Паёми фармондеҳи Сипоҳи Қудс ба Ҳаниа

Паёми фармондеҳи Сипоҳи Қудс ба Ҳаниа: “Бародарони шаҳид Ал-Орурӣ кобуси режими кӯдаккуши саҳюнистӣ хоҳанд шуд”

Ахбори байналмилал

Alalam

Фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳи Посдорони Ҷ.И.Эрон, тайи паёме ба Исмоил Ҳаниа, раиси дафтари сиёсии Ҳамос, таъкид кард: “Ҷаҳон шоҳид хоҳад буд, ки бародарони шаҳид Ал-Орурӣ чӣ гуна ба кобуси режими кӯдаккуши саҳюнистӣ табдил хоҳанд шуд”.

Ба гузориши шабакаи хабарии Алъолам, женерол Исмоил Қоонӣ, фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳ, тайи паёме ба Исмоил Ҳаниа, раиси дафтари сиёсии ҷунбиши муқовамати исломии Ҳамос, шаҳодати Солеҳ ал-Орурӣ дар Бейрут тавассути режими саҳюнистиро табрик ва таслият гуфт.

Женерол Қоонӣ дар ин паём зимни эъломи табрик ва таслияти Сипоҳи Посдорон ба ҷунбишҳои Ҳамос ва Ҷиҳоди Исломӣ ва дигар гурӯҳои фаластинӣ дар пайи шаҳодати шайх Солеҳ ал-Орурӣ, таъкид кард: “Душман ва саҳюнистҳо мехоҳанд бо терури раҳбарони муқовамат, аз шикасти сангини худ дар Ғазза ва каронаи Бохтарӣ бикоҳанд”.

Вай афзуд: “Шаҳид Ал-Орурӣ дар ҳоле ба шаҳодат расид, ки арса бар душман дар каронаи Бохтарӣ танг шудааст. Ин бародари шаҳид дар корномаи дурахшони худ “Тӯфон ал-Ақсо”, Интифозаи аввал ва дуввум ва Интифозаи қудсро дорад”.

Фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳ бо ишора ба шикастҳои майдонии режими саҳюнистӣ дар Фаластин, идома дод: “Ҷаҳон шоҳид хоҳад буд, ки бародарони шаҳид Ал-Орурӣ чӣ гуна ба кобуси режими кӯдаккуши саҳюнистӣ табдил хоҳанд шуд”.

Гуфтанист, ҳафтаи гузашта дар ҷануби Бейрут, минтақаи Зоҳия дар маҳаллаи Алмушрифия, манзили маҳалли истиқрори чанд тан аз раҳбарон ва фармондеҳони Ҳамос дар Лубнон, ба василаи 3 мушаки паҳподи исроилӣ мавриди ҳамла қарор гирифт ва дар ин миён 7 нафар шаҳид ва ҳудуди 18 нафар захмӣ шуданд.

Дар ин ҳамла, Солеҳ ал-Орурӣ, муовини дафтари сиёсии Ҳамос ба ҳамроҳи 2 чеҳраи дигар аз воҳидҳои низомии Ҳамос яъне Самир Фанди (Абӯомир) ва Аззом ал-Ақраъ, аз фармондеҳони шохаи низомии Ҳамос аз гурдонҳои Қассом ва 4 нафари дигар аз нерӯҳои Ҳамос ба шаҳодат расиданд.

Alalam

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Инфиҷор дар ғарби Кобул
Ҳушдори бесобиқаи раиси пешини “Мусод”: “Ҳама ба Урупо ва Омрико бармегардем”

Матолиби пурбоздид