Зане дар биҳишт дохил мешавад…
Паёмбари гиромии Ислом (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) фармуданд:
«Зане дар биҳишт дохил мешавад, ки меҳрубон бошад ва чун хашмгин шавад ва ё шавҳараш бар ў хашм гирад, бигўяд: ин дасти ман аст, ки инак дар дасти ту қарор медиҳам (ва дар ихтиёри ту ҳастам) ва онро аз дастат намекашам то он ки аз ман розӣ шавӣ».
Ва низ фармуданд:
Зане, ки имон ба Худо дорад, чанд чизро бояд риоят кунад:
- Шахсеро ба хона роҳ надиҳад, ки шавҳараш аз омадани ў нороҳат аст.
- Бе розояти шавҳар аз хона хориҷ нашавад.
- Касеро ба ҷуз шавҳараш итоат нанамояд.
- Аз шавҳар дурӣ накунад.
- Шавҳарро назанад.
- Агар шавҳар зулм кунад, боз ҳам зан бояд ба сўи ў рафта ўро аз худ розӣ намояд, пас агар шавҳар аз ў розӣ шуд, Худо ҳам аз ў розӣ шуда ва узру ҳуҷҷати ўро мепазирад ва гуноҳе бар ў наменависад ва агар шавҳар (боз ҳам) аз ў розӣ нашуд, он зан дар назди Худо маъзур хоҳад буд.
Қаламонлайн