Қазоқистон дар дуроҳаи демукросӣ ва қавмгароӣ

Таҳлили хабарӣ

Қазоқистон дар дуроҳаи демукросӣ ва қавмгароӣ

Бахши аввал

Таҳлил

Миллатсозӣ дар Қазоқистон

Анор Бейкбосова

Мақомоти Қазоқистон бар аҳамияти тавсиаи фарҳангҳои қавмии мухталиф таъкид мекунанд ва аз мардум мехоҳанд, ки ба ҳувияти мадании худ фикр кунанд.

Чунин кушишҳое тавассути идеологҳои давлатӣ борҳо анҷом шуд, аммо мардум ҳанӯз дар Қазоқистони қадимии Назарбоев боқӣ мондаанд.

Раиси ҷумҳури дуввум Тоқаев мегӯяд, ки намоди ҳувият бояд паспорт ва парчами Қазоқистон бошад, дар ҳоле ки намояндагони ҳизби ҳокими Амонат пешниҳоди ҳазфи сутуни қавмият аз аснодро доранд.

Шӯравизудоии дерҳангом

Асноди сиёсати эъломшуда дар даврони раёсати ҷумуҳурии Нурсултон Назарбоев, ки барои сохтани кишвари маданӣ эълом шуда буд, дар Қазоқистон мутафовит аст. Бархе иддао мекунанд, дуктурини ҳувияти миллӣ, (ки дар соли 2010 ба тасвиб расид), идеяи миллии “Mengilik Yel” (2012; ба маънои “кишвари абадӣ”) ё барномаи миллии “Rukhani zhangyru” (2017; ба маънои “таваллуди муҷаддади маънавӣ”) ба ҳифзи тавофуқи байни қавмӣ кумак кард.

Бархе бар ин боваранд, ки ин талошҳо таъсири муҳимме надоштаанд. Ба гуфтаи Ойдус Сорим, узви порлумон, ҳамаи масоили миллатсозӣ ва истеъморзудоӣ ғолибан тавассути мақомот канор гузошта шудааст. Дар аввалҳои даҳаи навадум, теъдоди қазоқҳо дар кишвар кам буд, наздик ба 40 дарсад ва дар даҳаи 2000-ум ислоҳоти сиёсӣ дар дастури кор набуд, зеро аз долларҳои нафтӣ барои ҳалли мушкилоти истифода мешуд.

Ба гуфтаи Ойдус Сорим, замоне ки Қонуни асосӣ дар соли 1995 тасвиб шуд, мо бояд дар тӯли се сол ба ҳукумати маҳаллӣ тағйир пайдо мекардем. Аз он замон 26 сол мегузарад ва мо ҳануз ба самти мудирияти маҳаллӣ ҳаракат накардаем. Ин гуна мушкилот ба интихоби модели иқтидоргаро бармегардад. Ва тасбити он ба вазъияте мунҷар шуд, ки модели бозор ва сармоядории гузинишшуда, натавонист ҷамъияти рӯ ба рушдро маҳор кунад ва боиси норизоятии мардум аз кайфияти истеъморзудоӣ ва шуравизудоӣ шудааст.

Ба гуфтаи коршиносон, дар солҳои ахир тағйироте дар тасвири иҷтимоӣ-фарҳангии шаҳрҳо ва шаҳракҳо эҷод шудааст. Русзабонон шурӯъ ба ёдгирии забони давлатӣ кардаанд, ин масъала бавижа бо вуқуи ҷанг дар Украина, дар шаҳрҳо бештар мушоҳида мешавад.

Фарҳод Каснов – таҳлилгари сиёсӣ ва раиси андешкадаи “А+Аnаlytics” гуфт:

“Путин дар як, ду сол, (бо оғози ҷанги Украина) бештар аз 30 соли гузаштаи мо, истиқлолро барои миллатсозии Қазоқистон ба армуғон овардааст”.

Каснов бо ишора ба фазои ҳоким дар кишвар гуфт, ки яке аз мутолиоти анҷомшуда тавассути “А+Аnаlytics” нишон медиҳад, ки теъдоди афроде, ки муътақиданд Русия Қазоқистонро ба унвони як кишвар таҳдид мекунад, афзоиш ёфтааст. Қаблан ин афрод 15 фоиз буданд ва акнун ҳудуди 30 фоизро ташкил медиҳанд.

“Ин огоҳӣ вуҷуд дорад, ки як душмани хориҷии эҳтимолӣ вуҷуд дорад ва душмани хориҷӣ ҳамеша мардумро муттаҳид мекунад, зеро мардум монанди Украина ҷанг намехоҳанд. Эҳсоси таҳдид ва хатар комилан ҳис мешавад”.

Бо ин ҳол, вазъият дар кишвар фарқ кардааст. Ба унвони мисол, мутолиоти анҷомшуда дар шаҳрҳои минтақаи Караганда, ки аксаран русзабонон дар он сокинанд, нишон медиҳад, ки ҷанг дар Украина бар дидгоҳи онҳо таъсире надоштааст.

“Шаҳрҳое дар он минтақа вуҷуд дорад, ки ҷавонон онҷоро тарк мекунанд ва дигар ба он ҷо барнамегарданд. Мо бар ин бовар будем, ки ҷараён ба далели чунин иттифоқе коҳиш меёбад ва шаҳрвандии Русия монанди қабл, ҷаззоб нахоҳад буд, аммо ин тавр нашуд”.

Идома дорад…

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Як ҳақиқат
Рушди ҷамъияти кишвар рӯ ба коҳиш аст

Матолиби пурбоздид