Маҳкум кардани ҷинояти саҳюнистҳо дар дар Ғазза аз сӯйи Рустами Эмомалӣ

Маҳкум кардани ҷинояти саҳюнистҳо дар дар Ғазза аз сӯйи Рустами Эмомалӣ

Ахбори байналмилал

President

Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон, дар дидор бо Сайид Иброҳими Раисӣ, раисиҷумҳури Эрон, бо эъломи ҳимояти Тоҷикистон аз ташкили давлати мустақилли фаластинӣ, ҷинояти саҳюнистҳо дар ба шаҳодат расондани беш аз 22 ҳазор ғайринизомии фаластинӣ дар Ғаззаро маҳкум кард.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии риёсати ҷумҳурии Эрон, Сайид Иброҳими Раисӣ зуҳри имрӯз дар дидор бо Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон, раванди густариши равобити Теҳрон-Душанбе дар 2 соли ахирро матлуб тавсиф кард ва бо баёни ин ки тавсиаи ҳамкориҳои порлумонӣ муҳим ва паштвонаи ҳамкориҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ аст, бар тақвият ва иртиқои равобити фарҳангии ду кишвар низ таъкид кард.

Раисиҷумҳури Эрон ҳамчунин мубориза бо “теруризм, ҷароими созмонёфта ва маводди мухаддир”-ро аз илзомоти ҳамкориҳои Эрон ва Тоҷикистон унвон кард ва бо ишора ба масоили муштараки ду кишвар ба унвони ҳамсоягони Афғонистон, бар зарурати муқобилаи фаъоли ҳамаи кишварҳои минтақа бо ҷараёнҳои теруристӣ аз ҷумла ДОЪИШ таъкид кард ва изҳор дошт: “Ин гурӯҳи такфирии дастпарвардаи Омрико ва режими саҳюнистӣ, ҳамонанди саҳюнистҳо дар Ғазза, ба дунболи куштори занону кӯдакони бегуноҳ аст.”

Бар асоси ин гузориш, Рустами Эмомалӣ низ дар ин дидор, бо ишора ба афзоиши мудовими ҳаҷми тиҷорати Эрон ва Тоҷикистон дар 2 соли ахир, ноамнӣ дар минтақаро нигаронии муштараки ду кишвар ва омили мухотираомез барои ҳамкориҳои тиҷорӣ унвон кард.

Рустами Эмомалӣ ҳамчунин бо эъломи ҳимояти кишвараш аз ташкили давлати мустақилли фаластинӣ, ҷинояти саҳюнистҳо дар ба шаҳодат расондани беш аз 22 ҳазор ғайринизомии фаластинӣ дар Ғаззаро маҳкум кард.

President

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Дидори Рустами Эмомалӣ бо раиси ҷумҳури Эрон
Тромп: “Эрон метавонад зарфи 34 рӯз бомби атомӣ бисозад”

Матолиби пурбоздид