Расонаи амрикоӣ: Яҳё Синвор, ҳамеша як қадам пештар аз дастгоҳҳои ҷосусии Исроил

Расонаи амрикоӣ: Яҳё Синвор, ҳамеша як қадам пештар аз дастгоҳҳои ҷосусии Исроил

Ахбори байналмилал

NBC News

Як расонаи омрикоӣ навиштааст, Яҳё Синвор ҳамеша як қадам ҷилавтар аз дастгоҳҳои иттилоотӣ ва артиши Исроил ҳаракат кардааст.

Ин расона дар гузорише ба нақл аз манобеъи огоҳ, ба тавзеҳ дар бораи талошҳои нокоми артиш ва дастгоҳҳои иттилоотии Исроил барои ёфтани Яҳё Синвор, раиси дафтари сиёсии Ҳамос дар навори Ғазза пардохтааст.

Шабакаи NBC News навиштааст: “Яҳё Синвор куҷост? Дар шароите, ки наздик ба 4 моҳ аз ҳамлаи 7 октябр ба Исроил мегузарад, ин раҳбари Ҳамос, ки гумон меравад тарроҳи аслии ҳамлаи мазкур бошад, тавониста як қадам ҷилавтар аз артиш ва дастгоҳҳои иттилоотии Исроил ҳаракат кунад.”

Мақомҳои феълӣ ва собиқи исроилӣ ба NBC News гуфтаанд, нерӯҳои артиши Исроил ба тозагӣ қафасҳоеро пайдо карданд, ки дар зери замин дар Хон-Юнус нигаҳдорӣ мешуданд. Онҳо муддаӣ шудаанд, Синвор ва соири сарони Ҳамос эҳтимолан ҷойе дар наздикии ҳамин маҳал паноҳ гирифта буданд.

NBC навишта, Ҳамос талошҳои зиёде ба харҷ дода, то иртибототи Синвор бо сарони сиёсии ин ҷунбиш дар Дуҳаро пинҳон нигаҳ дошта ва аз расади он тавассути дастгоҳҳои иттилоотии Исроил ҷилавгирӣ кунад.

Як мақоми сиёсии Ҳамос ба NBC гуфт, ки ин созмон дар талош аст аз Синвор ва соири сарони сиёсиаш муҳофизат кунад. Ӯ гуфт: “Ман фикр мекунам ин роҳи дурусте аст, ки ҳар сохторе ё ҳар ҷунбиш муқовамат дар пеш мегирад. Итминон дорам, ки дар ҳар кишваре ҳамин тавр аст.”

Фармондеҳони низомии Исроил ва мақомҳои амниятии феълӣ ва собиқи ин режим мегӯянд, Синвор эҳтимолан дар як ҷо сокин нест ва доиман маҳалли ҳузурашро барои ҷилавгирӣ аз кашф тавассути артиши Исроил тағйир медиҳад.

Ба навиштаи NBC, низомиёни артиши Исроил дар ҳафтаи ҷорӣ шаҳри Хон-Юнус, ки бузургтарин шаҳр дар ҷануби Ғазза астро ба муҳосираи худ дароварданд. Онҳо гумон мекунанд, ки Синвор ҷойе дар шабакаи тунелии Ҳамос дар зери Ғазза пинҳон шуда, аммо ин эҳтимолро, ки ӯ мумкин аст аз тариқи тунелҳо хориҷ шуда ва ба Миср рафта бошадро низ мунтафӣ намедонанд.

Исроил пешниҳод дода ҳозир аст дар изои озодии тамоми асирони исроилӣ аз Ғазза, хуруҷи эмини Яҳё Синвор ва соири сарони Ҳамос аз Ғаззаро тазмин кунад, аммо манобеъи мутталеъ мегӯянд, нишонае аз тавофуқи қарибулвуқӯъ бар сари ин мавзӯъ вуҷуд надорад.

Як мақоми собиқи исроилӣ, ки таҷориби густурдае аз музокирот бо фаластиниҳо дорад, аз ин ки чунин эҳтимоле ба воқеият бипайвандад, ибрози нигаронӣ кард. Ӯ гуфт: “Агар ӯ дар хориҷ аз Ғазза зиндагӣ кунад ва бар соири сарони Ҳамос назорат дошта бошанд ва Ҳамос дар тавофуқоти оянда дар Ғазза нақше ба ӯҳда дошта бошад, инҳо ҳама ба пирӯзиҳои ӯ дар рӯзи 7 октябр изофа хоҳанд шуд.”

Ду мақоми собиқи исроилии дигар, ба NBC гуфтанд, Синвор се ҳадаф дорад: зинда мондани худаш, тадовуми бақои созмони Ҳамос ва ифои нақш дар ояндаи Ғазза.

Яке дигар аз мақомҳои исроилӣ гуфт: “Онҳо амалиёти 7 октябрро ба унвони гоме ба самти ҳадафашон анҷом доданд.”

Талошҳои нокоми Исроил барои ёфтани Синвор дар ҳоле идома доранд, ки чандин кишвар аъамм аз Омрико, Қатар ва Миср дар ҳоли анҷоми гуфтугӯҳои фишурда барои поён додан ба даргириҳо дар Ғазза ҳастанд.

Ҳамос таваққуфи комили ҷанг дар Ғаззаро шарти озодии тамоми асирон унвон карда. Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири Исроил ин пешниҳодро рад карда ва гуфта, чунин пешниҳоде ояндаи Исроил ва ҷони исроилиҳоро ба хатар меандозад.

Ҷейкоб Найҷел, ки байни солҳои 2016 то 2017 мушовири амнияти дохилии Натонёҳу буд, пешбинӣ карда, ки Синвор ҳаргиз тамоми асиронашро озод нахоҳад кард. Ӯ гуфт: “Ӯ баъзе аз гаравгонҳоро барои ҳамеша нигоҳ хоҳад дошт, чун ин барояш дар ҳукми бима хоҳад буд, ки касе ӯро нахоҳад кушт.”

Мақомҳои исроилӣ аз тамоми ҷараёнҳои сиёсӣ бар сари ин мавзӯъ иттифоқи назар доранд, ки ҷанг бо Ҳамос боисте то замони аз байн рафтани ин гурӯҳ идома дошта бошад. Бо вуҷуди ин, бисёре аз таҳлилгарони масоили Фаластин ва Исроил таҳаққуқи чунин ҳадаферо имконпазир намедонанд.

Қаламонлайн

Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳизбуллоҳ Гунбади Оҳанини Исроилро ҳадаф қарор дод
Раҳбари Ансоруллоҳ: “Мардуми Яман Ғаззаро танҳо раҳо нахоҳад кард”

Матолиби пурбоздид