Оромиш ва ранҷ

Адаб

Оромиш ва ранҷ

Мавлоно дар ду байти кӯтоҳ роҳи зиндагии васеъ, ором ва ҳамроҳ бо ишқро ба мо меомӯзад:
Ҳар лаҳза, ки таслимам дар коргаҳи тақдир,
Оромтар аз оҳу, бебоктар аз шерам.
Ҳар лаҳза, ки мекӯшам дар кор кунам тадбир,
Ранҷ аз пайи ранҷ ояд, занҷир пайи занҷир.
Мавлоно мегӯяд: ман ҳар вақт бозиҳои зеҳн ва тадбирҳои тамом нашуданияшро канор мегузорам ва таслими ҳақ ва ҳақиқат мешавам, он вақт ду кайфияти муҳим дар ман зинда мешавад.
Кайфияти аввал ин аст, ки аз оҳуи зебо оромтар ҳастам!
Ба ҳастии атрофатон нигоҳ кунем: ба мавҷудот, ба дарахтон, ба гулҳо, ба абру осмон… Нигоҳ кунем оё онҳо мисли мо пур аз ташвишу беқарорианд? Оё абр мехоҳад дар лаҳза чизи дигаре бошад? Абр воқеъияти худро пазируфта ва бинобар ин ором аст. Обу рӯду дарахту моҳу замину заминиён ғайр аз инсон ҳама ин гуна ороманд.
Вақте ман таслими вуҷуди ҳақиқии худам мешавам ва он унвонҳо ва кайфиятҳои фиребанда зеҳниамро канор гузорам, аввалин ҳиссу ҳолате, ки дар ман бедор мешавад, ОРОМИШ аст.
Дуввумин кайфият ин аст, ки тарсҳои ман фурӯ мерезад ва ман аз як шер бебоктар ва ҷасуртар мешавам.
Қуръон дар хусуси авлиё ва дӯстони ҳақиқии Худо мефармояд:
أَلا إِنَّ أَوْلِیاءَ اللَّهِ لا خَوْفٌ عَلَیْهِمْ وَ لا هُمْ یَحْزَنُونَ.
“Огоҳ бошед, ки авлиё ва дӯстони Худо на тарсе ва на андӯҳе доранд”. (Сураи Юнус, ояти 62)
Чаро авлиё ҳеҷ тарсу андӯҳе надоранд? Чун онҳо аз зеҳн раҳида озод гаштаанд!
Кадом зеҳн? Зеҳне, ки мисли мошин мудом оянда ва гузашта месозад.
Тарсҳои куҷо зода мешаванд? Вақте зеҳн ояндаро месозад ва мудом мегӯяд: Оянда чӣ мешавад?!!!
Андӯҳҳо куҷо падид меоянд? Дар гузашта; вақте зеҳн гузашта месозад ва бо ҳасратҳо ва кошҳо ва андӯҳҳо моро муҳосира мекунад.
Ҳол, чун авлиёи илоҳӣ на дар гузашта ва на дар оянда мезиянд, метавонанд фориғ аз тарсҳои ва андӯҳҳо ба ҳаёти ҳақиқӣ васл шаванд.
Бисёре аз одамҳо мехоҳанд тағйир кунанд, аммо наметавонанд. Чаро? Чун аҳли пазириши воқеъият нестанд.
Аввалин шарт барои тағйир кардан ин аст, ки аввал ман бипазирам ин ҳама маҳдудиятҳо ва заъфҳо ва ниёзҳо дар ман ҳаст ва набояд дар баробари ин воқеъият муқовимат кунам.
Агар мехоҳем харобаеро обод кунем, оё мешавад бидуни пазириши ин, ки инҷо хароба аст, обод кунем?!
Агар ман пешфарзам ин аст, ки инҷо хеле ҳам хуб аст, оё хароба бо ин пешфарз тағйир мекунад?!
Аз тарафи дигар, ман агар ҳар рӯз биравам дар ин хароба биншинам ва бигӯям: Тақдир ин буд, ки инҷо хароба бошад!!! Оё онҷо бо ин андӯҳи ман обод мешавад?
Ҳамаи инҳо шаклҳои гуногуни муқовиматҳои зеҳнӣ ва дарунӣ ҳастанд; чӣ онҷо, ки мутакаббирона мегӯем: Инҷо хеле ҳам обод аст! ва фурсати ободии ҳақиқиро аз худ мегирем…ва чӣ онҷо, ки ноумедона оҳ мекашем: Тақдири ман ҳамин буд, ки сокини хароба бошам!!!
Ин хароба куҷост? Ин харобаест, ки зеҳн барои мо сохтааст ва ҷони ободи мо пушти он пинҳон шудааст ва ҳар лаҳза мунтазир аст, ки мо ба ӯ бипайвандем. Ҳоло, чӣ тавр ба ҷони обод мешавад пайваст?
Роҳкори Мавлоно: зеҳн наметавонад зеҳнро наҷот диҳад! Тадбирҳои зеҳн наметавонад харобиҳои зеҳнро мараммат кунад:

Ҳар лаҳза, ки мекӯшам дар кор кунам тадбир,
Ранҷ аз пайи ранҷ ояд, занҷир пайи занҷир.

Ҳамаамон имон дорем, ки Худованд тадбири кори бандаро мекунад, пас чаро ин ҳама беқарорӣ дар мо мавҷ мезанад?
Мумкин аст бигӯед: пас ман чӣ кораам?!
Таслими Ҳақ шудан ва маънои таваккул ба Худо кардан ба ин маънист, ки Худованд беҳтарин вакили ман дар ҳалли мушкилоти аст ва лаҳза ба лаҳза рӯзии моддӣ ва маънавии маро мерасонад. Албатта ин таваккул ва бовари ман маро водор намекунад, ки пайи рӯзӣ наравам ва масалан дари мағозаамро бибандам! Ҳаргиз! Ман пайи рӯзиам меравам, мағозаро боз мекунам, аммо медонам, ки боз кардани мағоза ва пайи рӯзӣ рафтан ба маънои ин нест, ки ман халқи рӯзӣ мекунам. Дар воқеъ, дар паси он мағоза ва дар паси он равон шудан ба самти мағоза рӯзирасоне ҳаст, ки худро паси пардаи харидорон пинҳон намудааст, аз паси пардаи доду ситад гоҳетхудротнишон диҳад… Бинобар ин, вақте ман андаке аз ин пардаҳоро канор бизанам ва бубинам, ки ҳатто он қуввате, ки дар ман бари такаллум бо муштариҳо ва барои рафтан ба мағоза вуҷуд дорад, матъаллиқ ба ман нест… ором мегирам ва беқарориҳо аз ман рахт барбандад; чун агар ором бошам, рӯзии худро хоҳам ёфт ва беҷиҳат худро хаставу ҳалок нахоҳам кард.

Манбаъ: Фейсбук, сафҳаи шахсии Устод Насибуло Умаров

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Маънои шикаст
Маод – III

Матолиби пурбоздид