Тақво ва покдоманӣ дар ҷавонӣ
Аҳамияти тақво ва покдоманӣ барои ҷавонон, вақте маълум мегардад, ки тамоюлот ва эҳсосоти ҷавонӣ дар назар гирифта шавад. Барои ҷавоне, ки дар маърази туғён ва шаҳватҳои зудгузар, аммо дилкаш қарор мегирад ва хоҳишҳои нафсонӣ ва шайтонии ҷинсӣ ва ҳатто тахаюл ва фикрҳои ҷинсӣ ӯро иҳота кардааст, тақво ва покдоманӣ як марҳам ва давои бемонанд, сад ва ҳисор хоҳад буд, ки ӯро аз ҳамлаҳои душманони ошкору ниҳон нигоҳ медорад ва аз тирҳои шайтонӣ маҳфуз мемонад.
Ҳазрати Алӣ(р) мефармояд:
«اعلموا عبادالله ان التقوی دار حصن عزيز»
Бидонед, эй бандагони Худо, ки тақво ҳисор ва қалъаи мустаҳкам ва нуфузнопазир аст.
Шаҳид Мутаҳҳарӣ дар ҳамин боб мегӯяд:
Набояд ин тасаввур шавад, ки тақво аз нишонаҳо ва мухтассоти диндорӣ аст, ҳамчун намоз ва рӯза, балки тақво лозимаи инсоният аст. Инсон агар бихоҳад аз тарзи зиндагии ҳайвонӣ ва ҷангалӣ берун барояд, ночор аст, ки тақво дошта бошад.
Ҷавон, ҳамеша дар ин дуроҳӣ қарор дорад ва ба сӯи ду нуқтаи зидди ҳам кашида мешавад. Аз як тараф, нидои виҷдони ахлоқӣ ва илҳоми илоҳӣ ӯро ба сӯи хубӣ мекашонад ва аз тарафи дигар ғариза ва хоҳишҳои нафсонӣ ва шайтонӣ, ӯро ба бадиҳо мекашад. Албатта чун хостаҳои нафсонӣ барои инсон бештар ҷозиба дорад, пас ӯро бештар мекашонад, махсусан агар ҷавон бошад!
Аммо фақат он ҷавоне, ки худро бо силоҳи имон ва тақво муҳофизат кунад аз ин ҷанг бо саломатӣ берун меравад.
Ҳазрати Юсуф(а) ҳам дар партави ҳамин сифати некӯ буд, ки худро аз шарри Шайтон ва ҳамлаи нафсонии Зулайхо раҳонид ва имтиҳонро бо сарбаландӣ қабул шуд.
Қаламонлайн