамонро таҳаммул кунем ва бояд саъй кунем барои рафторҳои ӯ далел пайдо кунем. Масалан пархошгарӣ ва баддаҳании ӯ мумкин аст ба ин маъно бошад, ки ӯ мехоҳад таваҷҷҷуҳ ва диққати моро ба худаш ҷалб кунад, мехоҳад ӯро бубинем, мехоҳад мавриди таваҷҷуҳамон қарор гирад. Пас, рафтори мантиқӣ аз худамон нишон диҳем.

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Мӯъмин ва наҳйи аз мункар
Рӯзона мутолиа дошта бошем

Матолиби пурбоздид