Алҷазира дар бораи кӯмакҳои мардумии кашмириҳо ба Эрон гуфт

Алҷазира дар бораи кӯмакҳои мардумии кашмириҳо ба Эрон гуфт

Ахбори байналмилал

Алҷазира: Чаро бисёре аз кашмириҳо барои Эрон тилло ҳадя мекунанд ва қуллакҳояшон мешикананд?

Шабакаи Алҷазира дар гузорише навишт:

“Бароварди мақомоти маҳаллӣ арзиши ин кӯмакҳоро то 6 миллиард рупия (64 миллион доллар) эълом кардаанд, ки шомили пули нақд, тилло, ҷавоҳирот, ақломи хонагӣ, дом (бузу гӯсфанд) ва васоили нақлия аст.

Дар Кашмири таҳти контроли Ҳинд, мардум барои ҳимоят аз эрониҳое, ки аз ҷанг осеб дидаанд, дороиҳои шахсии худ аз ҷумла пули нақд, тилло, васоили хонагӣ ва ҳатто пасандозҳои кӯдаконро ҳадя мекунанд; ба тавре, ки кӯдакон қуллакҳои (капилкаҳои) худро мешикананд ва хонаводаҳо зеваролот ва дороиҳои арзишманди худро мебахшанд.

Як пайванди таърихии чандсадсола, дар миёнаи ҷанг алайҳи Эрон, дубора зинда шуда ва кашмириҳо ҳар он чиро, ки метавонанд, тақдим мекунанд. Ин иқдом реша дар “пайванди таърихии чандсадсола” ва эҳсоси ҳамбастагии инсонӣ ва динии кашмириҳо бо мардуми Эрон аст”.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Axios: Натонёҳу ва мушовиронаш аз паёми Тромп ҳайратзада шуданд
Вуруди Бобулмандаб ба марҳилаи ҷадиди таниши низомӣ

Матолиби пурбоздид