Ҳушдори Сипоҳ ба Амрико

Ҳушдори Сипоҳ ба Амрико

Ахбори бийналмилал

Ҳушдори Қароргоҳи Хотамуланбиё (с) ба Омрико ва кишварҳои минтақа: “Амрико ва кишварҳои минтақа хато кунанд, ҳадаф қарор мегиранд!”

Қароргоҳи марказии Хотамуланбиё (с) ба Амрико ва кишварҳои минтақа ҳушдор дод, ки хато кунед, ҳадафи ҳамалоти дарднок қарор хоҳед гирифт.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Қароргоҳи марказии Хотамуланбиё (с) тайи ҳушдоре ба Омрико ва кишварҳои минтақа эълом кард: “Бар асоси иттилооти дарёфтӣ, Омрикои ҷинояткор дар пайи пӯшиши шикастҳо ва дастёбӣ ба дастовардҳои козиб дар ҷанге, ки бо иттико ба дурӯғ ва саҳнасозии саҳюнистҳо оғоз ва бо фиреб ва ҳила истимрор ёфтааст, бори дигар тасмим гирифтааст бо чароғи сабзи бархе кишварҳои минтақа, дар нишасти муштараке дар яке аз кишварҳои урупоӣ, иқдомоте алайҳи Эрони Исломиро аз сар бигирад.”

Ин иттилоия таъкид кардааст: “Ҳушдор медиҳем, чунончи Омрико алайҳи Эрони Исломӣ хатое муртакиб шавад, тамомии марокизи истиқрорӣ ва манофеи он кишвар дар минтақа, бидуни ҳеч гуна маҳдудият ва мулоҳизае, ҳадафи ҳамалоти мустамир, муассир ва дарднок қарор хоҳад гирифт.”

Ин иттилоия дар поён тасреҳ кардааст, ки ихтор медиҳем, чунончи кишварҳои минтақа бо идомаи сиёсати дугона дар қиболи Ҷумҳурии Исломии Эрон, бо таҷовузи шайтони бузург ба Эрони Исломӣ ва муқтадир ҳамсӯ шаванд, ҳамагӣ дар ин шарорат шарик талаққӣ шуда ва дигар наметавонанд аз нерӯҳои мусаллаҳи қудратманди Эрон интизори хештандорӣ ё наҷобатро дошта бошанд”.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Мӯҳсини Ризоӣ: Дар ҷанги баъдӣ, новҳои амрикоиро дар ҳар нуқта бошанд, мезанем!
Шаҳиди сулҳ

Матолиби пурбоздид