Амрико ҷанги таблиғотиро дар баробари Чин, Эрон ва Русия бохтааст
Қаламонлайн
Newsweek
Гузорише дар нашрияи омрикоии Newsweek
“Тайи 3 моҳи гузашта, роботҳои русӣ, чинӣ ва эронӣ, фазои интернетро пур аз матолиби зидди саҳюнистӣ, яҳудситезона ва зидди омрикоӣ карданд ва шикофҳои сиёсии хатарнок ва густурдаеро дар Иёлоти Муттаҳида ба вуҷуд оварданд.
Ин як достони қадимӣ аст: барои солҳо, душманони хориҷии Омрико аз расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ барои дахолат дар сиёсати дохилии мо истифода мекунанд ва ривоятҳои худро ироа мекунанд ва тибқи маъмул, давлатҳои Иёлоти Муттаҳида дар муқобила бо ин “ривоятҳои нодуруст” кунд будаанд.
Аз замони поёни ҷанги сард, Вошингтун беш аз ҳадд бар ҷанги суннатӣ (низомӣ) мутамаркиз будааст. Иёлоти Муттаҳида соли гузашта 877 миллиард доллар барои артиши худ ҳазина кард, ки беш аз маҷмӯъи 9 кишвари баъдӣ аст.
Аммо Чин, Русия ва Эрон ба хубӣ медонанд, ки наметавонанд Иёлоти Муттаҳидаро дар як даргирии низомии суннатӣ ба чолиш бикашанд, бинобар ин ба абзорҳои номутақорин монанди таъмини молии нерӯҳои ниёбатӣ монанди Ҳамос ва Ҳизбуллоҳ ва ҳамалоти сойберӣ (кибератака) ва корзорҳои “иттилооти нодуруст” мутавассил мешаванд.
Дар натиҷа, будҷаи Русия ва Чин барои расонаҳо ва таблиғот, бо будҷаи давлат ва Кунграи Омрико барои расонаҳо қобили муқоиса нест ва бисёр бештар аст.
Нобаробарӣ иҷтинобнопазир набуд, балки пас аз ҷанги сард, Иёлоти Муттаҳида омидона ба оромӣ ҳавзаи иттилоотро канор гузошт. Дар соли 1988, будҷаи радиои Урупои Озод // Радиои Озодӣ 219 миллион доллар буд, ки бо дар назар гирифтани таварруми муъодил бо 586 миллион доллари имрӯз будааст.
Аммо имрӯз будҷаи ин расона 123 миллион доллар аст. Радиои Озодӣ, ки дар тӯли ҷанги сард барои пахши паёмҳои зидди кумунистӣ ва барои демукросихоҳӣ дар пушти пардаи оҳанин таъсис шуд, нақши муҳимме дар мубориза бо “ривоятҳои” Шӯравӣ дошт.
То соли 1990, Радиои Озодӣ пуршунавандатарин истгоҳи радиои ғарбӣ дар Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ (СССР) буд ва нақши калидӣ дар инқилоби Чехословакия ва Руминия дошт.
Радиои Озодӣ таҳти чатри Ожонси расонаҳои ҷаҳонии Иёлоти Муттаҳида – USAGM – аст, ки шомили Садои Омрико, Радиои Осиёии Озод, дафтари пахши Куба ва шабакаҳои пахши Ховари Миёна фаъолият мекунад.
Дар моҳи марти гузашта, Ҷо Бойден, раисиҷумҳури Омрико, дар посух ба корзорҳои Русия, Чин ва Эрон барои тазъифи арзишҳо ва нуфузи Иёлоти Муттаҳида, дархости афзоиши 11 дарсадии кулли будҷаи Ожонси расонаҳои ҷаҳонии Иёлоти Муттаҳидаро ба маблағи 944 миллион доллар ироа дод, ки дар интизори тасвиби Кунгра аст.
Аз сӯйи дигар, Русия дар соли гузашта танҳо 1.9 миллиард доллар барои таблиғоти расонаӣ ҳазина кардааст. Тибқи гузориши ахири Вазорати хориҷаи Иёлоти Муттаҳида, будҷаи Чин барои таблиғоти сойберӣ (кибератака) ва “иттилооти нодурусти ҷаҳонӣ” миллиардҳо доллар аст. Ҳатто таҳримҳои иқтисодӣ низ Эронро аз пардохти 200 миллион доллар танҳо барои барномаҳои телевизионии давлат бознадоштааст.
Бештар Русия, Чин ва Эрон бо ҳам ҳамкорӣ мекунанд, бавежа замоне, ки ҳадафи муштараки онҳо “хунсо кардани нуфузи Иёлоти Муттаҳида” аст. Ба унвони мисол, Пекин илова бар истифода аз “иттилооти нодуруст” барои ҳимоят аз манофеъи геополотикии худ ва саркӯби интиқодоти дохилӣ, аз дастгоҳи иттилоотии худ барои ҳимоят аз ривоятҳои Кремл дар мавриди ҷанг дар Укройн, аз ҷумла иддаоҳои нодурусти Маскав мабнӣ бар ин ки Укройн озмоишгоҳҳои махфии ҷанги биологии НАТО-ро идора мекунад, истифода кардааст.
Стратегияи Русия ва Чин ин аст, ки аз шикофҳои иҷтимоии мавҷуд дар Ғарб суистифода кунад. Ҳам Пекин ва ҳам Маскав бо ифротгароёни рости ифротӣ ва чапи ифротӣ дар Ғарб равобите барқарор кардаанд ва шикоф ва бесуботиро густариш додаанд. Мавзӯъоти интихобии онҳо шомили нажодпарастӣ, муҳоҷират ва ҷангҳои фарҳангӣ аст.
Вошингтун бояд дарк кунад, ки “иттилооти нодуруст” таъсироти густурдае дар дохил ва хориҷ аз кишвар дорад. Давлати Бойден бояд талошҳои худро барои муқобила бо ин гуна иттилооти нодуруст афзоиш диҳад ва ҳамчунин бо режимҳое, ки онро мунташир мекунанд мубориза кунад.
Ин амр метавонад аз тариқи афзоиши будҷаи Ожонси расонаҳои ҷаҳонии Иёлоти Муттаҳида ва ҳамчунин ҳимоят аз расонаҳои мустақилли мамнӯъшуда тавассути ин давлатҳо, монанди рӯзномаи мустақилли “Независимая газета”-и русӣ, ки сардабири он барандаи ҷоизаи Нобел ва акнун дар табъид дар Латвия аст ва ё шабакаи телевизионии форсизабони “Iran International” анҷом шавад.
Илова бар ин, Иёлоти Муттаҳида бояд барномаҳоеро барои омӯзиши хабарнигорони чинӣ, русӣ ва эронӣ барои радди ривоятҳои нодуруст ва ифшои фасоди густурда, нақзи ҳуқуқи башар ва таҷовузгарӣ дар кишварҳои худ эҷод кунад.
Ин таҳқиқотро метавон аз хориҷ аз кишвар анҷом дод, бо такя бар манобеъи маҳаллӣ ва иттилооти манбаъи боз, ҳамон тавр, ки тавассути Bellingcat, як гурӯҳи рӯзноманигории таҳқиқии мустақар дар Нидерланд, ки аз он ба унвони “бузургтарин кобуси Русия” ёд мешавад, анҷом мешавад.
Агар ин рӯзноманигорон рӯйи мавзӯъоти ҳассос тамаркуз кунанд, чунин иқдомоте бавежа муассир хоҳад буд. Ба унвони мисол, тамаркузи фаъолияти ин рӯзноманигорон бар мавзӯъи ақаллиятҳои қавмӣ дар Чин, Русия ва Эрон, ки дарсади зиёде аз ҷамъияти онҳоро ташкил медиҳанд, метавонад бисёр муассир бошад. (Яъне масалан, дар Эрон рӯйи озарҳо ва ё курдҳо кор кунад ва онҳоро алайҳи ҳукуматашон тарғиб кунад. С.И.)
Иллати рафтори хашин бо ақаллиятҳо, тарс аз ҷудоиталабии қавмӣ аст. Афзоиши пӯшиши расонаӣ метавонад фишори дохилӣ ва байналмилали бар ин режимҳоро тақвият кунад ва эҳтимолан ҳатто боиси хезшҳои қавмӣ шавад.
Аз ин гузашта, дар соли 1989, пӯшиши хабарии Радиои Озодӣ аз саркӯби маҷорҳо ва олмониҳо тавассути давлати Руминия ва гузориши эътирозоти баъдӣ, нақши муҳимме дар суқути режими Чаушско дошт.
Аммо қабл аз ин ки Иёлоти Муттаҳида сиёсати худро танзим кунад, бояд стратегияи аслии худро тағйир диҳад.
Дар 15 соли гузашта, сиёсати хориҷии Иёлоти Муттаҳида ба дунболи хомӯш кардани оташ будааст, на ҷилавгирии аз он. Ҳеч стратегияи мунсаҷими фаротар аз мудирияти бӯҳрон ва маҳор вуҷуд надоштааст.
Вақте сӯҳбат аз ҷанги иттилоотӣ ба миён меояд, аҳдофи Вошингтун умдатан ба шиносоӣ ва талош барои мутаваққиф кардани таблиғоти зидди ғарбӣ бо будҷаи хориҷӣ маҳдуд шудааст. Бо ин ҳол, ин ба танҳоӣ кофӣ нест. Ҳар стратежисти низомӣ ё ҳатто як гӯяндаи варзишӣ, ба шумо мегӯяд, ки ҳар чӣ қадр ҳам, ки стратегия хуб бошад, аммо агар доиман дар дифоъ бошед, ҳаргиз баранда нахоҳед шуд.”
Newsweek
Қаламонлайн