Ёддошти бисёр аҷиби вазири хориҷаи Англис
Дэвид Кэмерон, вазири хориҷаи Ангилис, дирӯз (31 декабр), дар шабакаи иҷтимоии Х (Твиттери собиқ) дар бораи сӯҳбати телефонии худ бо вазири хориҷаи Эрон гуфта ва сипас ҳарфи бисёр аҷибе зада. Вай навишта:
“Ман ба сароҳат эълом кардам, ки Эрон бо таваҷҷӯҳ ба ҳимояти тӯлонимуддати худ аз Ҳусиҳо, масъулияти пешгирӣ аз ин ҳамалотро бар ӯҳда дорад…”
Ҳоло, аввалаш бисёр аҷиб аст, менависад: “Ин ҳамалот (яъне ҳамалоти яманиҳо), ҷони мардуми бегуноҳ ва иқтисоди ҷаҳониро ба хатар меандозад.”
Ин одам мисли ин ки мутаваҷҷеҳ нест, барои чӣ яманиҳо чунин мекунанд?! Мисли ин ки мутаваҷҷеҳ нест, ки яманиҳо ин корро айнан ба хотири ҳамон чизе анҷом медиҳанд, ки Кэмерон мегӯяд, яъне хуни “мардуми бегуноҳ” рехта мешавад. Ё хуни саҳюнистҳо рангин аст?! Набояд онҳо зарару зиён бибинанд ва аммо фаластиниҳо ба назари ин одам, ҳар чи кушта шаванд ва ҳар чи зарару зиён бибинанд, табиист.
Инҳо воқеан ё намефаҳманд ва ё худро ба нафаҳмӣ мезананд.
(Манбаъ: Фейсбук, сафҳаи шахсии Сайидюнус Истаравшанӣ)
Қаламонлайн