Паёми Яҳё Синвор ба раиси дафтари сиёсии Ҳамос

Паёми Яҳё Синвор ба раиси дафтари сиёсии Ҳамос
Ахбори байналмилал
Аljazeera
Ба гузориши шабакаи Алҷазира, Яҳё Синвор, раиси Ҷунбиши муқовамати исломии Ҳамос дар навори Ғазза, як паёми муҳим ба раис ва аъзои дафтари сиёсии ин ҷунбиш ирсол карда ва дар он ишора кардааст, ки гурдонҳои Иззуддин Қассом дар ҳоли набарди шадид, хашин ва бесобиқае алайҳи нерӯҳои ишғолгари исроилӣ аст ва талафоти сангине ба артиши Исроил ворид овардаанд.
Бар асоси ин гузориш, Синвор дар ин паём афзудааст: “Гурдони Қассом дар ҷанги заминӣ, дастикам 5 ҳазор сарбоз ва афсарро ҳадаф қарор доданд, ки як севвуми онҳо кушта, як севвум ба шиддат захмӣ ва як севвуми охир низ ба таври доим дучори маълулият шудаанд”.
Бар асоси ин гузориш, Синвор ҳамчунин ишора кардааст, ки дар ин даргириҳо 750 мошини низомии артиши Исроил ба сурати куллӣ ва ҷузъӣ тавассути нерӯҳои Қассом мунҳадим шудааст.
Синвор идома дод: “Гурдони Қассом артиши Исроилро дарҳам шикаста ва ба роҳи худ дар ин хусус идома медиҳанд ва ҳаргиз таслими шурути ишғолгарон нахоҳанд шуд”.
Раиси Ҳамос дар Ғазза дар ин паём, муқовамати мардуми Фаластин дар навори Ғаззаро арҷ ниҳода ва ёдовар шудааст: “Онҳо намунаҳои беназире аз фидокорӣ, қаҳрамонӣ, ҷавонмардӣ ва ҳамбастагӣ ироа карданд, ки назир надорад ва вазифаи раҳбарии сиёсӣ, шитоб дар беҳбуд бахшидани захмҳои мардум ва тақвияти муқовамати онҳост”.
Паёми Яҳё Синвор дар пайи пешниҳодҳое мунташир мешавад, ки раҳбарии Ҳамос аз ҷониби ишғолгарон дарёфт кардааст; пешниҳодҳое, ки мутамаркиз бар оташбаси башардӯстонаи муваққат аст. Ин дар ҳолест, ки Ҳамос бар оташбаси фарогир дар Ғазза таъкид дорад.
Аljazeera
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Middle East Eye: “Натонёҳу мехост Ҳамосро нобуд кунад, аммо мумкин аст Исроил фурӯ бипошад”
Таодули иҷтимоӣ

Матолиби пурбоздид