Паёми таслияти Путин ба раҳбар ва раиси ҷумҳури Эрон дар пайи инфиҷорҳои Кирмон

Паёми таслияти Путин ба раҳбар ва раиси ҷумҳури Эрон дар пайи инфиҷорҳои Кирмон

Ахбори байналмилал

Tass

Раиси ҷумҳури Русия дар паёме, воқеаи теруристии Кирмонро ба раҳбар ва раиси ҷумҳури Эрон таслият гуфт ва онро маҳкум кард.

Ба гузориши ТАСС, Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, дар паёме ба раҳбар ва раиси ҷумҳури Эрон инфиҷор теруристии Кирмонро таслият гуфт ва онро “такондиҳанда, золимона ва «бепарво” тавсиф кард.

Раиси ҷумҳури Русия ҳамчунин гуфт, ки Маскав теруризмро дар ҳамаи шаклҳои он маҳкум мекунад ва мутааҳҳид ба муборизаи беамон бо шарорат аст.

Гуфтанист, асри дируз дар масири мунтаҳӣ ба Гулзори шуҳадои Кирмон дар маросиме, ки барои солрӯзи шаҳодати сардор Сулаймонӣ, фармондеҳи шаҳиди нерӯи Қудси Сипоҳ дар Кирмон тадорук дида шуда буд, садои 2 инфиҷор ба гӯш расид, ки лаҳазоте баъд манобеи хабарӣ ба нақл аз манобеи огоҳ ин ду инфиҷорро теруристӣ эълом карданд.

То кунун дастикам 103 шаҳрванди эронӣ дар пай ин ду инфиҷори теруристе ба шаҳодат расидаанд ва ҳадди ақал 170 эронӣ маҷрӯҳ шудаанд.

Tass

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳаниа: “Душман бо терури ноҷавонмардона, ба дунболи фирор аз шикасти худ аст”
Адолати иҷтимоӣ дар ҷомеа

Матолиби пурбоздид