Паси пардаи ин амалиётҳои террористӣ кист?

Таҳлили хабарӣ

Паси пардаи ин амалиётҳои террористӣ кист?

Ёддоште Сайид Алиакбар Бурҳонов перомуни ҳодисаи террористии Маскав

(Ин матлаб, таҳлили шахсии банда аст ва агар онро дуруст намедонед мушкиле нест!)

Ман тафовуте дар асли душмании Русия, Амрико ва Исроил бо уммати исломӣ ва миллати тоҷик намебинам, фақат мумкин аст, модели душманиҳо мутафовит бошад.

Терроризм ба таври мутлақ маҳкум аст ва муҳим нест аз ҷониби чӣ миллияте анҷом шудааст, ҳамчунин ба ҳазорон далиле, ки борҳо аз ҷониби бисёреҳо гуфта шудааст, ин корҳо рабте ба андешаи исломӣ надорад. Аммо аз онҷое, ки бар асоси гуфтаи расонаҳо, эҳтимоли истифода шудан аз тоҷикҳо дар амалиёти ахир матраҳ шудааст, дифоъ аз ҳайсияти тоҷикӣ ва исломӣ боис мешавад, ки ин иттифоқотро мавриди баррасӣ қарор диҳем.

Чанд ҳолатро метавон дар ин иттифоқ дар назар гирифт, ки дар ҳамаи ин ҳолатҳо ҳукумати Тоҷиктсон ба наҳви мустақим ё ғайримустақим ва заминасоз, муқассири ин иттифоқот мебошад

  1. Бо таваҷҷӯҳ ба ин ки Русия аз ҳар ҳарбае мехоҳад истифода барад, ки сафҳои размандагонаш дар ҷанги Укройнро тақвият кунад ва чӣ касоне беҳтар аз муҳоҷирони корӣ аз кишварҳое мисли Тоҷикистон, ки ба дунболи як луқма нон, тан ба кор барои русҳо додаанд ва ҳоло ки бо пешниҳодҳои мухталиф ҷазби ин муҳоҷирон ба ҷанг муваффақ набудааст, пас иҷрои як сенориюе, ки фишори ҳадди аксарӣ бар тоҷиконро ба даст медиҳад ва ҳукумати Кремлин бо пуштувонаи нафрати умумии русҳо бар зидди тоҷикҳо, ононро дар дуроҳии ширкат дар ҷанг ва ё часпондани барчасби терроризм ба онҳо қарор дода, аз ин тариқ тавонад сафҳои нерӯҳои ҷанги худро такмил кунад. Дар ин ҳолат илова бар ин ки ҳукумати Тоҷикистон ба далели бекифоятӣ боиси муҳоҷират шудааст, акнун таҳти фишори музоафи Кремлин, ҳеч гуна мухолифате ҳам бо ин тарҳ дошта наметавонад ва аз байни аз даст додани пуштувонаи Русия ва аз даст додани шаҳрвандон дар ҷанг ва беобурӯии тоҷикон, беобрӯӣ ва кушта шудани миллат дар ҷангро тарҷеҳ дода ва сенориюи Русияро такмил мекунад.

Инро низ бояд донист, ки Русия ба таври заминаӣ мушкиле бо бадном кардани мусалмонон ҳам надошта ва ҳатто ҳозир аст дар ин масъала бо ғарбиҳо ҳамназар ҳам бошад, агар ба хотир оваред, чанде пеш Лавров дар мусоҳиба бо Риа Новостӣ, Русияро бо Исроил дар муқобила бо нозиҳо муттаҳид дониста, ба навъе Ҳамосро душман эълом карда ва акнун Исроил низ худро бо Русия дар тақобул бо терроризми ДИИШ муттаҳид медонад ва Ҳамосро бо ДИИШ як медонад. Инҷост, ки ҳамсӯии Русия ва Ғарбу Исроил бар ҳама намоён мешавад. Ва аз онҷое, ки аз душман ғайр аз душманӣ интизор дошта намешавад, пас муқассир ҳукумати Тоҷикистон аст, ки барои бақои худ, бо тамоми ин барномаҳои зидди миллати худ ҳамроҳӣ мекунад.

  1. Ҳолати дувум аммо ин аст, ки ҳукумати Тоҷикистон худ дар тарроҳӣ ва иҷрои ин ҷиноятҳо даст дорад. Агар диққат карда бошед, дар чанд вақти ахир дар бисёре аз ҷиноёти террористӣ дар Афғонистон, Эрон, Туркия ва Русия ва… муҷриёни ин ҷиноёт тоҷик будаанд, ки расонаҳо иддио мекунанд ин афрод узви ДИИШ-и Хуросон ва дар шимоли Афғонистон омӯзиш дидаанд.

Ҳамчунин мебинем, ки расонаҳои ғарбӣ чанд вақтест, ки саъй дар боварондани ин доранд, ки вазъияти амниятӣ дар марзҳои Афғонистон башиддат вахим буда ва ниёз ба кӯмак дорад.

Ба назар мерасад, ҳадаф аз ин пропаганда, эҷоди заминаи ҳузури ҷиддии нерӯҳои низомӣ ва амниятии ғарбӣ дар минтақа, хусасан дар Тоҷикистон ва тасаллут бар авзои минтақа аст (ҳамон тавре ки барои сохтани баҳонаи ҳузур дар дигар кишварҳо, ҷараёноте мисли Ал-Қоида, ДИИШ ва…-ро сохта буданд).

Хуб нақши кишварҳои минтақа дар ин муодила чист? Қатъан ин барномарезӣ бо додани пешниҳодҳои тамаовар ба ҳокимони тоталитерие мисли Раҳмонов ва афроде мисли Ятимов, (мисли тазмин бар бақо дар қудрат ё ваъдаи тасаллут бар минтақаи тоҷикнишини Афғонистон), роҳаттар ба даст меояд. Албатта дар инҷо мумкин аст ҳукумати Тоҷикистон инро қайд карда бошад, ки барои зери суол нарафтани қудрати ҳукумат ва амнияташ, набояд амалиёти террористие дар хоки кишвараш сурат пазирад, (ин ахлоқи ҳукуматҳои комунистӣ будааст, ки мабодо бо эҷоди ягон бӯҳрон, қудраташон мавриди тардид қарор гирад). Ва ҳамон тавр, ки мебинем, тайи ин ҳама вақт бо вуҷуди маҳдудиятҳои динӣ дар Тоҷикистон, ягон амалиёти террористӣ дар хоки Тоҷикистон анҷом нашудааст, магар нерӯҳои зиддитерори Тоҷикистон аз Русия, Туркия ва Эрон қавитаранд!?

(Албатта иншоаллоҳ Худованд мардуми моро аз газанди ин ҷиноятҳо ба дур гардонад).

Дар ин ҳолат, беш аз ҳолати аввал, ҳукумати Тоҷикистон муқассир ва омили ин ҷиноёт аст.

  1. Ҳолати севвум, ноогоҳӣ ва даст надоштани ҳукумати Тоҷикистон ба таври мустақим аст, дар ин ҳолат чаро ҳукумат муқассир аст? Зеро тамоми заминаҳои зиндагии осуда ва рифоҳро маҳдуд карда ва боиси хуруҷи ҷавонон аз кишвар ва афтодан ба доми ДИИШ гаштааст. Ҳамчунин бо маҳдуд кардани озодиҳои динӣ боиси гароиши ҷавонон ба гурӯҳҳои такфирӣ барои розӣ кардани худ аз назари динӣ шуда ва корро барои таблиғгарони фурсатҷӯи ДИИШ осон намудааст.

Дар ин ҳолат метавон бархе ишколотро ба ҷараёноти исломии дигар низ марбут донист, (ки дар пости қабл ба он пардохтам), аммо қатъан муқассири аслии эҷоди бистари ДИИШ-гароии ҷавонон, ҳукумат мебошад.

Сайид Алиакбар Бурҳонов

Қаламонлайн

Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Чаҳор ҳушдор
Reuters: ДОИШ тасовири муҳоҷимон ба солуни консерти Маскавро мунташир кард

Матолиби пурбоздид