Паёмбарон ва нақши торихии онон – 1
Назарияҳои мухталиф дар ин бора
Оё паёмбарон нақши мусбат ё манфие дар ҳаракати таърих доштаанд, ё ба куллӣ фоқиди нақш будаанд?
Агар нақше доштаанд, чӣ нақше будааст?
Мусбат буда ё манфӣ?
Ин ки паёмбарон нақши муассире дар таърих доштаанд ва мардуме беасару нақш набудаанд, ҳатто аз тарафи мухолифони дин ҷои инкор нест.
Паёмбарон дар гузашта мазҳари як қудрати азими миллӣ будаанд. Қудратҳои миллӣ дар гузашта – дар муқобили қудратҳои сарчашмагирифта аз зўру зар – маҳдуд буда ба қудратҳое, ки аз гароишҳои хунӣ ва қабилаӣ ва миҳанӣ, ки сарони қабилаҳо ва сардорони миллӣ мазҳари он ба шумор мерафтаанд ва низ қудратҳое, ки аз гароишҳои эътиқодӣ ва имонӣ, ки паёмбарон ва арбоби дин мазҳари он ба шумор мерафтаанд, сарчашма мегирифтааст. Дар ин ки паёмбарон ба пуштибонии нерўи мазҳабӣ, қудрате будаанд сухане нест. Сухан дар ҷиҳати амалкарди ин нерўст. Ин ҷост, ки назариёти мухталиф иброз шудааст.
а) Гурўҳе маъмулан дар осор ва навиштаҳои худ бо як истидлоли сода муддаӣ он мешаванд, ки нақши паёмбарон манфӣ будааст, ба ин баён, ки ҷиҳатгирии паёмбарон, ҷиҳатгирии маънавӣ ва зидди дунёӣ будааст, меҳвари таълимоти паёмбарон рўйгардонӣ аз дунё ва таваҷҷўҳ ба охират, пардохтан ба дарун ва раҳо сохтани берун, гароиш ба зеҳният ва гурез аз воқеъият будааст. Аз ин рў ҳамеша нерўи дин ва паёмбарон, ки мазҳари ин нерў будаанд, дар ҷиҳати дилсард кардани башар аз зиндагӣ ва ба манзилаи як монеъаяе барои пешрафт будааст ва ба ин тартиб нақши паёмбарон дар таърих ҳамвора манфӣ будааст. Маъмулан афроде, ки ба худ номи “рўшанфикр” мениҳанд ин чунин изҳори назар мекунанд.
б) Гурўҳе дигар ба наҳве дигар нақши арбоби динро манфӣ муаррифӣ мекунанд. Инон бар акси гурўҳи аввал барои арбоби дин ҷиҳатгирии дунёгароёна қоиланд ва ҷиҳатгирии маънавии ононро фиребе ва пўшише бар рўи ин ҷиҳатгирӣ медонанд ва муддаӣ ҳастанд ин ҷиҳатгирии дунёгарона ҳамвора дар ҷиҳати ҳифзи вазъи мавҷуд ва ба суди табақаи забардаст ва бар зидди табақаи зердаст ва дар ҷиҳати мубориза бо такомули ҷомеа будааст. Муддаӣ ҳастанд, ки таърих монанди ҳар падидаи дигар ҳаракати диалектикӣ дорад, яъне ҳаракати сарчашмагирифта аз тазодди дарунӣ. Бо пайдоиши моликият ҷомеа ба ду табақаи ба ҳам зид тақсим шуд: табақаи ҳоким ва баҳракаш ва дигар табақаи маҳрум ва баҳрадеҳ. Табақаи ҳоким ҳамеша тарафдори ҳифзи вазъи мавҷуд барои ҳифзи имтиёзоти худ будааст ва ало рағми такомули ҷабрии абзори тавлид мехоҳад ҷомеаро дар як ҳол нигаҳ дорад. Аммо табақаи маҳрум ҳамоҳанг бо такомули абзори тавлид мехоҳад вазъи мавҷудро вожгун созад ва вазъи комилтаре ҷонишини он созад. Табақаи ҳоким дар се чеҳраи мухталиф нақши худро анҷом додааст: дин, давлат ва сарват. Ба иборати дигар, омили зўр, омили зар ва омили фиреб. Нақши арбоби дин ғофилсозӣ ва фиреб ба суди ситамгарон ва истисморгарон будааст. Охиратгароии арбоби дин воқеъӣ набуда, фиребе буда бар чеҳраи дунёгароии онон барои тасхири виҷдони табақаи маҳрум ва инқилобӣ ва пешрав. Пас нақши таърихии арбоби дин аз он ҷиҳат манфӣ буда, ки ҳамвора дар ҷаноҳи табақаи кўҳнагаро ва муҳофизакор ва тарафдори ҳифзи вазъи мавҷуд – яъне соҳибони зару зўр – будааст. Назарияи марксизм дар тавҷеҳи таърих ҳамин аст. Аз назари марксизм се омил (дин, давлат ва сарват) ҳамзоди асли моликият ва дар тўли таърих омилҳои зидди халқӣ будаанд.
в) Баъзе дигар таърихро ба навъе дигар ва бар зидди назарияи боло тафсир мекунанд ва дар айни ҳол нақши дин ва мазоҳири он, яъне паёмбаронро манфӣ медонанд. Инон муддаӣ ҳастанд қонуни такомули табиат ва такомули таърих бар асоси ғалабаи зўрон ва ҳазфи заифон аст. Нерўмандон омили пешрафти таърих ва заифон омили таваққуф ва инҳитот буда ва ҳастанд. Дин ихтирои заифон барои таваққуфи зўрон аст. Арбоби дин мафҳумҳои адл, озодӣ, ростӣ, дурустӣ, инсоф, муҳаббат, тараҳҳум, таовун ва ғайраро ва ё ба иборати дигар ахлоқи бардагиро ба суди заифон, яъне табақаи ақабмонда ва зидди такомул ва ба зиёни табақаи зўрон, яъне табақаи пешрав ва омили такомул ихтироъ карданд ва виҷдони зўронро таҳти таъсир қарор доданд ва монеъи ҳазф ва аз байн рафтани заифон ва низ монеъи ислоҳ ва беҳбуди нажоди башар ва пайдоиши абармардҳо гаштанд. Бинобарин нақши дин ва паёмбарон, ки мазҳари ин нерў будаанд, аз он ҷиҳат, ки тарафдори “ахлоқи бардагӣ” ва бар зидди “ахлоқи хоҷагӣ” – ки омили такомули таърих ва ҷомеа аст – будаанд, манфӣ будааст. Ниче файласуфи маъруфи олмонӣ тарафдори ин назария аст.
г) Аз се гурўҳи боло, ки бигзарем, гурўҳҳои дигар ҳатто мункирони дин нақши паёмбаронро дар гузашта мусбат ва муфид ва дар ҷиҳати такомули таърих медонанд. Ин гурўҳҳо аз тарафе ба муҳтавои таълимоти ахлоқӣ ва иҷтимоии паёмбарон ва аз тарафи дигар ба воқеъиятҳои айнии таърихӣ таваҷҷўҳ кардаанд ва ба ин натиҷа расидаанд, ки паёмбарон дар гузашта асоситарин нақшҳоро дар ислоҳ ва беҳбуд ва пешрафти ҷомеаҳо доштаанд. Тамаддуни башар, ду ҷанба дорад: моддӣ ва маънавӣ. Ҷанбаи моддии тамаддун ҷанбаи фаннӣ ва санъатии он аст ки давра ба давра такомул ёфта то ба имрўз расидааст. Ҷанбаи маънавии тамаддун марбут ба равобити инсонии инсонҳост. Ҷанбаи маънавии тамаддун натиҷаи талоши паёмбарон аст ва дар партави ҷанбаи маънавии тамаддун аст, ки ҷанбаҳои моддии он низ маҷоли рушд меёбад. Бинобарин нақши паёмбарон дар такомули ҷанбаи маънавии тамаддун ба таври мустақим аст ва дар такомули ҷанбаи моддӣ ба сурати ғайри мустақим.
Аз назари ин гурўҳҳо дар нақши мусбати таълимоти паёмбарон дар гузашта сухане нест, танҳо ин ки баъзе аз ин гурўҳҳо нақши мусбати ин таълимотро маҳдуд ба гузашта медонанд ва имрўз давраи ин гуна таълимотро тамомёфта мешуморанд ва муддаӣ ҳастанд, ки бо пешрафти илм, таълимоти динӣ нақши худро аз даст дода ва дар оянда бештар аз даст хоҳад дод. Вале баъзе дигар муддаӣ ҳастанд, ки нақши имон ва идеологияи динӣ нақшест, ки ҳаргиз пешрафтҳои илмӣ ҷойгузини он нахоҳад шуд, ҳамчунон ки мактабҳои фалсафӣ низ натавонистаанд ҷойгузини он гарданд. Дар миёни нақшҳои мухталифе, ки паёмбарон дар гузашта доштаанд аҳёнан мавридҳое пайдо мешавад, ки такомули шуъури иҷтимоии башар мўҷиби бениёзӣ аз пуштвонаи таълимоти динист. Вале асоситарин нақшҳо ҳамонҳост, ки дар гузашта буда ва дар оянда ба қуввати худ боқӣ хоҳад буд.
Идома дорад…
Қаламонлайн