Сохтори сиёсии матлуб дар назди Ибни Сино

Сохтори сиёсии матлуб дар назди Ибни Сино

Шайхурраис дар яке ду асари худ дар бораи анвоу ақсоми сохторҳо ва низомҳои сиёсӣ баҳс карда ва дар охир низоми матлуб ва хуб ва писандидаро, ки кадом аст баён карда. Инак, низомҳои сиёсӣ аз назари Ибни Сино:

1) Низоми сиёсии ваҳдонӣ (худкома): Ибни Сино дар бораи иллати номгузории ин навъ низоми сиёсӣ мегӯяд: “Ба ин далел ин ҳукуматро ваҳдонӣ меномем, ки раҳбари он аз ширкат додани ҳар кас дар мақом ва манзилати худ худдорӣ меварзад.” (1) Ҳадафи сиёсати ваҳдонӣ, ба таслими маҳз водоштани мардуми мадина (ҷомеа) аст;

2) Низоми сиёсии каромат: Дар ин навъ аз ҳукумат, раиси мадина (ҷомеа) масолеҳи мардумро риоят мекунад, аммо на ба хотири ивази моддии хосс, балки барои ин ки онон дар таъзим ва такрими вай бикӯшанд. Ин низоми сиёсӣ, эътибор ва ифтихорталаб аст ва дар он, иззат ва ифтихори қавмӣ ва миҳанӣ бар ҳама чиз муқаддам аст;

3) Низоми сиёсии фикрия: Ибни Сино ин низомро чунин таъриф мекунад: “Риёсати фикрия чунин аст, ки пешво сарватманд бошад ва риёсат, раҳбарӣ ва тадбири умури дигаронро ба хотири сарваташ ба даст оварад, аммо бидуни он ки ҷанбаи зӯр ва ғалаба дошта бошад.”

4) Низоми демукросӣ: Ибни Сино айнан вожаи демукросиро ба кор бурда ва дар таърифи ин низом мегӯяд: “Сиёсати демукросӣ он аст, ки ҳамаи аҳолии мадина (ҷомеа) дар муқобили қонун баробар ва аз ҳуқуқ ва каромати яксоне бархӯрдор бошанд… Дар ин низом, касе наметавонад ба ҷуз аз роҳи иҷмоъ ва иттифоқи назари ҳамагон, ба мақоми риёсат бирасад. Онон ҳар вақт бихоҳанд метавонанд он раисро тағйир бидиҳанд.” (2) Ибни Сино мегӯяд: “Ҳадафи ниҳоии низоми демукросӣ озодӣ аст.” (3)

Эроду ишколи Бӯалӣ бар низоми сиёсии демукросӣ ин аст, ки мегӯяд, меъёри интихоби тӯдаи мардум, лузуман шоистагии ҳоким нест, балки чи басо касеро баргузинанд, ки шоиста нест, вале ба ҳар далел аз ӯ хушашон биёяд.

5) Низоми сиёсии суқротӣ: Дар ин низом, раҳбари ҷомеа сирфан ба далели истеҳқоқ ва шоистагие, ки дорад, ба мақоми риёсат расида, чаро ки бар вазъи сунан ва қавонин ва ё ҳифз ва ҳиросати онҳо тавоноӣ дорад. Дар ин сохтор, ҳокимро ҳакимони мадина (ҷомеа) интихоб мекунанд.

Низом ва сохтори сиёсии матлуб ва хуб ва писандида аз назари Ибни Сино, ҳамин қисм яъне сохтори сиёсии суқротӣ аст. Бӯалӣ дар “Илоҳиёти Шифо” ин сохторро бар низоми нубувват татбиқ додааст. (4)

Поварақӣ:

(1) Муҳаққиқи Домод, “Дин, фалсафа ва қонун”, ба нақл аз “Аҳволун-нафс”-и Ибни Сино, с.69.
(2) Ибни Сино, “Шифо” (Мантиқ), с.62.
(3) Манбаи пешин, с.83
(4) Абулфазли Шакурӣ, “Фалсафаи сиёсии Ибни Сино”, с.329-349.

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳақиқати зуҳд
Таслими Исроил дар баробари шартҳои муқовамат

Матолиби пурбоздид